28 Янв 2024

    Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок

    25 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок» доир шуд. Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» ва эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.

     

    Ҳамоиши байналмилалиро ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки обшавии пиряхҳо раванди бисёр ҷиддиест, ки онро наметавон бо баргузор кардани чорабиниҳо дар доираи як сол ва ё чандсолаҳо пешгирӣ намуд.

    Ҳамин тариқ, дар баробари дигар олимон ва муҳақиқон номзади илмҳои техникӣ, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Анвар Қодиров таҳти унвони “Тағйирёбии иқлимӣ ва таъсири он ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон” баромад намуданд.

    Дар натиҷаи конференсия пешниҳод шуд, ки талошҳои зиёд, давомдор ва муштарак, аз ҷумла ҷиҳати пешгирӣ кардани гармшавии ҳарорати ҳаво лозиманд, то ки суръати обшавии пиряхҳо коҳиш дода шавад.

                                                                        

    Иброз шуд, ки об барои рушди ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад ва ҷамият дар тӯли ҳазорсолаҳо обро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва тараннум мекунад, ки мардум аз қадимулайём дар назди ҳавзаҳои обӣ маскан мегирифтаанд.

    Имрўзҳо бинобар афзоиши суръати аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва дигар мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсир мерасонад, ба маротиб зиёд шуда истодааст.

    Дар натиҷаи конференсия директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Анвар Қодиров бо Сипосномаи ректори ДДҲБСТ қадрдонӣ карда шуд.

    Read 265 times Last modified on %PM, %28 %588 %2024 %13:%Янв

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search