Рӯзи 25.05.2024 дар Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Сиёсати дохилӣ ва берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди амалишавии барномаи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои гидроэнергетикӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия директори Марказ Кодиров А.С., мудири шуъбаи рушди инноватсионии илм Зубайдов С. ва ходими калони илмӣ Бурҳонов С.Р. ширкат варзида, маърӯза намуданд.
Бояд қайд кард, ки Кодиров А.С. дар мавзуи «Масъалаҳои асосии энергияи барқароршаванда ва тамоюли рушд он дар Тоҷикистон», Зубайдов С. дар мавзуи «Амсилаи муодилаи якченакаи диффузияи гармӣ бо истифода аз қонуни нигоҳдории энталпия барои ях» ва Бурҳонов С. дар мавзуи «Коркарди технология ҷиҳати ҳифзи экосистемаи табиӣ ҳангоми истифодаи захираҳои рекреатсионӣ» баромад намуданд.