Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ 2021

     

    Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмӣ

     

    Лоиҳа: Коркард ва сохтани система ва таҷҳизоти инноватсионии гибридӣ барои истеҳсоли энергияҳои электрикӣ ва ҳароратӣ дар асоси захираҳои энергетикии барқароршаванда. РД № 0118 TJ 00911.

    Роҳбари лоиҳа: академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика  Илолов М.И.

    Дар доираи амалисозии лоиҳа дар соли 2021 натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд:

             Таносуби аналитикӣ байни параметрҳои электрикии модулҳои фотоволтӣ ва омилҳои муҳити берунӣ,мисли радиатсияи офтоб ва ҳарорат ёфта шудааст.  Решаҳои муодилаи трансцендентии дахлдор бо ёрии W-функсияи Ламберт ҳисоб карда шудаанд.  Таҳқиқоти масъалаҳои ҳалшавандагии масъалаҳои ибтидоӣ барои муодилаҳои касрии таҳаввулотии тартиби касрӣ дар фазои банахӣ идома дода шуданд.  Татбиқи ин натиҷаҳо барои масъалаҳои ибтидоии канории физикаи математикӣ бо тартибҳои касрӣ, ки аз рӯйи вақт ҳосил карда шудаанд, нишон дода шудаанд.  Аломатҳои мавҷудияти ҳаллҳои муодилаҳои дифференсиалии тоқи тартиби касрӣ ёфта шудаанд.

     Технологияи соддакардашудаи ҳосил кардани гетерогузаришҳо дар асоси графен ва кремний коркард шуд.  Натиҷаи техникӣ бо роҳи зерин ба даст оварда шуд: хокаи графен ба сатҳи ҷилди кремнийӣ бо ѓафсии 0,4-0,5 мм ва масоҳати 1х1 см2 пошида мешавад. Ҷилд дар таҷҳизи махсус насб карда  мешавад, ки дар он бо усули фишор-лаѓзиш (соишдиҳӣ) бо ёрии сараки силиндршакл аз маводи чандир раванди соишдиҳии графен дар сатҳи ҷилди кремнийӣ амалӣ карда  мешавад.  Дар ин маврид фмшори сарак ба қабати графени ба сатҳи ҷилд пошидашуда танзим карда  мешавад.  Сараки силиндршакл бо суръати 1-2 см/сония ҳаракати пешравию чархзанӣ менамояд. Фишори сараки силиндршакл ба қабати графен ба 2—30 грамм/см2 баробар буд. Раванди соишдиҳӣ дар муддати 1-2 дақиқа амалӣ карда шуд.  Баъди анҷом додани раванди соишдиҳии қабати графен дар ҷилди кремнийӣ, дар сатҳҳои намуна аз ҳар ду тараф электродҳои металлии ҳалқашакл насб карда мешаванд.  Ченгирии мушаххасаи волтамперӣ нишон дод, ки гетерогузариши графен-кремний хосияти  росткунандагӣ бо зариби 45-240-ро  вобаста ба  шиддати гузошташуда дорад. Ошкор карда шуд, ки гетерогузариши графен-кремний нисбат ба нури инфрасурхӣ ҳассос аст.

    Таҳлили таҷрибаи муосири танзими ҷараёни обии обанборҳои бузургтарини ҳавзаи баҳри Арал гузаронида шуд. Нишон дода шудааст, ки гидроэнергетика аз ҳисоби сохтмони НБО-ҳои бузург бо обанборҳо ҳаҷми умумии ҷориши дарёро барои обёрии давлатҳо ва истеъмолкунандагони поёноб  таѓйир намедиҳад, вале имконияти танзими онро дар фаслҳо ва реҷаҳои чандсола имконият медиҳад.  Гирифти бебозгашти ҷараёни об ҳангоми пуршавии обанбор танҳо дар миқдори баробар ба ҳаҷми мурдаи он, ки одатан назарногир аст, рӯй медиҳад. Ҳаҷми муфиди обанбо бошад, на танҳо ҳаҷми обро барои обёрӣ кам еамекунад, балки, баръакс, онро аз ҳисоби  танзим (ҳам мавсимӣ ва ҳам бисёрсола) зиёд менамояд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли энергияи электрикии НБО аз реҷаҳои танзими ҷараёни обии дарё вобаста намебошад. Масъалаи истифодаи муштараки ҷараёни дарё ба манфиати гидроэнергетика ва обёрӣ дар муносибгардонӣ ва мувофиқасозии манфиатҳои онҳо нисбат ба реҷаҳои танзими ҷараёни  дарё байни давлатҳои минтақа мебошад.

    Таҳқиқи таъсири шароити иқлимии маҳал  ва метеопараметрҳо ба тавлиди энергияи электрикӣ ва гармии дастгоҳи офтобии гибридӣ гузаронида шуд.  Хазинаи маълумот оид ба тавлиди энергияи электрикӣ ва гармии дастгоҳи офтобии гибридӣ  дар чоряки якуми соли 2020 таҳлил карда шуд. Давраи рӯзҳои равшан бо тавлиди зиёди энергия (бештар аз 0,8 максималӣ) 4-5 рӯзро ташкил медиҳад ва сипас рӯзҳои тира меоянд, ки дар онҳо тавлид амалан баробари сифр аст. Методикаи  баҳодиҳии шаффофияти миёнаи атмосфера барои фосилаи шабонарӯзӣ, панҷрӯза, ҳафтаина, даҳрӯза, моҳона ва яксолаи вақт аз рӯйи тавлиди энергияи дастгоҳи гибридӣ коркард шуд.

    Таҳлили ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар вурудгоҳ ва хуруҷгоҳи дастгоҳи гибридӣ дар давраи октябри соли 2020- марти соли 2021 гузаронида шуд.  Коррелятсия (мутобиқатӣ)-и тавлиди муфиди энергияи гармӣомӯхта шуд, ки он бо фарқи ҳарорати ҳаво дар вурудгоҳ ва хуруҷгоҳи дастгоҳ бо ҳарорати ҳавои маҳал муайян карда мешавад. Муқоисаи натиҷаҳо бо маълумоти тавлиди дастгоҳ, ки дар давраи октябри соли 2019 – марти соли 2020 ба даст оварда шудаанд, гузаронида шуд. Еишон дода шуд, ки ҳарорати шабонарӯзии ҳавои маҳал (ш. Хуҷанд) дар даҳаи якуми моҳи январи соли 2021 назар ба ҳамин давраи соли 2020 ба қадри 6,5°С камтар аст. Беҳтаршавии шаффофияти атмосфера пас аз минимуми ҳарорати ҳавои маҳал - 8,3°С саҳари 8 январи соли 2021 ошкорикарда шуд. Дар 3 рӯзи равшани оянда тавлиди нисбии энергияи гармӣ аз 0,8 то 1 зиёд шуд.

    Нишон дода шудааст, ки  тавлиди миёнаи шабонарӯзии энергия дарфосилаи ҳафтаина ва даҳрӯза мутобиқ ба зиёдшавии умумии шуоъи офтобӣ дар ин давра дар арзҳои шимолӣ афзоиши мунтазам дорад. Тавлиди миёнаи дастгоҳ дар фосилаи шабонарӯзӣ ва панҷрӯза таѓйир меёбад, ки ин ба равандҳо дар атмосфера ва ба таѓйироти шаффофияти оптикии он алоқаманд мебошад.

    Эътимоднокии кори схемаи электрикии таѓзия ва микропросессор дар ҳароратҳои пасти ҳаво дар давраи зимистон таҳқиқ карда шуд. Қисми электрикии системаи автоматии идоракунӣ (САИ) ва таъминоти барномавии системаи иттилоотӣ кори бетаъхири дастгоҳи гибридӣ ва таъсиси хазинаи  маълумоти ҳарорати ҳаво ва фишори атмосфера дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021-ротаъмин намуданд. Таҳлили қиматҳои максималӣ, минималӣ ва миёнаи ҳарорати ҳаво ва фишори атмосфера дар ҳар як давраи шабонарӯзӣ, ҳафтаина ва моҳона гузаронида шуд.

    Коррелятсия (мутобиқатӣ)-и метеопараметрҳо бо энергияи электрикӣ ва гармии тавлидкардаи дастгоҳи гибридӣ таҳқиқ карда шуд. Ба таври таҷрибавӣ камшавии ККФ-и қисми гармии дастгоҳи гибридӣ бо пӯшаи шишагин дар ҳароратҳои пасти ҳавои маҳал баҳодиҳӣ карда шуд.

    Таъминоти барномавӣ бо назардошти таҷрибаи беш аз 10-солаи системаҳои иттилоотӣ барои таҳқиқи дастгоҳҳои энергетикии офтобӣ коркард шуд. Алгоритм барои ченгирӣ ва сабткунии параметрҳои зерин низ коркард шуд: реҷаи заряди батареяи аккумуляторӣ (БАК); назорати шиддати БАК;, реҷаи корисарборӣ тавассути СМС-ахбор бо алоқаи мобилӣ; реҷаи кори коллектори офтобӣ (КО): хунуккунӣ ё гармкунӣ тибқи барномаи маълум; сабт дар флеш-карта СД-параметрҳои дастгоҳ: сана, вақт, ҳарорат (ҳаво, панели СФЭУ, вурудгоҳ ва хуруҷгоҳи КО, фишори атмосфера; иттилоот оид ба кори система дар LCD индикатор. Таъминоти барномавӣ алгоритми методикаи коркардшудаи муайянкунии тавлиди муфиди энергияи электрикӣ ва гармиро истифода мекунад.  Хатои ҳисобии муайянкунии энергияи электикӣ ва гармӣ мувофиқан 2% ва 7,5%-ро ташкил медиҳад.

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search