Каримова Сакина Мамадраимовна
Соли 2000 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоевро бо ихтисоси иқтисодчӣ-бухгалтер хатм намуд.
Солҳои 2008-2009 дар Донишгоҳи Ягеллон (Краков, Полша) аз рӯи Барномаи идрорӣ барои муҳаққиқони ҷавон бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ дар соҳаи илму маориф» таҳсил намуд.
Дар мамлакатҳои зерин: Ҳиндустон (2004), Лаҳистон (2009), Ҷумҳурии Халқии Хитой (2012), Туркия (2014), Австрия (2015) таҷрибаомӯзӣ гузашт.
Таҷрибаи касбӣ:
2020-ҳоло - Котиби илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, АМИТ.
2015-2020 -Ходими илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, АМИТ.
2005 – 2015- Мутахассиси пешбари шуъбаи илмӣ-ташкилии АМИТ
2003 – 2005: Мутахассиси пешбари Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Лоиҳаҳо ва Барномаҳои байналмилалӣ:
2014 – 2016 Шахси миллии тамос, Ёрдамчии лоиҳа, Шабакаи байналмилалии ҳамкориҳои STI барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (Acr. IncoNet CA), Барномаи чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Аврупо оид ба илм ва инноватсия.
2012 – 2015 Шахси миллии тамос ва ҳамоҳангсози Барнома,
Мушовири CRDF Global (Бунёди Тадқиқот ва Рушди шаҳрвандӣ), Барномаи Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон.
Мукофотҳо:
Сипоснома пас аз ифтитоҳи Барномаи Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон аз ҷониби CRDF Global (Бунёди Тадқиқот ва Рушди шаҳрвандӣ), октябри 2012.
Ифтихорномаи АМИТ оид ба сохтани сомонаи АИ ҶТ, апрели 2014.