31 Янв 2024

    Фаъолияти инноватсионӣ ва рушди илмию технологии мамлакат (мушкилот ва дурнамо)

    Фаъолияти инноватсионӣ фаъолияте мебошад, ки ба истифода ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ барои беҳтар кардани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (молҳо, хизматрасониҳо), такмили технологияҳои тайёр намудани онҳо бо минбаъд татбиқ ва амалисозии самарабахши онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст. Дар ин маврид истифодаи амалии натиҷаи илмӣ, илмӣ-технологӣ ва нерӯи зеҳнӣ имкон медиҳад, ки  маҳсулоти истеҳсолшавандаи нав ва технологияҳои истеҳсоли он ба даст оварда шуда,  талаботи истеъмолкунандагон ба  молу хизматрасониҳои баландсифат қонеъ гардонида шавад ва  хизматрасониҳои иҷтимоӣ такмил ёбад.

    Воқеан, сатҳ ва суръати рушди илмию технологии ҳар як давлатро имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии он нисбат ба амалисозии фаъолияте муайян мекунад, ки ба таъмини амалкарди илм ва технология ҳамчун системаи ягонаи алоқаманд ба истеҳсолот равона карда шудааст. Натиҷаи асосии ин фаъолият ба вуҷуд овардани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ва ё маҳсулоти нави тавассути ин технологияҳо истеҳсолшуда мебошад. Навъҳои нави технология ва ё маҳсулоти нав навсозӣ ё навгониҳое мебошанд, ки самараи иҷтимоию иқтисодииро танҳо пас аз ёфтани татбиқи амалӣ, яъне дастрас кардан ба истеъмолкунанда ва табдил шудан ба инноватсияҳо таъмин менамоянд. Мисолҳои хоси навгониҳо намунаҳои нави технологияҳо барои истеҳсоли маҳсулот ва ё намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нав  барои ба роҳ мондани истеҳсоли минбаъдаи силсилавии онҳо  мебошанд. Инноватсия бошад, натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ мебошад, ки фаъолияти сегонаи; а) илмию технологӣ (ба вуҷуд овардани донишҳои нави илмӣ ва навсозиҳои технологӣ); б) истеҳсолӣ (ба вуҷуд овардани маҳсулоти нави тайёр ба истеъмол); в) тиҷоратӣ (фӯрухтани маҳсулоти истеҳсолшуда, яъне, то истеъмолкунанда дастрас намудани он)- ро дар бар мегирад.

    Ҳамбастагии муайян байни фаъолияти инноватсионӣ ва рушди илмию технологӣ мавҷуд аст. Аз як тараф, рушди илмию технологӣ бе рушди фаъолияти инноватсионӣ, ки ҳоло шарти зарурӣ ва қувваи ҳаракатдиҳандаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад, имкон надорад. Суръатгирӣ ва натиҷаҳои басифати фаъолияти инноватсиониро суръат ва сатҳи рушди илмию технологӣ муайян мекунад. Аз тарафи дигар, натиҷаҳои рушди илмию технологӣ рушди фаъолияти инноватсиониро, ки ба дастовардҳои илм ва технология такя мекунад, такон мебахшад. Дар ин маврид донишҳои нави илмию технологӣ манбаи ғояҳои инноватсионӣ мебошанд.

    Субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ навъҳои гуногуни ташкилотҳои инноватсионӣ, яъне ташкилотҳое мебошанд, ки бевосита ба ин гуна фаъолият машғуланд ва ё ба амалишавии он мусоидат менамоянд. Субъекти махсуси фаъолияти инноватсионӣ давлат мебошад, ки  сиёсати давлатиро дар самти фаъолияти инноватсионӣ муайян менамояд ва раванди минбаъдаи  онро ба танзим медарорад.

    Хушбахтона тайи солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, афзоиши молҳо ба ивази молҳои воридотӣ, суръатбахшии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣва иқтисодиро муҳайё намудааст. Заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсиониро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин як қатор қонунҳое қабул гардидаанд, ки баъзе намудҳои фаъолияти инноватсиониро ба танзим медароранд, аз ҷумла, «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»,  «Дар бораи ихтироот»,  «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ»,   «Дар бораи нишонаҳои молҳо ва нишонаҳои хизматрасониҳо»,  «Дар бораи Парки технологӣ» ва ғайра.

    Яке аз шартҳои ба роҳ мондани фаъолияти инноватсионӣ ин ба вуҷуд овардани инфрасохтори зарурии инноватсионӣ мебошад. Инфрасохтори инноватсионӣ ташкилотҳо (муассисаҳо)-е мебошанд, ки қобили амалӣ кардани фаъолияти инноватсионӣ доранд, яъне ба инноватсия ва таъмини шароити ҷорӣ кардани раванди инноватсионӣ хизмат мерасонанд. Ба ин гуна инфрасохтор марказҳои инноватсионӣ-технологӣ, инкубаторҳои технологӣ, технопаркҳо, марказҳои таълимӣ ва ташкилотҳои дигари махсусгардонидашуда дохил мешаванд.

    Барои пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ, ки ҷузъи пайвасткунандаи илм ва истеҳсолот мебошад, бояд шароите фароҳам оварда шавад, ки ҷузъи инноватсионӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба таври доимӣ афзоиш ёфта, ба пешрафти мамлакат ва болоравии некӯаҳволии халқ таъсири бештар дошта бошад. Дар  ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати инфрасохтори инноватсионӣ муассисаҳое таъсис дода шуданд, ки ҳоло ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд. Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 бо мақсади амалисозии  «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва ташкилу гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин таҳияву амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ ва технологияҳои наве, ки барои рушди мамлакат аҳамияти муҳим доранд, Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АИ ҶТ,  соли 2017 бошад,  бо мақсади  мустаҳкам намудани алоқаи илм бо истеҳсолот  ва дар истеҳсолоти ватанӣ татбиқ намудани коркардҳои илмии олимон Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Дар сохтори Академияи илмҳо ҳамчунин Маркази инноватсионии соҳаи биология ва тиб низ фаъолият менамояд. Дар баъзе аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ паркҳои технологӣ низ таъсис дода шудаанд.

    Шурӯъ аз соли 2011 дар доираи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 олимони соҳаҳои физика, химия, маводшиносӣ, биология ва дигарсоҳаҳои  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ ба таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки ба коркарди технологияҳои истеҳсоли молу мавод нигаронида шудаанд,  машғул мебошанд. Аз ҷумла, айни замон   технологияи истеҳсоли нитрогени моеъ барои соҳаҳои кишоварзӣ ва тиб, технологияи асбобҳои гуногуни криогенӣ барои ҷарроҳӣ дар соҳаи тиб, технологияи истеҳсоли кристаллҳои сунъӣ, технологияи коркарди пектин аз партовҳои  саноати хӯрокворӣ, технологияи коркарди пектинҳо барои тиб ва соҳаи дорусозӣ, технологияи  истеҳсоли маводҳои химиявӣ (атсетат ва нитрати селлюлоза) аз партови коркарди пахта, коркарди технологияи истеҳсоли малҳамҳои табобатии «Сино», «Фитосуман», «Ромит», технологияи коркарди маъдани тилло ва нуқрадор дар конҳои ҷумҳурӣ, технологияи истеҳсоли  обгармкунакҳои офтобӣ аз алюминии аввалияи худӣ, истеҳсоли кремнийи техникӣ дар  асоси ашёи ватанӣ, ки барои сохтани коллекторҳои  офтобӣ зарур аст,  технологияи истеҳсоли инулин, пектин, селлюлоза, биоэтанол ва биогаз аз растании топинамбур, технологияҳои парвариши навъи нави картошкаи беҷурм ва гандуми ба сардӣ тобовар, технологияи коркарди доруҳои ватанӣ ва монанди инҳо коркард шуда, барои татбиқ  дар истеҳсолот ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод шудаанд. Ғайр аз ин миқдори зиёди патент барои ихтироот ба даст оварда шудааст.

    Мутаассифона, таҷриба нишон медиҳад, ки айни ҳол аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва  соҳибкорони ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқ намудани технологияҳои пешниҳодшаванда ва тавассути онҳо ба роҳ мондани истеҳсоли силсилавии молу маҳсулоти ватанӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда намешавад.  Дар ин маврид сабаби асосие, ки вазорату идораҳои дахлдор нисбат ба истифодаю татбиқи технологияҳои коркардшудаву коркардшаванда пеш  меоранд, ин надоштани имконияти молиявӣ мебошад.

    Воқеан, дар баробари омилҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва  иқтисодӣ, омили  дигари  муҳими рушди фаъолияти инноватсионӣ омилҳои молиявӣ мебошанд. Лоиҳаҳои инноватсионӣ барои  коркарди технологияҳои истеҳсоли молу маводи ватанӣ айни ҳол, масалан,  дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳо  танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ба Академияи илмҳо ҳар сол ҷудошаванда иҷро карда мешаванд. Албатта, танҳо бо маблағҳои буҷетӣ  амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти фаъолияти инноватсионӣ душвор аст. Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 дар ин самт  муҳайё намудани муҳити мусоиди инвеститсионӣ, ҷудо намудани инвеститсияҳои мустақими давлатиро барои амалисозии лоиҳаю барномаҳои инноватсионӣ, ҳамчунин пешниҳоди қарзҳои имтиёздор ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ  ва дигар кафолатҳоро пешбинӣ кардааст.

    Бояд зикр намуд, ки дар дигар давлатҳои тараққикарда ва тараққикунанда дар самти фаъолияти инноватсионӣ саҳми соҳибкорон, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ширкатҳои венчурӣ ва монанди инҳо хеле назаррас аст. Дар ин давлатҳо, хусусан соҳибкории иноватсионӣ, яъне тоҷироне, ки байни навҷӯй (новатор)-ҳо – муаллифони маҳсули илмии амалӣ, аз ҷумла дар самтҳои истеҳсол ва истеъмол баромад мекунад, хеле ривоҷ ёфтааст.

    Умуман, ба назари мо, барои минбаъд пурзӯр намудани фаъолияти инноватсионӣ ва афзун намудани ҳиссаи молу маҳсулоти инноватсионӣ дар иқтисодиёти кишвар  зарур аст, ки масъалаҳои муҳим ва  таъхирнопазири зерин ҳал карда шаванд:

    1) пеш аз ҳама, ба вуҷуд овардани системаи миллии инноватсионӣ, ки он шароитро барои татбиқи самарабахши дастовардҳои  илмию техникӣ ва технологӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии технологияҳо ва маҳсулоти инноватсионӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои  табиӣ, маҳсулоти хом ва инвеститсионӣ, муваффақ шудан ба амнияти иқтисодӣ, энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ, ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ, афзоиши некӯаҳволӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъмин менамояд;

    2) таъсис додани фонди инноватсионии мамлакат, яъне фонди захираҳои молиявӣ, ки бо мақсади маблағгузории коркардҳои навтарини илмию техникӣ ва лоиҳаҳои иноватсионӣ таъсис дода мешавад. Манбаъ (сарчашма)-и маблағгузории онҳо бояд дар баробари маблағҳои давлатӣ, ҳамчунин саҳмияҳои спонсории соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкату бонкҳо бошанд;

    3) дастгирӣ ва таъсис додани ширкатҳои венчурӣ, яъне ташкилотҳои хурде, ки дар соҳаҳои илмталаби иқтисодиёт амал мекунанд, таҳқиқоти илмӣ, коркардҳои муҳандисӣ анҷом медиҳанд, тибқи фармоишҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва давлат инноватсияҳо ба вуҷуд меоранд ва онҳоро  татбиқ менамоянд.

    4)  таъсис додани Фонди дастгирии бахши хусусии иқтисодиёт ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли  молу маҳсулоти инноватсионӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои инноватсионӣ пешниҳод мешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аксари ғояҳои навоварӣ маҳз дар ширкатҳои хурди инноватсионӣ ба таври воқеӣ то тиҷоратикунонӣ расонида мешаванд. Соҳибкории хурди инноватсионӣ ин қисми бештар ҳаракатманди иқтисодиёти инноватсионӣ мебошад, ки қобили оҷилан эҳсос кардани талаботи бозор ба маҳсулоти баландтехнология, арзёбии ҳолати мавҷуда, аз худ кардани технологияҳои нав ва бо истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир равона намудани истеҳсолоти худӣ мебошад. Мебояд, ки таҷрибаи муфиди давлатҳои дигар оид ба дастгирии ширкатҳо ва корхонаҳои соҳибкории хурд ва миёна, ки маҳз онҳо ҳиссаи зиёди маҳсулоти инноватсиониро истеҳсол карда, ба бозор мебароранд, омӯхтаву истифода карда шавад.

    5) дар назди Академияи илмҳо таъсис додани Корхонаи муҷтамаи илмию технологӣ ва истеҳсолӣ. Ин корхона ҷиҳати дар истеҳсолот татбиқ намудани коркард ва технологияи бавуҷудовардаи олимон намунаи  озмоишии молу маҳсулотро истеҳсол мекунад ва технологияи истеҳсоли онҳоро  барои истеҳсоли минбаъдаи силсилавӣ ба вазорату корхонаҳо, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ пешниҳод мекунад.

    6)  ташкил намудани як навъ ташкилоти татбиқкунандаи инноватсияҳо. Ин ташкилоти тиҷоратии миёнараву машваратӣ буда,  корҳои асосии зеринро иҷро менамояд: таҳлили ташхисии фаъолияти ташкилот ва асосноккунии илмии самтҳои асосии рушди истеҳсолот ва хизматрасонӣ бо пешниҳоди инноватсияҳои дахлдор; рекламаи инноватсияҳо ва таҳқиқи маркетингӣ барои амалисозии самарабахши онҳо;

    7) яке аз ҷузъҳои асосии фаъолияти инноватсионӣ тайёр кардани  мутахассисон дар соҳаи инноватсия ва такмилу баланд бардоштани ихтисоси онҳо дар самти фаъолияти инноватсионӣ мебошад. Зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низоми муосири тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ташаккул дода шавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд мутахассисоне тайёр карда шаванд, ки дар азхудкунии асосҳои соҳаи иқтисодии соҳибкории инноватсионӣ, идоракунии лоиҳаҳо, тиҷоратикунонии технологияҳо, менеҷменти технологӣ, маркетинг, назария ва амалияи ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ дониш ва малакаҳои касбӣ дошта бошанд;

    8) ба роҳ мондани ҳамкории инфрасохторҳои соҳаи инноватсияи ҷумҳурӣ бо сохторҳои донорӣ, ки дастгирии лоиҳаҳои инноватсиониро амалӣ менамоянд. Ба сифати чунин донорҳо ҳоло Фонди «Новая Евразия» (The New Eurasia Foundation – FNE),  Шӯрои таҳқиқоти байналмилалӣ ва мубодилаҳои илмӣ – АЙРЕКС (IREX–International Research and Exchanges Board), Фонди мусоидат ба рушди шаклҳои хурди корхонаҳо дар соҳаи илмӣ-техникӣ («Фонд Бортника»), Фонди рушди технологии Россия, TACIS Relations with the New Independent States (NIS) and Mongolia,  Фонди  Сорос ва ғайра хизмат мекунанд.

       Пирмаҳмад НУРОВ

    Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№1 (9), 2018

    https://ravshanfikr.tj/navolamitekhniki/fa-oliyati-innovatsion-va-rushdi-ilmiyu-tekhnologii-mamlakat-mushkilot-va-durnamo.html 

    Read 304 times

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search