14 Фев 2024

    Вохурии фосилавӣ (онлайн) бо унвонҷӯёни Марказ, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд

    12 феврали соли 2024 директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (МРИИ ва ТН), номзади илмҳои техникӣ Кодиров А.С. бо унвонҷуёни Марказ, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, вохӯрии фосилавӣ (онлайн) гузаронид.
    Дар вохӯрӣ Азуми Садрия (ҳамоҳангсози лоиҳаи iTAG-SAREPS) низ иштирок намуданд.
    Дар вохӯрӣ сараввал масъалаҳои буду боши унвонҷӯён ва баъдан супоришҳое, ки Президенти АМИТ, д.и.и., профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони МРИИ ва ТН (07.02.2024 с.) ташкил шуда буд, баррсӣ намуданд.
    Ёдовар мешавем, ки дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи МРИИ ва ТН ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон 3 нафар (2 нафар дар бахши магистратура ва 1 докторанти PhD) ва 1 нафар дар Донишгоҳи почта ва коммуникатсияи Ҷончини Ҷумҳурии Мардумии Хитой дар зинаи доктори ҳабилитат таҳсил доранд.
    Read 349 times

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search