ББК 22.22(2-тоҷ)

    УДК 565.51 (575.3)

    К – 57

    ISBN  978-99985-70-65-8

    Кодиров А.С. Ташаккул ва тамоюли реҷаи гидрологии ҳавзаи дарёи Вахш дар Тоҷикистон. Таҳти таҳрири Х.М. Ахмедов – Душанбе.: Дониш, 2022, 200 с.

    Дар китоби мазкур шарҳи адабиёт ва натиҷаи илмии таҳқиқоти муаллиф вобаста ба ташаккул ва тамоюли реҷаи гидрологии ҳавзаи дарёи Вахш дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Ҳаҷми хеле зиёди иттилоот оид ба: мушкилоти муосири захираҳои об дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ; ҳолати ҳавзаҳои дарёҳои Тоҷикистон; равандҳои ташаккули маҷрои дарёҳо; таъсири омилҳои асосии табиӣ ва антропогенӣ ба реҷаи оби ҳавзаи дарёи Вахш; таҳлили ҳолати низоми оби дарёи Вахш ва вижагиҳои танзими мавсимӣ - солонаи маҷрои ин дарё; реҷаи гидрологии дарёи Вахш баррасӣ карда шуд, аз ҷумла, хусусиятҳои физикию химиявӣ дода шуда, ҳолати мавҷудаи ҳавза арзёбӣ шудааст; як қатор хусусиятҳои хоси асосӣ ва муҳими марбут ба танзими маҷрои дарёи Вахш, аз ҷумла, хусусиятҳо ва пешгӯии оби дарёҳои минтақаи кӯҳию наздикуҳӣ, тамоюли ҷараёни об ва чораҳои таъмини амнияти гидрологӣ ва ғайра.

    Китоб барои мутахассисоне, ки ба омӯзиши захираҳои об машғуланд, энергетикҳо, кормандони бахши кишоварзии иқтисод ва шахсони тасмимгиранда пешбинӣ шудааст. Инчунин метавонад барои муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантҳо ва донишҷӯёни ихтисосҳои соҳа муфид бошад.

    Муқарризон:

    Мудири лабораторияи моделсозӣ ва таъминоти иттилоотии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИ Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Носиров Набӣ Қосимович.

    Сарходими илмии шӯъбаи географияи назди Раёсати АМИ Тоҷикистон, доктори илмҳои география, профессор Муртазоев Уктам Исматович.

     

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search