20 Фев 2024

    Академики АМИТ, Илолов Мамадшо бо даъвати  кумитаи тадорукоти Симпозиуми 49-ӯм оид ба энергияи геотермалӣ рӯзҳои 11-15 феврали соли 2024 дар сафари хизматӣ дар ИМА (Донишгоҳи Стенфорд, Пало-Алто, Калифорния) қарор дошт.

     Рӯзи 13.02.2024 дар иҷлосияи 7 (В) таҳти унвони «Моделсозӣ» ба сифати раисикунанда иҷрои вазифа намуда, рӯзи 14.02.2024 дар иҷлосияи 12 (А) «Моделсозӣ»   бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «On the Inverse Problems of Geothermics» («Дар бораи масъалаҳои баръакси геотермия») суханронӣ намуд.

    15 Фев 2024

    Имрӯз (15.02.2024) кормандони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ дар Семинари омузишӣ оид ба «Рушди шабакаи миллии марказҳои дастгирии технологӣ  ва инноватсионӣ дар Точикистон» иштирок намуданд.

    Семинари мазкур аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. 

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search