Академики АМИТ, Илолов Мамадшо бо даъвати кумитаи тадорукоти Симпозиуми 49-ӯм оид ба энергияи геотермалӣ рӯзҳои 11-15 феврали соли 2024 дар сафари хизматӣ дар ИМА (Донишгоҳи Стенфорд, Пало-Алто, Калифорния) қарор дошт.
Рӯзи 13.02.2024 дар иҷлосияи 7 (В) таҳти унвони «Моделсозӣ» ба сифати раисикунанда иҷрои вазифа намуда, рӯзи 14.02.2024 дар иҷлосияи 12 (А) «Моделсозӣ» бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «On the Inverse Problems of Geothermics» («Дар бораи масъалаҳои баръакси геотермия») суханронӣ намуд.
Дар ҳошияи иҷлосияҳои Симпозиум бо гурӯҳи калони мутахассисони соҳа аз кишварҳои мухталифи дунё вохӯриҳо гузаронда, ба онҳо доир ба таҳқиқотҳои олимони АМИТ ва дигар марказҳои илмии Тоҷикистон маълумот дастрас намуд.
Маълумоти пурраро инҷо бинед:
https://pangea.stanford.edu/ERE/db/GeoConf/papers/SGW/2024/Ilolov.pdf?t=1706785017