Марказ

    Марказ

      Дар доираи лоиҳаи SATREPS «Ташаккули системаи гармидиҳии декарбонизатсияшуда бо истифода аз манбаи гармии заминӣ» марҳилаи якўми сохтмони нерӯгоҳи намоишии насоси гармии геотермалӣ анҷом ёфт. Пармакунии чоњи дуйум ба охир расид, барои гузарондани тадқиқоти минбаъда қубурҳои пластмасӣ барои мубодилаи гармӣ ва датчикҳои ҳароратӣ гузошта шуданд. Дар сурат: бригадаи инженерони япон, намояндагони МРИИТН АМИТ ва JICA, инчунин гурўҳи кории пармачиён. 

      23 июни соли 2023  дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Конферентсияи 3-юми минтақавии илмӣ-амалии «Илми муосир: саволњои мубрам, дастовардҳо ва инноватсияҳо» кори худро оғоз намуд. Дар аввал академики АМИТ, профессор Илолов М., директори Марказ Кодиров А.С. ва муовини директори Марказ Раҳматов Ҷ.Ш. сухани ифтитоҳӣ гуфтанд ва баъд аз он кори конференсия шуруъ шуд. Конференсия мувофиқ ба ҷадвал кори худро бурда, дар он аз тарафи иштирокчиён баромадҳо пешкаш шуданд.

    25 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок» доир шуд. Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» ва эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид.

    Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин аз руи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гузоштанд.

    Дар ҳузури сарони давлатҳо 13 санади нав имзо шуд;

    - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ;

      Мувофиқи Амри Президенти АМИТ, академик Ф. Раҳимӣ аз  06.04.2023 таҳти рақами № 30001/23-208 ва бо даъвати роҳбарияти Институти бизнес ва технологияи Гансуи ҶХХ, рӯзҳои 5-12 майи соли 2023, академик Илолов Мамадшо, роҳбари Шуъбаи моделсозии риёзии протсесҳои динамикии Марказ ва Раҳматов Ҷ.Ш. муовини директори Марказ дар сафари хизматӣ буданд.  Сафари онҳо мутобиқи барномаи аз ҷониби мизбонон таҳияшуда баргузор гардид. 

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search