Мудири шуъба д.и.ф.-м., академики АМИТ Илолов М.И.

    Самтҳои асосии фаъолият. Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯи мавзӯи “Татқиқ ва коркарди технологияҳои инноватсионии истеҳсоли энергияи элекртикӣ ва гармӣ, ногоҳдории мавсимии энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва пешниҳоди тавсияҳо доир ба ҷанбаҳои амалии истифодаи онҳо” дар соли 2024 аз инҳо иборатанд: 

    Коркард ва таҳияи системаҳо ва дастгоҳҳои инноватсионии иттилоотӣ барои истифодаи фаъол ва ғайрифаъоли энергияи офтоб бо унсурҳои худтанзимкунии интеллектуалӣ, идоракунии фосилавӣ тавассути Интернет ва алоқаи мобилӣ барои равшанӣ, гармӣ, хунуккунӣ, вентилятсияи биноҳои истиқоматӣ, таълимӣ, маъмурӣ ва истеҳсолӣ.

    Системаҳои инноватсионии иттилоотӣ, дастгоҳҳои истифодаи фаъол ва ғайрифаъоли энергияи офтоб пешниҳод карда мешаванд.

    Мониторинги минтақаи экологии «Ҳакимӣ»-и ноҳияи Шаҳринав оид ба танзим ва ба кор андохтани системаи автономии фотоэлектрии офтобӣ бо иқтидори муқарраршуда 5 кВт-10 кВт бо нерӯи барқ таъмин намудани насосҳои обӣ офтобӣ ва истеъмолкунандагони пайвастнашуда ё ба шабакаи ноустуворӣ барқ пайваст намудан.  

    Мониторинги минтақаи экологии Ҳакимӣ барои васл ва ба кор андохтани системаи автономии фотоэлектрикҳои офтобӣ гузаронида мешавад.

     

    Лоиҳаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ

    1). №ГР0118TJ00911 «Коркард ва сохтани система ва таҷҳизоти инноватсионии гибридӣ барои истеҳсоли энергияҳои электрикӣ ва ҳароратӣ дар асоси захираҳои энергетикии барқароршаванда».

    Роҳбари лоиҳа: д.и.ф.-м., акад. АМИТ, Илолов М.И.

    2). №ГР0123TJ1513 «Тадқиқ ва коркарди технологияҳои инноватсионии истеҳсоли энергияи электрикӣ ва гармӣ, ногоҳдории мавсимии энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва пешниҳоди тавсияҳо доир ба ҷанбаҳои амалии истифодаи онҳо».

    Роҳбари лоиҳа: д.и.ф.-м., акад. АМИТ, Илолов М.И.

    3).  №ГР0122TJ1478 «Таҳқиқоти параметрҳои электрикии нерӯгоҳҳои гибридии шинокунандаи фотоэлектрикӣ ва НБО хурд ва истифодаи онҳо дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон».

    Роҳбари лоиҳа: д.и.ф.-м., акад. АМИТ, Илолов М.И.

    4). iTAG-SATREPS «Коркард ва татбиқи технологияи таъмини гармии биноҳои истиқоматӣ дар асоси гармии замин».

    Роҳбари лоиҳа: н.и.т., дотсент Кодиров А.С.

     

    Дастовардҳои илмӣ

    2). Модели таҷрибавии «Хонаи офтобӣ». Омӯзиши мунтазами таъсири шароит ба кори панелҳои офтобии иқтидори 100 ва 200 Вт дар майдони таҷрибавии Марказ нишон дод, ки дар шароити табиии истифода параметрҳои кории панелҳои офтобӣ аз параметрҳое, ки дар асоси стандартҳо гирифта шудаанд, хеле фарқ мекунанд. Дар шароити табиӣ ба самаранокии панелҳои офтобӣ аз омилҳо, аз ҷумла шиддати нури офтоб, дарозии рӯзҳои соф, шароити обу ҳаво ва боришот таъсир мерасонад.

    3). Технологияи истифодаи гармии замин. Тадқиқот оид ба истифодаи энергияи замин тавассути таҳияи технологияҳои инноватсионии гарм кардани биноҳо (дар зимистон) ва салқинкунии онҳо (дар тобистон) дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

    Ин технология на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ низ нав буда, бори нахуст дар Тоҷикистон санҷида мешавад.

    4). Дар ҷумҳурӣ бори аввал нерӯгоҳи электрикии офтобии шинокунанда шинонида шуда, омӯзиши самаранокии он идома дорад.

    5). Таъсири ионҳои дувалентии Mg2+, Zn2+, Cd2+ ва Sr2+ ба баланд бардоштани шиддатнокии фотолюминесентии маводи оксиди CaAl12O19, ки бо иони Mn4+ омехта шудааст, бо истифода аз усулҳои таҷрибавӣ ва назариявӣ омӯхта шуд.

    6). Технологияи насоси офтобӣ. Мақсади ин тадқиқот муайян кардани параметрҳои оптималии системаҳои обтаъминкунии офтобӣ мебошад.

    Ин системахо барои обшор кардани чарогоххо, обёрӣ кардани заминхои нав, бо об таъмин намудани аҳолӣ ва ғайра дар ноҳияҳое, ки аз хатти электрикӣ хеле дуранд ва расиданашон душвор аст, пешбинӣ карда шудаасд.

     

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search