Мувофиқи Амри Президенти АМИТ, академик Ф. Раҳимӣ аз 06.04.2023 таҳти рақами № 30001/23-208 ва бо даъвати роҳбарияти Институти бизнес ва технологияи Гансуи ҶХХ, рӯзҳои 5-12 майи соли 2023, академик Илолов Мамадшо, роҳбари Шуъбаи моделсозии риёзии протсесҳои динамикии Марказ ва Раҳматов Ҷ.Ш. муовини директори Марказ дар сафари хизматӣ буданд. Сафари онҳо мутобиқи барномаи аз ҷониби мизбонон таҳияшуда баргузор гардид.