Марказ

    Марказ

    Академики АМИТ Илолов Мамадшо рузҳои 14-19 апрели соли 2024 дар сафари хизматӣ дар Фаронса қарор дошт. Он кас бо даъвати Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии SILICON PV – 2024, ки дар шаҳри Шамберии Фаронса баргузор гардид, иштирок намуда бо маъруза таҳти унвони “Maximum Power Point Tracking Using Adaptive Neuro-Fuzzy Inference Systems

    16 апрели соли равон мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баргузор гардид.

    Дар мулоқот аз АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Қодиров А.С, аз намояндагии Ҷопон ноиби президенти Мактаби олии захираҳои байналмилалии Донишгоҳи Акита, профессор Хикари Фудзи, профессори Донишгоҳи Акита Фумиаки Инагаки ва Имай Сейдзю намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

     

    09 апрели соли 2024 дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Конференсияи илмӣ-амалии   ҷумҳуриявии   «Энергияи сабз кафили рушди устувор» баргузор гардид.

    1 марти соли 2024 мутахассисони муассисаи байналмилалии IFC (International Finance Corporation) профессор Андреа Москариелло ва профессор Санжеев Кумар бо ҳамроҳии кормандони JICA Азуми Садриа, ва Файзибаев Дж. ба Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ барои иштирок дар мизи мудаввар, ташриф оварданд. Дар мизи мудаввар ба тариқи онлайн олимони Ҷопон проф. Инагаки, доктор Саид Бино, профессор Султонов М. ва ғайра иштирок доштанд.

    Мақсади ташриф, шиносоӣ бо рафти кори муштараки олимони Марказ ва Донишгоҳи Акита таҳти лоиҳаи «Project for the Development of a

    Санаи 27 феврали соли 2024 кормандони Марказ ва гурӯҳи кории телевизиони Сафина, барои ба тасвир гирифтани истгоҳи тадқиқотии фотоволтаикии Марказ, ба маҳали Бойғозӣ сафар доштанд.

    Академики АМИТ, Илолов Мамадшо бо даъвати  кумитаи тадорукоти Симпозиуми 49-ӯм оид ба энергияи геотермалӣ рӯзҳои 11-15 феврали соли 2024 дар сафари хизматӣ дар ИМА (Донишгоҳи Стенфорд, Пало-Алто, Калифорния) қарор дошт.

    Имрӯз (17.02.2024) дар асоси дастури Раёсати АМИТ кормандони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ ба корҳои ободонӣ машғул буданд.

    Имрӯз (15.02.2024) кормандони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ дар Семинари омузишӣ оид ба «Рушди шабакаи миллии марказҳои дастгирии технологӣ  ва инноватсионӣ дар Точикистон» иштирок намуданд.

    Семинари мазкур аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. 

    12 феврали соли 2024 директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (МРИИ ва ТН), номзади илмҳои техникӣ Кодиров А.С. бо унвонҷуёни Марказ, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, вохӯрии фосилавӣ (онлайн) гузаронид.
    Дар вохӯрӣ Азуми Садрия (ҳамоҳангсози лоиҳаи iTAG-SAREPS) низ иштирок намуданд.
    Page 1 sur 3

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search