Рушди бесобиқаи сатҳи техникаи рақамӣ ва дастовардҳои назаррас махсусан дар технологияи татбиқи амалии натиҷаҳои назариявии физикаи квантӣ дар интиҳои асри XX ва ибтидои асри XXI бевосита имконпазир будани яке аз лоиҳаҳои бемисли маҳсули тафаккури инсони – таҳияи компютерҳои квантиро исбот намуд. Ҳоло намунаҳои шартии компютерҳои квантӣ аллакай истеҳсол шуда, мавриди истифода қарор доранд. Вале, дар назар аст, ки ояндаи наздик кор карда баромадани намунаи мукаммали он – ба ҷаҳиши бузурги глобалӣ ва илмиву технологии тамаддуни инсонӣ оварда мерасонад.