Матлабҳои рӯз
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ АКИТАИ ҶОПОН
16 апрели соли равон мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баргузор гардид. Дар мулоқот аз АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Қодиров А.С, аз намояндагии Ҷопон ноиби президенти Мактаби олии захираҳои байналмилалии Донишгоҳи Акита, профессор Хикари Фудзи, профессори Донишгоҳи Акита Фумиаки Инагаки ва Имай Сейдзю намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Энергияи сабз кафили рушди устувор»
09 апрели соли 2024 дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Энергияи сабз кафили рушди устувор» баргузор гардид. Конференсияро директори Марказ Кодиров Анвар бо суханони ифтитоҳӣ кушода эълон намуд. Бахши пленарӣ Илолов М., Гулджонов Д.Н., Рахматов Дж.Ш. «Нечеткие контроллеры и слежение за точкой максимальной мощности в фотоэлектрических системах» Кодиров А.С. «Тағйирёбиҳои иқлимӣ ва таъсри он ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон» Азизов Р.О. «Монтаж основания буровой установки для бурения глубоких и сверхглубоких скважин»
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Энергияи геотермалӣ ва истифодаи он дар Тоҷикистон»
1 марти соли 2024 мутахассисони муассисаи байналмилалии IFC (International Finance Corporation) профессор Андреа Москариелло ва профессор Санжеев Кумар бо ҳамроҳии кормандони JICA Азуми Садриа, ва Файзибаев Дж. ба Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ барои иштирок дар мизи мудаввар, ташриф оварданд. Дар мизи мудаввар ба тариқи онлайн олимони Ҷопон проф. Инагаки, доктор Саид Бино, профессор Султонов М. ва ғайра иштирок доштанд. Мақсади ташриф, шиносоӣ бо рафти кори муштараки олимони Марказ ва Донишгоҳи Акита таҳти лоиҳаи «Project for the Development of a Decarbonized Heat Energy Supply System using Ground Heat Source».
Сафари кории олимони Марказ
Санаи 27 феврали соли 2024 кормандони Марказ ва гурӯҳи кории телевизиони Сафина, барои ба тасвир гирифтани истгоҳи тадқиқотии фотоволтаикии Марказ, ба маҳали Бойғозӣ сафар доштанд. Мақсади сафар: нишон додани рафти кори тадқиқотӣ дар дастгоҳи шинокунандаи фотоволтаикӣ, бартариҳои он нисбат ба тарзи насби маъмулӣ, аҳамияти энергетикии он дар системаи электро-энергетикии кишвар.
Сафари хизматии мудири шуъбаи моделсозии риёзии протсесҳои динамикии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, академики АМИТ Илолов Мамадшо ба ИМА (Донишгоҳи Стенфорд, Пало-Алто, Калифорния)
Академики АМИТ, Илолов Мамадшо бо даъвати кумитаи тадорукоти Симпозиуми 49-ӯм оид ба энергияи геотермалӣ рӯзҳои 11-15 феврали соли 2024 дар сафари хизматӣ дар ИМА (Донишгоҳи Стенфорд, Пало-Алто, Калифорния) қарор дошт. Рӯзи 13.02.2024 дар иҷлосияи 7 (В) таҳти унвони «Моделсозӣ» ба сифати раисикунанда иҷрои вазифа намуда, рӯзи 14.02.2024 дар иҷлосияи 12 (А) «Моделсозӣ» бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «On the Inverse Problems of Geothermics» («Дар бораи масъалаҳои баръакси геотермия») суханронӣ намуд.
Чорабиниҳои илмӣ
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ АКИТАИ ҶОПОН
16 апрели соли равон мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон…
Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии «Энергияи сабз кафили рушди устувор»
09 апрели соли 2024 дар Маркази рушди инноватсионии илм ва…
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Энергияи геотермалӣ ва истифодаи он дар Тоҷикистон»
1 марти соли 2024 мутахассисони муассисаи байналмилалии IFC (International Finance…
Сафари кории олимони Марказ
Санаи 27 феврали соли 2024 кормандони Марказ ва гурӯҳи кории…