29 Янв 2025

    Иштироки мутахассисони соҳаи Гидрологияи изотопӣ дар чорабинии АБНА

    Ҳоло дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо ташаббуси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ чараён дорад.

    Чорабинӣ рӯзи 27 январ оғоз шуда, рӯзи 31 январ ба анҷом мерасад.

    Дар чорабинии мазкур н.и.т. Кодиров Анвар Саидкулович, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (мутахассиси самти гидрологияи изотопӣ) ширкат варзид.

    Ҳадафи асосии чорабинии мазкур аз мубодилаи таҷриба ва баррасии истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ иборат буда, барои рушди минбаъдаи ин усул номгӯи чорабиниҳо коркард гардид.

    Қайд кардан ба маврид аст, гидрологияи изотопӣ яке соҳаҳои илм маҳсуб меёбад, ки равандҳои гардиши гидрологиро бо истифода аз изотопҳои устувор ва радиоактивӣ меомӯзад. Ин усулҳои беназири омӯзиши манбаъҳои об, синну сол, гардиш, бухоршавӣ ва таъсири мутақобила бо дигар ҷузъҳои муҳити зистро пешниҳод мекунад.

    Рӯзи 28 январи соли 2025 Кодиров А.С. дар мавзӯи “Ensuring water availability in Central Asia amid a changing climate” бо забони англисӣ баромад намуданд.

    Read 50 times Last modified on %PM, %29 %896 %2025 %20:%Янв

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search