Дар доираи лоиҳаи SATREPS «Ташаккули системаи гармидиҳии декарбонизатсияшуда бо истифода аз манбаи гармии заминӣ» марҳилаи якўми сохтмони нерӯгоҳи намоишии насоси гармии геотермалӣ анҷом ёфт. Пармакунии чоњи дуйум ба охир расид, барои гузарондани тадқиқоти минбаъда қубурҳои пластмасӣ барои мубодилаи гармӣ ва датчикҳои ҳароратӣ гузошта шуданд. Дар сурат: бригадаи инженерони япон, намояндагони МРИИТН АМИТ ва JICA, инчунин гурўҳи кории пармачиён.