27 Май 2024

    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

     

    21 майи соли равон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта бо иштироки раёсат ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳраки академӣ баргузор гардид.

     Дар интиҳои чорабинӣ як қатор устодону кормандон ва олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ҳузурдошта қадршиносӣ гардиданд.

     Ходими хурди илми Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Нажмудинова Фарзона Исматуллоевна бо Сипоснома - и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

    Read 794 times

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search