29 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, ҷаноби Тошихико АИКИ семинари SATREPS, ки дар Осиёи Марказӣ аввалин маротиба гузаронида шуд. Директорони созмонҳои тадқиқотии марбута, профессорони донишгоҳи Акита, профессори донишгоҳи Ҳоккайдо, намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) иштирок намуданд.
Дар суханронии ифтитоҳии ҷаласа президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз баргузории семинар дар шаҳри Душанбе ҷиҳати мубодилаи манфиатҳои лоиҳаи SATREPS барои рушди илм дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро дар Тоҷикистон нишон дод. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Ҷопон дар самти табодули донишҳои илмӣ бештар зарур аст.