Имрӯз (29.01.2024) дар толори маҷлисгоҳи академия вохӯрии нахустини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимон ва роҳбарони институтҳо баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати бовариву эътимоди Пешвои миллат ва ба ин вазифаи пурмасъулият таъин гардиданаш изҳори назар намуда, зикр доштанд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз боргоҳҳои бузурги илми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин маркази бонуфузи илмӣ зери таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз талошу заҳматҳои олимону зиёиёни академия аст, ки шогирдони онҳо дар муассисаву ниҳодҳои гуногуни кишвар ба фаъолият пардохтаанд.
Сипас зимни суханронии муқадимавии хеш Президенти академияи миллии илмҳо профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доир ба тарғиби шарҳу тавзеҳи Паём ибрози назар намуда, вобаста ба дастгирии Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ зиёд намудани маоши кормандони соҳаҳои илму маориф дар ҳаҷми 40 % ва тарғибу ташвиқи сиёсати иҷтимоии ҳукумати кишвар аз масъалаҳои баррасишудаи вохӯрии мазкур ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон дар асоси таҳлилҳо Перезиденти академия фаъолияти тамоми сохтор ва институтҳои академияро дар ҳузури олимону роҳбарони институтҳо баррасӣ намуда, масъалаҳои зеринро ба самъи ҳозирин расонид;
--Ташаббуси навбатии Пешвои миллат оид ба ҳифзи Пиряхҳо;
--Рушди илм дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
--Дарёфти грант ва сармояи хориҷӣ барои рушди илми тоҷик;
--Шуроҳои диссертатсионӣ;
--Ташкили маҳфилҳои илмӣ-инфиродии олимони АМИТ;
--Робитаҳои илмии олимони АМИТ бо ҳамтоёни хориҷӣ;
--Иқтибос овардан аз олимони АМИТ ва индекси Хирши олимон дар сатҳи байналмилалӣ;
--Тақвият бахшидани чопи мақолаҳо бо забонҳои англисӣ ва русӣ дар маҷалаҳои бонуфуз ва хориҷи кишвар (СКОПУ ВЕБ ОФ Сайнс);
--Тақвият бахшидани синну соли докторон ва номзадони илмӣ дар АМИТ;
--Иштироки олимони АМИТ дар муборизаҳои иттилоотӣ;
Баъд аз анҷоми суханронии Президенти академия олимон Улмас Мирсаидов, Кароматулло Олимов, Яқубова Муҳиба, Талбак Назаров ва дигарон суханронӣ намуда, дархосту пешниҳодҳои худро ҷиҳати рушди соҳаи илм дар Тоҷикистон ва бартараф намудани мушкилотҳои мавҷуда иброз доштанд.