27 Май 2024

    ҲИСОБОТИ

    Солона оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    дар соли 2022

     

    1. Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ

    1.1.Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмӣ

     

    Лоиҳа: Коркард ва сохтани система ва таҷҳизоти инноватсионии гибридӣ барои истеҳсоли энергияҳои электрикӣ ва ҳароратӣ дар асоси захираҳои энергетикии барқароршаванда. РД № 0118 TJ 00911.

    Роҳбари лоиҳа: академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика  Илолов М.И.

    Кори илмию таҳқиқотӣ дар якчанд самт идома дода шуд Шартҳои устувории баъзе синфҳои муодилаҳои дифференсиалии оддӣ ва стохастикӣ  дар маънии Улам-Хайерс ёфта шуданд. Таснифи системаҳои офтобии фотоволтаии пайгирӣ ва хусусиятҳои онҳо дар шароити табии Тоҷикистон оварда шудааст. Динамикаи энергияи электрикӣ ва гармии муфиди дастгоҳи фотоэлектрикии термалии офтобӣ таҳқиқ карда шуд.  Қиматҳои моҳонаи экстремалӣ ва миёнаи ҳарорати модули фотоэлектрикӣ ва ҳарорати ҳавои маҳал (ш. Хуҷанд) муаайян карда шуданд. Динамикаи шабонарӯзӣ ва мавсимии  энергияи  гармии захирашуда дар маводи модули фотоэлектрикӣ  (МФЭ) бо назардошти хуссусияти стохастикии нури офтоб ва иқлими маҳал омӯхта шуд.  Муқаррар карда шуд, ки бузургии миёнасоланаи <Тмах–Тмиёна> МФЭ 200С-ро ташкил медиҳад.  Дар мавсими зимистон <Тмах–Тмиёна>  то 150С кам мегардад.  Муайян карда шудааст, ки  энергияи  гармии захирашуда дар маводи ҷилд зариби пасти коррелятсия (0,18)-ро бо тавоноии электрикии СФТУ дорад.  Камшавии тавлиди энергияи электрикӣ аз ҳисоби афзоиши ҳарорати модул дар ҳудуди 1-2%  бо тавлиди энергияи гармии дастгоҳи офтобии гибридӣ ҷуброн карда мешавад. Энергияи захирашуда ΔWакк-и СФТУ дар нимарӯз ба  50 Втст/м2 ё 1,5% аз суммаи шабонарӯзии хоси СИ мерасад. Энергияи гармии шабонарӯзии муфиди СФТУ 2кВт/м2-ро ташкил медиҳад. Суммаи  хоси шабонарӯзии СИ қариб 3,5кВтст/м2-ро дар моҳи октябр ташкил медиҳад. Тавлиди шабонарӯзии энергияи электрикии СФТУ ҳагоми қариб8% будани самараноокии электрикӣ 280 Втч/м2-ро ташкил медиҳад. Самаранокии умумии электрикӣ  ва гармии СФТУ ба 58% баробар аст.

    Ҳолати муосир ва дурнамои истифодаи технологияҳои ҳидрогенӣ (ТҲ) дар давлатҳои тараққикарда – Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Хитой, ИМА, Россия вав ғайраҳо тафсир ва баҳодиҳӣ карда шуд.  Дурнамои  истифодаи ҳидроген ва технологияҳои ҳидрогенӣ  дар соҳаҳои васеи иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва ғайра нишон дода шуд. Татбиқи васеи ТҲ дар нақлиёт (Дания, Хитой, ИМА,Ҷопон ва ғайра) дар соли 2030 пешбинӣ кардам мешавад, вақте, ки арзиши ТҲ 2,2 доллари ИМА-ро барои 1 кг ташкил медиҳад ва ба арзиши сӯзишвории ҳидрокарбонӣ наздик мешавад.

    Таҳқиқот оид ба ҷамъоварии маълумот дар самтҳои зерин идома дорад:

    -обанборҳои табиӣ ва сунъии кишвар;

    -  омодагии техникӣ барои сохтани модели дарстгоҳи офтобии шинокунанда дар заминаи Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Ҳакимӣ» дар дараи Қаратоғ;

    - таҳиқи имконияти истифодаи обанбори ирригатсионии Муминобод барои сохани нерӯгоҳи офтобии шинокунанда;

    - таҳқиқи гузариши давраи таъминоти барқ ба пойгоҳҳои насосии обрасонӣ дар реҷаи автоматӣ бо истифодаи энергияи офтобӣ.

    Ҳолати мавҷуда дар соҳи истифодаи неругоҳҳои хурди обии барқӣ дар Тоҷикистон ва самаранокии иқтисодии онҳо таҳлил  ва баҳогузорӣ карда шуд.

    Технологияи моделии пӯшаи композитсионӣ коркард шуд,  ки ба даст овардани мушаххасаҳои зурурии баиститфодадиҳии маводи бисёрқабатаро таъмин менамояд; маводи аввалияи қабати берунии пӯша ва тарзи тайёр кардани ҷилд барои ворид каордани он интихоб ва асоснок карда шуд.

    20 навъи топинамбур дар шароити ноҳияҳои Кушониён (450 м аз сатҳи баҳр) ва Данғара (600 м аз сатҳи баҳр) барои муайян кардани ҳосилнокии онҳо дар қисми ҷанубии кишвар, 22 навъи топинамбур дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ (дар баландии 840 м аз сатҳи баҳр) кошта шуд.

    Масъалаи рушди минбаъдаи илми ватанӣ ва робитаи он бо коркарди технологияҳои нав ва маводҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот таҳқиқ карда шуд. Муайян карда шуд, кияке аз шартҳои  муҳимии рушди минбаъдаи илми инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисттон татбиқи технологияҳои муосири инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар мебошад.

    Масъалаи асосие, ки ба рушди фаъолияти инноватсионӣ мусоидати бевосита расонида метавонад, ин ба вуҷуд овардани низоми миллии дастгирии инноватсияҳо, рушди технологияҳо, навсозии истеҳсолот дар асоси коркардҳои нави илмию техникӣ мебошад, ки гузариши иқтисодиёти кишварро ба роҳи инноватсионии рушд таъмин карда метавонад.

    Китоби илмию оммавии “Илм, технология ва инноватсия” ба чоп расонида шуд, ки  дар он нақши илм ва таҳқиқотҳои илмии бунёдию амалӣ дар бадастоварии донишҳо, табдили ин донишҳо  ба ғояҳои илмӣ, дар заминаи ин ғояҳо  ба вуҷуд овардани технологияҳо ва табдил додани донишҳои илмию технологияҳо ба инноватсияҳо ва  татбиқ намудани молу хизматрасониҳои инноватсионии донишасос дар иқтисодиёт мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шудааст.

    Китобчаи “Моликияти зеҳнӣ ва хусусиятҳои он дар таҳқиқоту  коркардҳои илмӣ” ба нашр расонида шуд. Дар китобчаи мазкур моликияти зеҳнӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти зеҳнии инсон ва хусусияти он дар таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ баррасӣ гардида, дар он оид ба объектҳои асосии моликияти зеҳнӣ маълумот оварда шудааст.

    Динамикаи энергияи электрикии муфиди дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар давраи гузариши мавсимҳои зимистон-баҳор-тобистон таҳқиқ карда шуд.  Дар охири зимистон ва дар оғози баҳор ҳавои абрнок мушоҳида карда шуд, вақте, ки басомад ва давомнокии рӯзҳои офтобии равшан камтарин буданд. Барои баҳодиҳии энергияи электрикии муфид тавлиди шабонарӯзии дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ чен карда шуд. Дар асоси захираи маълумоти ченгирии энергияи электрикии муфиди дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ, зарибҳои моҳонаи шаффофияти атмосфера ва абрнокии маҳал дар давраи март-майи соли 2022 муайян карда шуданд.  Тавлиди моҳонаи энергияи электрикии муфид тавлиди шабонарӯзии дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бо масоҳати  1,8 м2 дар моҳи март 3,356 кВст., дар моҳи апрел 8,847 кВ.ст. ва дар моҳи май 8,556Квст.-ро ташкил дод. Тавлиди зиёдтарини дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар моҳи март 358Вст., дар моҳи апрел 381 В.ст. ва дар моҳи май 421 Вст.-ро ташкил дод. Тавлиди миёнаи шабонарӯзии дастгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар моҳи март 108 Вст., дар моҳи апрел 295 В.ст. ва дар моҳи май 272 Вст.-ро ташкил дод.

    Муқоисаи нишондиҳандаҳои техникии ҳисобии захирасозии энергияи офтобӣ дар намуди сӯзишвории ҳидрогенӣ гузаронида шуд. Технологияҳои маълуми сикли бефосилаи истеҳсоли сӯзишвории ҳидрогенӣ реҷаи ҷараёни доимии электролизи обро талаб мекунанд.  Реҷаи стохастикии воридшавии шуоъи офтобӣ ба зарурати коркарди технологияи захирасозӣ дар тавоноии электрикии тағйирёбанда боис мегардад. Барои ин батареяҳои аккумулаторӣ ва инвенторҳо истифода мешаванд. Дар ин маврид самаранокии энергетикии дастгоҳ 2 маротиба кам мешавад.  Дастгоҳҳои намоишии электролизи об бо тавоноии 1-3 кВт барои истифодаи шабакаҳои электрикии саноатӣ ҳисоб карда шудаанд.

     Нашъунамои топинамбур  дар ноҳияҳо ва вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ таҳқиқ карда  шудааст. Нишон дода шудааст, ки нашъунамои растанихо ба баландӣ аз сатхи баҳр вобаста аст.

    27 Май 2024

    ҲИСОБОТИ

    Солона оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    дар соли 2021

     

    1. Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ

    1.1.Натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмӣ

    Лоиҳа: Коркард ва сохтани система ва таҷҳизоти инноватсионии гибридӣ барои истеҳсоли энергияҳои электрикӣ ва ҳароратӣ дар асоси захираҳои энергетикии барқароршаванда. РД № 0118 TJ 00911.

    Роҳбари лоиҳа: академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика  Илолов М.И.

    Дар доираи амалисозии лоиҳа дар соли 2021 натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд:

      Таносуби аналитикӣ байни параметрҳои электрикии модулҳои фотоволтӣ ва омилҳои муҳити берунӣ,мисли радиатсияи офтоб ва ҳарорат ёфта шудааст.  Решаҳои муодилаи трансцендентии дахлдор бо ёрии W-функсияи Ламберт ҳисоб карда шудаанд.  Таҳқиқоти масъалаҳои ҳалшавандагии масъалаҳои ибтидоӣ барои муодилаҳои касрии таҳаввулотии тартиби касрӣ дар фазои банахӣ идома дода шуданд.  Татбиқи ин натиҷаҳо барои масъалаҳои ибтидоии канории физикаи математикӣ бо тартибҳои касрӣ, ки аз рӯйи вақт ҳосил карда шудаанд, нишон дода шудаанд.  Аломатҳои мавҷудияти ҳаллҳои муодилаҳои дифференсиалии тоқи тартиби касрӣ ёфта шудаанд.

     Технологияи соддакардашудаи ҳосил кардани гетерогузаришҳо дар асоси графен ва кремний коркард шуд.  Натиҷаи техникӣ бо роҳи зерин ба даст оварда шуд: хокаи графен ба сатҳи ҷилди кремнийӣ бо ғафсии 0,4-0,5 мм ва масоҳати 1х1 см2 пошида мешавад. Ҷилд  дар таҷҳизи махсус насб карда  мешавад, ки дар он бо усули фишор-лағзиш (соишдиҳӣ) бо ёрии сараки силиндршакл аз маводи чандир раванди соишдиҳии графен дар сатҳи ҷилди кремнийӣ амалӣ карда  мешавад.  Дар ин маврид фмшори сарак ба қабати графени ба сатҳи ҷилд пошидашуда танзим карда  мешавад.  Сараки силиндршакл бо суръати 1-2 см/сония ҳаракати пешравию чархзанӣ менамояд. Фишори сараки силиндршакл ба қабати графен ба 2—30 грамм/см2 баробар буд. Раванди соишдиҳӣ дар муддати 1-2 дақиқа амалӣ карда шуд.  Баъди анҷом додани раванди соишдиҳии қабати графен дар ҷилди кремнийӣ, дар сатҳҳои намуна аз ҳар ду тараф электродҳои металлии ҳалқашакл насб карда мешаванд.  Ченгирии мушаххасаи волтамперӣ нишон дод, ки гетерогузариши графен-кремний  хосияти  росткунандагӣ бо зариби 45-240-ро  вобаста ба  шиддати гузошташуда дорад. Ошкор карда шуд, ки гетерогузариши графен-кремний нисбат ба нури инфрасурхӣ ҳассос аст.

    Таҳлили таҷрибаи муосири танзими ҷараёни обии обанборҳои бузургтарини ҳавзаи баҳри Арал гузаронида шуд. Нишон дода шудааст, ки гидроэнергетика аз ҳисоби сохтмони НБО-ҳои бузург бо обанборҳо ҳаҷми умумии ҷориши дарёро барои обёрии давлатҳо ва истеъмолкунандагони поёноб  тағйир намедиҳад, вале имконияти танзими онро дар фаслҳо ва реҷаҳои чандсола имконият медиҳад.  Гирифти бебозгашти ҷараёни об ҳангоми пуршавии обанбор танҳо дар миқдори баробар ба ҳаҷми мурдаи он, ки одатан назарногир аст, рӯй медиҳад. Ҳаҷми муфиди обанбо бошад, на танҳо ҳаҷми обро барои обёрӣ кам еамекунад, балки, баръакс, онро аз ҳисоби  танзим (ҳам мавсимӣ ва ҳам бисёрсола) зиёд менамояд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли энергияи электрикии НБО аз реҷаҳои танзими ҷараёни обии дарё вобаста намебошад. Масъалаи истифодаи муштараки ҷараёни дарё ба манфиати гидроэнергетика ва обёрӣ дар муносибгардонӣ ва мувофиқасозии манфиатҳои онҳо нисбат ба реҷаҳои танзими ҷараёни  дарё байни давлатҳои минтақа мебошад.

    Таҳқиқи таъсири шароити иқлимии маҳал  ва метеопараметрҳо ба тавлиди энергияи электрикӣ ва гармии дастгоҳи офтобии гибридӣ гузаронида шуд.  Хазинаи маълумот оид ба тавлиди энергияи электрикӣ ва гармии дастгоҳи офтобии гибридӣ  дар чоряки якуми соли 2020 таҳлил карда шуд. Давраи рӯзҳои равшан бо тавлиди зиёди энергия (бештар аз 0,8 максималӣ) 4-5 рӯзро ташкил медиҳад ва сипас рӯзҳои тира меоянд, ки дар онҳо тавлид амалан баробари сифр аст. Методикаи  баҳодиҳии шаффофияти миёнаи атмосфера барои фосилаи шабонарӯзӣ, панҷрӯза, ҳафтаина, даҳрӯза, моҳона ва яксолаи вақт аз рӯйи тавлиди энергияи дастгоҳи гибридӣ коркард шуд.

    Таҳлили ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар вурудгоҳ ва хуруҷгоҳи дастгоҳи гибридӣ дар давраи октябри соли 2020- марти соли 2021 гузаронида шуд.  Коррелятсия (мутобиқатӣ)-и тавлиди муфиди энергияи гармӣомӯхта шуд, ки он бо фарқи ҳарорати ҳаво дар вурудгоҳ ва хуруҷгоҳи дастгоҳ бо ҳарорати ҳавои маҳал муайян карда мешавад. Муқоисаи натиҷаҳо бо маълумоти тавлиди дастгоҳ, ки дар давраи октябри соли 2019 – марти соли 2020 ба даст оварда шудаанд, гузаронида шуд. Еишон дода шуд, ки ҳарорати шабонарӯзии ҳавои маҳал (ш. Хуҷанд) дар даҳаи якуми моҳи январи соли 2021 назар ба ҳамин давраи соли 2020 ба қадри 6,5°С камтар аст. Беҳтаршавии шаффофияти атмосфера пас аз минимуми ҳарорати ҳавои маҳал - 8,3°С саҳари 8 январи соли 2021 ошкорикарда шуд. Дар 3 рӯзи равшани оянда тавлиди нисбии энергияи гармӣ аз 0,8 то 1 зиёд шуд.

    Нишон дода шудааст, ки  тавлиди миёнаи шабонарӯзии энергия дарфосилаи ҳафтаина ва даҳрӯза мутобиқ ба зиёдшавии умумии шуоъи офтобӣ дар ин давра дар арзҳои шимолӣ афзоиши мунтазам дорад. Тавлиди миёнаи дастгоҳ дар фосилаи шабонарӯзӣ ва панҷрӯза тағйир меёбад, ки ин ба равандҳо дар атмосфера ва ба тағйироти шаффофияти оптикии он алоқаманд мебошад.

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search