03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон аз озмоишгоҳи санҷиши таҳлили сифати об боздид намуданд.
03 декабри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон аз озмоишгоҳи санҷиши таҳлили сифати об боздид намуданд.
Ҳоло дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо ташаббуси Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) чорабинӣ вобаста ба масъалаҳои истифодаи усулҳои гидрологияи изотопӣ ҳангоми омӯзиши захираҳои обӣ чараён дорад.
Чорабинӣ рӯзи 27 январ оғоз шуда, рӯзи 31 январ ба анҷом мерасад.
Имрӯзҳо (10-13 июни соли 2024) дар дар шаҳри Душанбе, Пойтахти азизамон Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 дар ҳошияи РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ баргузор шуда истодааст.
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ
Муовини директори Марказ Рахматов Дж.Ш. ва мудири шуъбаи рушди инноватсионии илм Зубайдов С. дар 45-умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои назди Раёсати АМИТ. санаи 09.06.2024. ба ҳайси аъзои ҳакамон дар бахши “Ихтироот” иштирок намуданд.
<
29 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, ҷаноби Тошихико АИКИ семинари SATREPS, ки дар Осиёи Марказӣ аввалин маротиба гузаронида шуд. Директорони созмонҳои тадқиқотии марбута, профессорони донишгоҳи Акита, профессори донишгоҳи Ҳоккайдо, намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) иштирок намуданд.
Дар суханронии ифтитоҳии ҷаласа президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз баргузории семинар дар шаҳри Душанбе ҷиҳати мубодилаи манфиатҳои лоиҳаи SATREPS барои рушди илм дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро дар Тоҷикистон нишон дод. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Ҷопон дар самти табодули донишҳои илмӣ бештар зарур аст.
Рӯзи 25.05.2024 дар Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Сиёсати дохилӣ ва берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди амалишавии барномаи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои гидроэнергетикӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия директори Марказ Кодиров А.С., мудири шуъбаи рушди инноватсионии илм Зубайдов С. ва ходими калони илмӣ Бурҳонов С.Р. ширкат варзида, маърӯза намуданд.
Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ
Суроға : ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ