ҲИСОБОТИ
Солона оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ
дар соли 2022
- Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ
1.1.Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмӣ
Лоиҳа: Коркард ва сохтани система ва таҷҳизоти инноватсионии гибридӣ барои истеҳсоли энергияҳои электрикӣ ва ҳароратӣ дар асоси захираҳои энергетикии барқароршаванда. РД № 0118 TJ 00911.
Роҳбари лоиҳа: академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика Илолов М.И.
Кори илмию таҳқиқотӣ дар якчанд самт идома дода шуд Шартҳои устувории баъзе синфҳои муодилаҳои дифференсиалии оддӣ ва стохастикӣ дар маънии Улам-Хайерс ёфта шуданд. Таснифи системаҳои офтобии фотоволтаии пайгирӣ ва хусусиятҳои онҳо дар шароити табии Тоҷикистон оварда шудааст. Динамикаи энергияи электрикӣ ва гармии муфиди дастгоҳи фотоэлектрикии термалии офтобӣ таҳқиқ карда шуд. Қиматҳои моҳонаи экстремалӣ ва миёнаи ҳарорати модули фотоэлектрикӣ ва ҳарорати ҳавои маҳал (ш. Хуҷанд) муаайян карда шуданд. Динамикаи шабонарӯзӣ ва мавсимии энергияи гармии захирашуда дар маводи модули фотоэлектрикӣ (МФЭ) бо назардошти хуссусияти стохастикии нури офтоб ва иқлими маҳал омӯхта шуд. Муқаррар карда шуд, ки бузургии миёнасоланаи <Тмах–Тмиёна> МФЭ 200С-ро ташкил медиҳад. Дар мавсими зимистон <Тмах–Тмиёна> то 150С кам мегардад. Муайян карда шудааст, ки энергияи гармии захирашуда дар маводи ҷилд зариби пасти коррелятсия (0,18)-ро бо тавоноии электрикии СФТУ дорад. Камшавии тавлиди энергияи электрикӣ аз ҳисоби афзоиши ҳарорати модул дар ҳудуди 1-2% бо тавлиди энергияи гармии дастгоҳи офтобии гибридӣ ҷуброн карда мешавад. Энергияи захирашуда ΔWакк-и СФТУ дар нимарӯз ба 50 Втст/м2 ё 1,5% аз суммаи шабонарӯзии хоси СИ мерасад. Энергияи гармии шабонарӯзии муфиди СФТУ 2кВт/м2-ро ташкил медиҳад. Суммаи хоси шабонарӯзии СИ қариб 3,5кВтст/м2-ро дар моҳи октябр ташкил медиҳад. Тавлиди шабонарӯзии энергияи электрикии СФТУ ҳагоми қариб8% будани самараноокии электрикӣ 280 Втч/м2-ро ташкил медиҳад. Самаранокии умумии электрикӣ ва гармии СФТУ ба 58% баробар аст.
Ҳолати муосир ва дурнамои истифодаи технологияҳои ҳидрогенӣ (ТҲ) дар давлатҳои тараққикарда – Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, ИМА, Россия вав ғайраҳо тафсир ва баҳодиҳӣ карда шуд. Дурнамои истифодаи ҳидроген ва технологияҳои ҳидрогенӣ дар соҳаҳои васеи иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра нишон дода шуд. Татбиқи васеи ТҲ дар нақлиёт (Дания, Хитой, ИМА,Ҷопон ва ғайра) дар соли 2030 пешбинӣ кардам мешавад, вақте, ки арзиши ТҲ 2,2 доллари ИМА-ро барои 1 кг ташкил медиҳад ва ба арзиши сӯзишвории ҳидрокарбонӣ наздик мешавад.
Таҳқиқот оид ба ҷамъоварии маълумот дар самтҳои зерин идома дорад:
-обанборҳои табиӣ ва сунъии кишвар;
- омодагии техникӣ барои сохтани модели дарстгоҳи офтобии шинокунанда дар заминаи Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Ҳакимӣ» дар дараи Қаратоғ;
- таҳиқи имконияти истифодаи обанбори ирригатсионии Муминобод барои сохани нерӯгоҳи офтобии шинокунанда;
- таҳқиқи гузариши давраи таъминоти барқ ба пойгоҳҳои насосии обрасонӣ дар реҷаи автоматӣ бо истифодаи энергияи офтобӣ.
Ҳолати мавҷуда дар соҳи истифодаи неругоҳҳои хурди обии барқӣ дар Тоҷикистон ва самаранокии иқтисодии онҳо таҳлил ва баҳогузорӣ карда шуд.
Технологияи моделии пӯшаи композитсионӣ коркард шуд, ки ба даст овардани мушаххасаҳои зурурии баиститфодадиҳии маводи бисёрқабатаро таъмин менамояд; маводи аввалияи қабати берунии пӯша ва тарзи тайёр кардани ҷилд барои ворид каордани он интихоб ва асоснок карда шуд.
20 навъи топинамбур дар шароити ноҳияҳои Кушониён (450 м аз сатҳи баҳр) ва Данғара (600 м аз сатҳи баҳр) барои муайян кардани ҳосилнокии онҳо дар қисми ҷанубии кишвар, 22 навъи топинамбур дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ (дар баландии 840 м аз сатҳи баҳр) кошта шуд.
Масъалаи рушди минбаъдаи илми ватанӣ ва робитаи он бо коркарди технологияҳои нав ва маводҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот таҳқиқ карда шуд. Муайян карда шуд, кияке аз шартҳои муҳимии рушди минбаъдаи илми инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисттон татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар мебошад.
Масъалаи асосие, ки ба рушди фаъолияти инноватсионӣ мусоидати бевосита расонида метавонад, ин ба вуҷуд овардани низоми миллии дастгирии инноватсияҳо, рушди технологияҳо, навсозии истеҳсолот дар асоси коркардҳои нави илмию техникӣ мебошад, ки гузариши иқтисодиёти кишварро ба роҳи инноватсионии рушд таъмин карда метавонад.
Китоби илмию оммавии “Илм, технология ва инноватсия” ба чоп расонида шуд, ки дар он нақши илм ва таҳқиқотҳои илмии бунёдию амалӣ дар бадастоварии донишҳо, табдили ин донишҳо ба ғояҳои илмӣ, дар заминаи ин ғояҳо ба вуҷуд овардани технологияҳо ва табдил додани донишҳои илмию технологияҳо ба инноватсияҳо ва татбиқ намудани молу хизматрасониҳои инноватсионии донишасос дар иқтисодиёт мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шудааст.
Китобчаи “Моликияти зеҳнӣ ва хусусиятҳои он дар таҳқиқоту коркардҳои илмӣ” ба нашр расонида шуд. Дар китобчаи мазкур моликияти зеҳнӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти зеҳнии инсон ва хусусияти он дар таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ баррасӣ гардида, дар он оид ба объектҳои асосии моликияти зеҳнӣ маълумот оварда шудааст.
Динамикаи энергияи электрикии муфиди дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар давраи гузариши мавсимҳои зимистон-баҳор-тобистон таҳқиқ карда шуд. Дар охири зимистон ва дар оғози баҳор ҳавои абрнок мушоҳида карда шуд, вақте, ки басомад ва давомнокии рӯзҳои офтобии равшан камтарин буданд. Барои баҳодиҳии энергияи электрикии муфид тавлиди шабонарӯзии дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ чен карда шуд. Дар асоси захираи маълумоти ченгирии энергияи электрикии муфиди дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ, зарибҳои моҳонаи шаффофияти атмосфера ва абрнокии маҳал дар давраи март-майи соли 2022 муайян карда шуданд. Тавлиди моҳонаи энергияи электрикии муфид тавлиди шабонарӯзии дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бо масоҳати 1,8 м2 дар моҳи март 3,356 кВст., дар моҳи апрел 8,847 кВ.ст. ва дар моҳи май 8,556Квст.-ро ташкил дод. Тавлиди зиёдтарини дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар моҳи март 358Вст., дар моҳи апрел 381 В.ст. ва дар моҳи май 421 Вст.-ро ташкил дод. Тавлиди миёнаи шабонарӯзии дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар моҳи март 108 Вст., дар моҳи апрел 295 В.ст. ва дар моҳи май 272 Вст.-ро ташкил дод.
Муқоисаи нишондиҳандаҳои техникии ҳисобии захирасозии энергияи офтобӣ дар намуди сӯзишвории ҳидрогенӣ гузаронида шуд. Технологияҳои маълуми сикли бефосилаи истеҳсоли сӯзишвории ҳидрогенӣ реҷаи ҷараёни доимии электролизи обро талаб мекунанд. Реҷаи стохастикии воридшавии шуоъи офтобӣ ба зарурати коркарди технологияи захирасозӣ дар тавоноии электрикии тағйирёбанда боис мегардад. Барои ин батареяҳои аккумулаторӣ ва инвенторҳо истифода мешаванд. Дар ин маврид самаранокии энергетикии дастгоҳ 2 маротиба кам мешавад. Дастгоҳҳои намоишии электролизи об бо тавоноии 1-3 кВт барои истифодаи шабакаҳои электрикии саноатӣ ҳисоб карда шудаанд.
Нашъунамои топинамбур дар ноҳияҳо ва вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳқиқ карда шудааст. Нишон дода шудааст, ки нашъунамои растанихо ба баландӣ аз сатхи баҳр вобаста аст.