Азизов Рустам Очилдиевич

    доктори илмҳои техникӣ, профессор,   

    Сардори шуъбаи технологияҳои нави Марказ

    Соли 1974, баъди хатми мактаби миёнаи №189 ба номи А.Деҳотии ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ, Ленин), ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси 0501-«Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳ ва асбобҳои металлбурӣ» дохил шуда онро  с.1979 ба итмом расонидааст. Ҳамон сол ӯро дар кафедраи «Технологияи металлҳо ва муҳофизати меҳнат» ҳамчун ассистент ба кор қабул намуданд.

    Соли 1982 барои коромӯзӣ ба Донишкадаи политехникии Белоруссия (ш.Минск) дохил шуда, ҳамзамон факултаи тахассусиро аз рӯи нақшаҳои дурнамои илм ва техника, бо равияи «Металлургияи хокагӣ ва масолеҳҳои композитсионӣ» хатм менамояд ва ба дипломи инженерӣ аз рӯи ихтисоси зикршуда соҳиб мешавад.

    Солҳои 1983-1986 дар аспирантураи кафедраи «Технологияи металлҳо ва металлургияи хокагӣ»-и Донишкадаи политехникии Булоруссия таҳсил намуда, тирамоҳи с. 1986, дар муддати ҷудошудаи аспирантура, рисолаи номзадиро таҳти мавзӯи «Разработка износостойких газопламенных покрытий с повышенной прочностью сцепления» ҳимоя менамояд.

    Баъд аз      хатми         аспирантура,   аз      соли 1986 то     1996, дар кафедраи «Технологияи    масолеҳҳои        конструксионӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад.  М.С. Осимӣ ба   ҳайси ассистент, баъдан муаллими калон, дотсент ва мудири кафедра (солҳои 1990-1996; 2004-2006) шуда кор кардааст. Ноябри с. 1996 мавсуфро ба вазифаи декани факултаи механикию-технологӣ тайин намуданд, ки дар ин вазифа то моҳи ноябри соли 2000 фаъолият бурдааст.

    Рисолаи докториро дар Академияи миллии илмҳои Белоруссия, дар консерни илмӣ-тадқиқотии «Металлургияи хокагӣ» аз рӯи мавзӯи «Упрочнение газотермических покрытий на железной    основе методами термодиффузионного насыщения» апрели с. 2004 ҳимоя намудааст.

    Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2006с., №224 ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон таъйин шуда, то охири соли 2013 адои вазифа намудааст.

    Соли 2014 ба вазифаи муовини Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то соли 2021 дар ин вазифа фаолият кардааст. Ҳоло дар Маркази рушди инновтсионии илм ва технологияҳои нав дар вазифаи мудири шуъба кор бурда истодааст.

    Самтҳои асосии фаъолияти Шӯъбаи технологияҳои нави Академияи                  

    миллӣ илмҳои Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

    - таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, аз ҷумла технологияҳо ва конструксияҳои нав, ки барои рушди саноати кишвар аҳамият доранд;

    - дастгирӣ ва таҳияи пешниҳодҳо дар соҳаи истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия;

    - ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ, техникӣ ва инноватсионӣ;

    - иштирок дар ташкил ва истеҳсоли маҳсулот дар самтҳои гуногуни энергетикаи алтернативӣ;

    — инкишоф додани сатҳи маълумот  дар доираи тахияҳои  илмию техникӣ бо кабули карорхои техникӣ;

    - дастгирии машваратӣ ва мусоидат дар таҳия ва эҷоди лоиҳаҳои дорои афзалиятҳои инноватсионӣ дошта, бо баланд бардоштани  самаранокии усулҳои истифодабарии  гармӣ барои аҳолӣ;

    — тахия ва истифода  намудани технологияҳои  комплексии бо гармӣ таъмин намудани биноҳои  истикоматӣ дар асоси истифодаи  гармии замин ва офтоб;

                                               Дастовардҳои илмӣ:

    1. Коркарди технологияҳои мустахқам намудани қисмхои мошинхо ва таљҳизоти технологӣ  бо истифодаи усулхои пошдиҳии газӣ-термикӣ ва коркарди минбаъдаи химиявӣ-термикӣ. Ин технологияҳо   имкон медиҳад, ки қисмҳои пӯлодини  фарсуда барқарор ва мустаҳкам карда шаванд ва дорои бартариҳои зерин мебошанд:

    — истифодаи масолехи арзон барои ҳосил намудани  қабати барқароршуда;

    - соддагии технологияи пӯшонидани қабати  хокагӣ;

    -2-3 маротиба зиёд кардани хосиятҳои кории   қисмҳои мошин (тобоварӣ ба соиш ва устуворӣ);

    1. Технологияҳои оид ба монтажи таљҳизот дар блокхои таҳкурсигӣ ва васлшавандаи оҳану бетонӣ барои пармакунии чоҳҳои чуқур ва ниҳоят чуқури нафту газ. Истифодаи ин технология дар вақти пармакунӣ бартариҳои зерин дорад:

    — кам кардани харољот барои сохтани тахкурсии дастгоҳӣ  пармакунӣ ва корҳои мелиоративии замин; барҳам додани амалияи дар замин мондани таҳкурсии бетонӣ;  кам кардани вазни қиёсии меҳнати дастӣ ва мўҳлати дар љойи кори мустаҳкамнамудани  дастгоҳҳои пармакунӣ;

    1. Коркардӣ технологияҳои тоза намуани оби ифлос бо истифода аз гили каолин ва хосил намудани адсорбент-коагулянт барои тозакунии сорбционии об аз ионҳои уран ва металлхои вазнин.

    Барои ҳосил намудани адсорбент-коагулянт гили конҳои маҳаллӣ истифода мешавад (патент № 1339).

    1. Лоиҳакашӣ дар сохаи такмил додани таљҳизоти регпошкунӣ барои коркард намудани сатҳҳои кисмҳои  пўлоди машинаҳо, аз чумла сохти сопло барои коркарди абразивӣ. Шакли спиралии сатҳи дарунии сопло, ки ба гардиши  гирдобии абразивӣ  мусоидат мекунад  ва  имкон медиҳад, ки  шаклҳои мураккаби сатҳҳои маҳсулоти гуногуни  металлӣ коркард карда шаванд (патенти № 1056).

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search