18 Апр 2024

    МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ АКИТАИ ҶОПОН

    16 апрели соли равон мулоқоти Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндагони Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баргузор гардид.

    Дар мулоқот аз АМИТ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ Мирвайсов Мамурҷон, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ Қодиров А.С, аз намояндагии Ҷопон ноиби президенти Мактаби олии захираҳои байналмилалии Донишгоҳи Акита, профессор Хикари Фудзи, профессори Донишгоҳи Акита Фумиаки Инагаки ва Имай Сейдзю намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

    Зимни мулоқот нахуст Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба ҳамкориҳои дуҷонибаи зинаҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ва доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ба мувофиқа омада, барои густариш додани равобитҳо масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд.

    Дар мулоқот таъкид шуд, ки мо бояд ҳамкориҳои худро дар зинаҳои магистратура ва докторантура ба роҳ монда, дар доираи ин ҳамкориҳои худро тақвият бахшем. Ҳамзамон зикр шуд, ки олимони ҷавон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои омухтани таҷриба ва ё курсҳои такмили ихтисос метавонанд ба Донишгоҳи Акитаи Ҷопон худро сапти ном кунанд. Роҳбарияти академия ба намояндагии Ҷопон пешниҳод намуд, ки мо метавонем дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази омӯзиши забони ҷопониро роҳандозӣ намоем. Ин иқдом метавонад барои таҳсил намудани олимони ҷавон дар зинаҳои магистрантураву докторантура дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон мусоидат намояд. Дар ибтидо аз ҷониби тарафайн барои боз ҳам мусаҳкам гардидани ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ дар моҳи сентябр симпозиюми байналмилалӣ бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистону Ҷопон ба нақша гирифта шуд.

       

    Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро дар соҳаи илмҳои захираҳои геотермалӣ дар самтҳои зерин инкишоф диҳад:

     таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои илмии муштарак;

     ташкили семинарҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки олимони ду кишвар;

     ташаккул додани дониши амиқ дар бораи Тоҷикистон ва Япония дар муассисаҳои илмии ду кишвар;

     ташкили таълими донишчуён дар муассисахои таълимии ҷонибҳо дар зинаҳои магистратура, аспирантура, докторантура;

     инкишоф додани малакаҳои муоширати байнифарҳангӣ, ташкили лексияҳои олимони тоҷик дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии Япония ва профессорҳои японӣ барои олимони АМИТ,

    гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмӣ барои олимони ҷавон;

     ташкили таҷрибаомӯзӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои олимони ду кишвар;

     иштирок дар тадқиқоти илмӣ ва лоиҳаҳои ҷорӣ, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мегузаронанд (экспедитсия, таҳқиқоти саҳроӣ);

     фароҳам овардани имконияти нашри мақолаиҳои илмии олимони тоҷик дар маҷаллаҳои илмии Япония;

     тарҷумаи китобҳои олимон, мутафаккирон, классикон ва муаллифони муосири тоҷику японӣ ба забонхои тоҷикию японӣ;

     мусоидат дар гузоштани ҳайкали мутафаккирони тоҷик дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии Япония, ки омӯзиши забони тоҷику форс машғуланд.

      

    Read 105 times

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search