Марказ

    Марказ

    Имрӯзҳо (10-13 июни соли 2024) дар дар шаҳри Душанбе, Пойтахти азизамон Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 дар ҳошияи РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ баргузор шуда истодааст.

    11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ


    Муовини директори Марказ Рахматов Дж.Ш. ва мудири шуъбаи рушди инноватсионии илм  Зубайдов С. дар 45-умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои назди Раёсати АМИТ. санаи 09.06.2024. ба ҳайси аъзои ҳакамон дар бахши “Ихтироот” иштирок намуданд.

    <

    29 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки  узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, ҷаноби Тошихико АИКИ семинари SATREPS, ки дар Осиёи Марказӣ аввалин маротиба гузаронида шуд. Директорони созмонҳои тадқиқотии марбута, профессорони донишгоҳи Акита, профессори донишгоҳи Ҳоккайдо, намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) иштирок намуданд.

    Дар суханронии ифтитоҳии ҷаласа президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз баргузории семинар дар шаҳри Душанбе ҷиҳати мубодилаи манфиатҳои лоиҳаи SATREPS барои рушди илм дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро дар Тоҷикистон нишон дод. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки ҳамкории дуҷониба байни  Тоҷикистону Ҷопон дар самти табодули донишҳои илмӣ бештар зарур аст.

    Рӯзи 25.05.2024 дар Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Сиёсати дохилӣ ва берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди амалишавии барномаи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои гидроэнергетикӣ» баргузор гардид.

    Дар кори конференсия директори Марказ Кодиров А.С., мудири шуъбаи рушди инноватсионии илм Зубайдов С. ва ходими калони илмӣ Бурҳонов С.Р. ширкат варзида, маърӯза намуданд.

     

    21 майи соли равон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта бо иштироки раёсат ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ баргузор гардид.

     Дар интиҳои чорабинӣ як қатор устодону кормандон ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»

    Таърихи 5 майи соли 2024 миёни Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ ва Донишгоҳи почта ва телекоммуникасияи Чунсин (Ҷумҳурии Халқии Чин)  Созишнома оид ба тадқиқоти муштарак дар чорчуби Барномаи асосӣ таҳти унвони "Ҳамкории байниҳукуматии байналмилалии илмӣ ва технологияи инноватсионӣ" дар доираи нақшаи тадқиқот ва рушди Чин ба имзо расид.

    Page 1 sur 4

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search