2018

    Лоиҳа: Коркард ва сохтани система ва таҷҳизоти инноватсионии гибридӣ барои истеҳсоли энергияҳои электрикӣ ва ҳароратӣ дар асоси захираҳои энергетикии барқароршаванда.

    Роҳбари лоиҳа: академики АИ ҶТ, доктори илмҳои физикаю математика  Илолов М.И.

                Дар доираи лоиҳа дар чоряки якуми соли 2018 чунин натиҷаҳои илмӣ ба даст оварда шуданд:

             Макети системаи электронии худкори идоракунӣ (СХИ) бо идоракунии барномавӣ ва блоки хотираи 1 Гбайт барои ҷамъоварӣ ва ҳифз кардани маълумот аз қосидак (датчик)-ҳои рақамӣ (то 30 параметр) тайёр карда шуд.

         Дар шароити воқеии кори нерӯгоҳи офтобӣ системаҳои назорат, сабт ва қайди маълумот дар асоси микрокомпютер озмоиш карда шуданд. Сабти маълумоти ченгириҳо бефосила бо интервали муайяни вақт гузаронида мешавад. Вобаста ба вазифаҳои назоратӣ ва идоракунии кори нерӯгоҳи офтобӣ системаи худкори идоракунӣ дар реҷаи назоратӣ параметрҳои додашуда бо баровардани маълумот ба монитори компютер ё дар реҷаи сабти маълумот ба флеш-карта бе пайвасткунӣ ба компютер кор мекунад. Дар натиҷа арзиши таҷҳизоти системаи худкори идоракунӣ ва хароҷот барои истифодадиҳии нерӯгоҳҳои офтобӣ кам мегардад.

               Ба таври таҷрибавӣ кори системаи худкори идоракунӣ  (СХИ) барои назорати равандҳои истеҳсол, истеъмол ва сарфаи энергия дар шароити воқеии истифодабарии дастгоҳҳои фотоэлектрикии офтобӣ(ДФЭО)  таҳқиқ карда шуд. Таъминоти барномавӣ барои мониторинги бефосилаи параметрҳои кории ДФЭО дар миқёси вақти воқеӣ ба вуҷуд оварда шуд. СХИ бо системаи қайди маълумот дар асоси флеш-карта бо ҳаҷми 1 ГВ барои таҳқиқи таъсири ҳарорати модули фотоэлектрикӣ (PV) ба самаранокии ДФЭО истифода карда шуд. Маълумоти бадастомада оид ба ҳарорати PV–и модул барои ҳисобкунии зариби кори фоиданоки ДФЭО дар миқёси вақти воқеӣ истифода шуд. Нишон дода шуд, ки фарқи ҳароратҳои PV-модул ва ҳавои атроф ба интенсивияти нури офтоб ва бинобар ин ба тавоноии энергияи электрикии истеҳсолшаванда вобаста мебошад. Маълумот барои ҳароратҳои максималӣ, минималӣ ва миёнаи PV–модулро барои идоракунии автоматӣ ва назорати равандҳои тавлид, истеъмол ва сарфаи энергияи ҳосилкардаи ДФЭО истифода кардан мумкин аст. Дар асоси таҳқиқоти гузаронидашуда ва натиҷаҳои таҷрибавии бадастомада алгоритми таъминоти барномавӣ барои нерӯгоҳи офтобии «ақлдор» коркард карда шуд.

            Таҳқиқи таъсири параметрҳои метеорологии атмосфера ба самаранокии ДФЭО гузаронида шуд. Нишон дода шуд, ки шаффофияти атмосфера дар моҳи январ дар рӯзи беабр тавлиди шабонарӯзии максималии энергияи электрикии нерӯгоҳҳои офтобиро таъмин мекунад. Дар моҳи июл чангу ѓубори афмосфера боиси кам шудани  тавлиди шабонарӯзии нерӯгоҳ ба қадри 10% мегардад.

           Дар чаҳорчӯби озмоишҳои нерӯгоҳи офтобии алоҳида бо иқтидори 400 Вт дар бахши маишӣ дар шароити воқеии истифодабарӣ дар ш.Хуҷанд ба таври таҷрибавӣ самаранокии воқеии шабонарӯзӣ, моҳона ва солонаи неругоҳи офтобӣ таҳқиқ карда шуд. Имконияти баҳодиҳии таъсири омилҳои метеорологӣ (абрнокӣ, ҳарорати ҳаво) ва параметрҳои техникии таҷҳизоти нерӯгоҳи офтобӣ (ҳаҷми тавлид, ҳарорати PV – модул, ҳаҷми аккумулятарҳо) ба самаранокии кори нерӯгоҳ дар асоси таносуби тавлиди максималӣ ва миёнашабонарӯзии энергияи электрикӣ нишон дода шуд. Нишон дода шуд, ки тавлиди моҳонаи энергияи электрикии нерӯгоҳи офтобӣ ба қадри 30-50% аз ҳисоби абрнокӣ дар зимистон ва ба қадри 15-25% аз ҳисоби баландшавии ҳарорати PV – модул дар тобистон кам мешавад.

          Имконияти муайян кардани зариби кори фоиданоки модули фотоэлектрикӣ (МФЭ) ва тавлиди энергияи электрикии ДФЭО тибқи маълумоти мониторинги ҳарорати модули фотоэлектрикӣ нишон дода шуд. Тавлиди ҳисобии хоси моҳонаи энергияи электрикии ДФЭО 9,8 кВт. ст/м2 ҳангоми миёнашабонарӯзӣ будани зариби кори фоиданоки МФЭ  аз кремний баробари 0,195 барои моҳи декабри соли 2017 ташкил медиҳад.

            Схемаи кории системаи худкори идоракунӣ (СХИ) бо идоракунии фосилавӣ тавассути интернет ва ба даст овардани маълумот оид ба кори нерӯгоҳҳои  офтобӣ дар миқёси вақти воқеӣ дар асоси СМС (SMS-Short Masstgt Standarts) коркард шуд. СХИ барои назорати  равандҳи истеҳсол, истеъмол ва сарфаи энергияи офтобӣ, баланд бардоштани самаранокии кори нерӯгоҳи офтобӣ, сохтани нерӯгоҳҳои «ақлдор»-и алоҳида ва шабакавӣ, ҳамчунин сохтани системаи нерӯгоҳҳои офтобӣ бо идоракунӣ ва назорати ягонаи марказонидашуда таъйин гардидааст.

           Дар қитъаи таҷрибавии Марказ дар шароити воқеии истифодабарии ш.Душанбе тестикунонии модулҳои офтобии иқтидорҳои муқарраршудаи 100-400 Вт бо истифодаи трекери механикии назорат ба самти офтоб гузаронида шуд. Нишон дода шуд, ки бузургии шиддати гардиши бефоида, ҷараён расиши кӯтоҳ ва иқтидори умумии истеҳсол бо модулҳои  офтобӣ аз бузургиҳое, ки бе истифодаи трекер ба даст оварда шудаанд, хеле фарқ мекунанд.

             Хосиятҳои элементҳои термоэлектрикии нимшаффофи силиндрикии дарунпур дар асоси n-Bi2Te3 – графен-адгезив ва p - Bi2Te3 –графен-адгезив таҳқиқ карда шуданд. Шиддат ва ҷараёне, ки боиси ҳодисаи ермоэлектрикӣ мегардонд, чен карда шуданд, Ҳамчунин зариби Зеебек дар намунаҳои n-Bi2Te3 – графен-адгезив ва p - Bi2Te3 –графен-адгезив ҳисоб карда шуд, ки он (-100) µV/0С ва (+86) µV/0С-ро ҳангоми 270С будани ҳарорат ва (-137) µ V/0С ва (+140) µ V/0С-ро ҳангоми 650С будани ҳарорат ташкил дод. Қимати зариби Зеебек на танҳо ба таркиби маводи термоэлектрикӣ, балки ба андозаҳои зарраҳо ва технологияи тайёр кардани намунаҳо вобастагии қавӣ дорад. Нақши назаррасро сохтори намунаҳо мебозад: дар маводи камандоза, нано-симҳо ва лавҳаҳои тунук қиматҳои баланди зариби Зеебек ошкор карда шуданд, вале электроноқилияти нисбатан пасти онҳо истифодаи онҳоро  дар амал барои табдили энергияи ҳароратӣ ба энергияи электрикӣ маҳдуд мегардонад. Дар айни замон термоэлементҳо дар асоси ин маводҳоро метавон дар техникаи ченгирӣ истифода кард. Нишон дода шудааст, ки шаффофияти элементҳои темоэлектрикии таҳқиқшуда 32-35%-ро дар намунаҳои гуногун ташкил медиҳад, ки дар асоси онҳо модулҳое коркард шаванд, ки онҳо бо тиреза пӯшонида шудаанд ва энергияи электрикии элементҳои термоэлектрикӣ барои эҳтиёҷоти маишӣ, ҳамчунин энергияи офтобие, ки тариқи элементҳо мегузарад, барои равшаннамоии  дохили биноҳо истифода шуда метавонанд.

           Таҳлили комплексии арзиши иқтисодии захираҳои обию энергетикии дарёҳои сарҳадгузар зимни якҷоя истифода кардани онҳо аз тарафи давлатҳои ҳавзаҳо ба манфиати гидроэнергетика ва обёрӣ иҷро карда шуд.

           Барои омӯзиши раванди ҷамъоварии биомасса ва нерӯи энергетикии топинамбур дар шароити гуногунии Тоҷикистон 20 навъи топинамбур дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, 3 намуд дар қитъаи таҷрибавии Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, 20 намуд дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ (дар деҳаи Заргари ноҳияи Ваҳдат), 16 намуд дар деҳаи Кулканди ноҳияи Исфара ва 2 намуд дар заминҳои шӯрхоки ноҳияи Хуросон шинонида шуд.

            Ҷиҳатҳои иқтисодии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар корхонаҳои хурд ва миёнаи ҶТ омӯхта шуданд. Лоиҳаи пешниҳод барои гирифтани грант аз рӯи мавзуоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия омода карда шуд ва ҷустуҷӯӣ шарикон барои амалисозии якҷояи ин лоиҳа гузаронида шуд.

              Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Таҳқиқи мафҳумҳои фаъолияти инноватсионӣ,  омодаю  нашр намудани «Фарҳанги тафсирии русӣ-тоҷикӣ оид ба фаъолияти инноватсионӣ» (барои солҳои 2017-2019), ки аз ҳисоби Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ маблаѓгузорӣ мешавад, дар марҳилаи якум аз моҳи июли соли 2017 то моҳи марти соли 2018 корҳои зерин анҷом дода шуданд.

               Дар натиҷаи омӯзиши ҳолати фаъолияти инноватсионӣ ва рушди илмию технологӣ  дар  ҷумҳурӣ муайян карда шудааст, ки барои пурзӯртар намудани фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат таъсис додани фонди инноватсионӣ, яъне фонди захираҳои молиявӣ бо мақсади маблаѓгузории коркардҳои навтарини илмию техникӣ ва лоиҳаҳои иноватсионӣ муҳим аст. Манбаъ (сарчашма)-и маблаѓгузории онҳо бояд дар баробари маблаѓҳои давлатӣ, ҳамчунин саҳмияҳои спонсории соҳибкорон, корхонаҳои истеҳсолӣ, ширкату бонкҳо бошанд. Дастгирӣ ва таъсис додани ширкатҳои венчурӣ, яъне ташкилотҳои хурде, ки дар соҳаҳои илмталаби иқтисодиёт амал мекунанд, таҳқиқоти илмӣ, коркардҳои муҳандисӣ анҷом медиҳанд, тибқи фармоишҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва давлат инноватсияҳо ба вуҷуд меоранд ва онҳоро  татбиқ менамоянд, низ дар ин самт зарур мебошад.

           Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин таҷрибаи давлатҳои Чин ва Ҷопон дар роҳи ба вуҷуд овардани низоми инноватсионӣ омӯхта шудааст. Барои таҳияи “Фарҳанги тафсирии русӣ-тоҷикӣ оид ба фаъолияти инноватсионӣ» беш аз 200 мафҳумҳои соҳаи инноватсия бо забони рӯсӣ ва тоҷикӣ ҷамъоварӣ гардида, тафсир карда шудаанд.

     

    2017

    Лоиҳа: Коркард ва ба вуҷуд овардани технологияҳои инноватсионии истеҳсол, истеъмол ва сарфаи энергия дар асоси захираҳои энергетикии офтобӣ, шамолӣ, биологӣ ва геотермалӣ, пешниҳоди тавсияҳо оид ба татбиқи амалии ин технологияҳо ва тиҷоратигардонии онҳо. ҚД № 0113TJ00320.

    Роҳбари лоиҳа: академики АИ ҶТ М. Илолов

               Аз рӯйи лоиҳа дар соли 2017 натиҷаҳои зерини илмӣ ва технологӣ ба даст оварда шуданд:

              Таҳқиқи мунтазами таъсири шароит ба кори панелҳои офтобӣ бо тавонии 100 ва 200Вт дар қитъаи таҷрибавии марказ гузаронида шуд. Нишон дода шудааст, ки дар шароити табиии баистифодадиҳӣ параметрҳои кори батареяҳои офтобӣ аз параметрҳои дар шароити стандартии озмоиши онҳо дадастомада хеле фарқ мекунанд. Дар шароити табиӣ кори батареяҳои офтобӣ ба самаранокии онҳо чунин омилҳо, аз ҷумла интенсивияти нури офтоб, давомнокии рӯзҳои равшан, вазъи обу ҳаво ва боришот таъсир мерасонанд. Масалан, тавоноии коркардшаванда дар ҳавои тира аз 3,8 то 4,5 маротиба кам мешавад ва дар ин маврид қабати барфӣ боиси кам шудани тавоноӣ  то 7,5 маротиба нисбат ба рӯзи соф мегардад.

    Маълумоти мавҷуда оид ба радиатсияи офтоб барои водиҳои минтақаҳои шимоли Тоҷикистон таҳлил карда шуданд. Миқдори энергияи офтобӣ, ки панели офтобии уфуқан (00) ҷойгиршударо фаро мегирад, дар шароити шимоли Тоҷикистон 1680 кВт·ст/м2-ро дар як сол ташкил медиҳад. Дар кунҷҳои оптималии насби панелҳо (400), энергияи офтобии солона ба қадри 10% зиёд мешавад ва 1848 кВт ·кВт·ст/м2-ро ташкил медиҳад.

    Ҳаҷми интизории истеҳсоли энергияи электрикӣ бо панелҳои офтобӣ дар шароити шимоли Тоҷикистон дар тайи як сол 276 кВ · Ст-ро дар як метри квадратӣ ҳангоми мавқеи доимии оптималии панели офтобӣ ташкил медиҳад. Самаранокии ҳисобии панелҳои офтобӣ 15% мебошад.

     Дастгоҳи офтобии термоэлектрикии гибридӣ бо консентратори параболашакл коркард, сохта ва аз озмоиш гузаронида шуд, ки он аз 40 генератори термоэлектрикии истеҳсоли саноатӣ ((ТЕС1-12710) иборат буда, бо мақсадҳои намоишдиҳӣ ва таълимӣ истифода шуда метавонад, ҳамчунин метавонад ба сифати прототип барои коркард ва сохтани дастгоҳҳои тавонтари дар соҳаи маишӣ истифодашаванда татбиқ  гардад.

    Кори нерӯгоҳи офтобӣ бо тавоноии 400 Вт дар шароити ш. Хуҷанд дар давраи аз 1 январ то 31 декабри соли 2016 тадқиқ карда шуд.

    Нишон дода шудааст, ки самаранокии кори нерӯгоҳи офтобӣ ба сатҳи радиатсия ва тозагии ҳавои атмосфера, реҷаи заряд ва безарядгардонии батареяҳои аккумуляторӣ вобаста мебошад. ККФ-и воқеии солонаи нерӯгоҳи офтобӣ 6,1%-ро ташкил дод. Дар фасли тобистон ККФ то 4,5% кам мешавад, ки нисбат ба самаранокии ҳисобии панелҳои офтобӣ 3 маротиба кам аст, вале дар фасли зимистон ба 11,5 – 11,6% мерасад.

    Муқаррар карда шудааст, ки  самаранокии кори нерӯгоҳи барқӣ-офтобӣ ҳамчунин ба реҷаи заряддиҳӣ ва безарядгардонии батареяҳои аккумуляторӣ вобастагӣ дорад. Камшавии зариби кори фоиданок дар моҳҳои тобистон ба нокифоягии  ѓунҷоиши батареяҳои аккумуляторӣ ва зиёд шудани истеҳсол нисбат ба харҷи нерӯи барқ алоқаманд мебошад. Нозирак (контроллер)-и заряд раванди заряддиҳиро ҳангоми дар пайвастгоҳҳои батареяҳои аккумуляторӣ ба 14В расидани шиддат қатъ мегардонад ва барои заряддиҳӣ танҳо 1/3 рӯз кор мекунад.

    Таъсири ҳарорати панели фотоэлектрикии офтобӣ ба самарано-кии кори электростансия тадқиқ карда шуд. Барои ин мониторинги бефосилаи ҳарорати панели дастгоҳи офтобӣ дар давраи авҷи радиатсияи офтоб дар моҳхои июн-июли соли 2017 гузаронида шуд. Дар тадқиқоти таҷрибавӣ ченгирии ҳарорати панел ва ҳавои муҳит ба воситаи системаи электронии худкори идоракунӣ (АСУ), ки аз тарафи олимони Марказ сохта шудааст, гузаронида шуд.

    Ҳарорати миёнаи панел дар моҳи июл дар вақти корирӯзонаи дастгоҳ (аз 7:00 то 19:00) 450С-ро ташкил дод. Ҳарорати пасттарин саҳар 250С ва ҳарорати баландтарин пас аз нисфирӯзӣ 650С буд. Тибқи маълумоти адабиёт ККФ панели офтобӣ дар асоси кремнийи нимкристаллӣ дар ҳарорати 250С баробари 17,5% буда, дар ҳарорати 600С то 13,5% кам мешавад, яъне ККФ қариб чоряк кам мешавад.Ҳамин тавр, истеҳсоли дастгоҳ ҳангоми ба 10С баланд шудани ҳарорат қариб 1% кам мешавад. Дар асоси рафти ҳарорати панел дар муддати рӯз ККФ ва истеҳсоли рӯзонаи дастгоҳи офтобӣ ҳисоб карда шуданд. Натиҷаҳои ҳисоб ва маълумоти ченгириҳо ба қиматҳои миёнаи шабонарӯзӣ мувофиқ меоянд. Таҳқиқоти таҷрибавӣ нишон доданд, ки пастшавии назарраси ҳарорати панел дар ҳавои шамолнок рух медиҳад. Дар шамолҳои сахт якбора паст шудани ҳарорати панел мушоҳида мешавад. Самаранокии панелҳои офтобиро бо роҳи вентилятсияи ҳаво дар назликии дастгоҳ бо истифодаи селҳои ҳавоӣ (шамол) ба қадри 20-25% зиёд кардан мумкин аст.

    Сохтани системаи худкори идоракунӣ (АСУ)-и равандҳои ба даст овардан, истеъмол ва сарфаи энергияи офтобӣ барои баланд бардош-тани ККФ-и  дастгоҳи электрикии офтобӣ пешниҳод гардид.

    Сохтани системаи худкори идоракунии равандҳои ҳосил кардан, истеъмол ва сарфа кардани энергияи офтобӣ барои баланд бардоштани самаранокии кор (зариби кори фоиданок)-и  нерӯгоҳи барқӣ-офтобӣ пешниҳод шудааст.

    Схемаи кории системаи худкори идоракунӣ (СХИ) бо идораи фосилавии барномавӣ ва блоки хотира барои ҳифзи маълумот, ҳамчунин ба даст овардани маълумот оид ба кори нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар миқёси вақти воқеӣ тавассути интернет коркард шудааст.

    Тавзеҳи таҳқиқот дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энер-гия дар 25 соли даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шудааст. Дар он аз ҷумла натиҷаҳои таҳқиқи захираҳои ин манбаъҳо оварда шудааст. Нерӯи умумӣ, техникӣ ва аз нигоҳи иқтисодӣ мақсадноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия баҳодиҳӣ карда шудааст. Имконияти истифодаи чунин манбаъҳо, мисли энергияи оф-тобӣ, энергияи шамол, гидроэнергияи дарёҳои хурд, энергияи геотер-малӣ ва энергияи биомасса дар Тоҷикистон нишон дода шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки ҳиссаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар соҳаи истеъмолии энергетикаи Тоҷикистон айни замон 0,06%-ро ташкил медиҳад ва дар байни онҳо ҳама навъҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия - гидроэнергетикаи хурд, гармоэнергетикаи офтобӣ ва энергияи биомасса татбиқи васеъ ёфта метавонанд.

    Нозирак (контроллер)-и беиндуктивияти дастгоҳи фотоэлектри-кии офтобӣ (ДФЭО) бо истифодаи танҳо конденсаторҳо чун ҷузъиёт барои заряддиҳии энергияи электрикии системаи аккумуляторҳо коркард шудааст. Дар ин маврид транзисторҳо тавассути микронози-ракҳо таъвиз дода мешаванд, шиддати вурудии онҳо бо модулятсияи арзӣ-импулсӣ идора карда мешавад ва ду диод безарядшавии  конденссаторҳоро истисно мегардонанд. Нишон дода шудааст, ки ин таҷҳизро дар дастгоҳҳои офтобии дар низоми таҳсилот, дар шароити маишӣ ва саноатӣ, ҳамчунин дар маҳалҳои дур истифодашаванда барои ҳосил кардан ва ба энергияи электрикӣ табдил додани энергияи офтобӣ татбиқ кардан мумкин аст.

    Имконияти истифодаи принтери фавворӣ барои тайёр кардани асбобҳои электронӣ дар асоси маводи органикӣ таҳқиқ карда шуд. Технологияи тайёр кардани қосидаки намнокӣ дар асоси нанонайчаҳои карбонӣ, элементҳои фототермоэлектрикӣ ва элементҳои офтобӣ дар асоси нимноқилҳои органикӣ ба таври муфассал тасниф карда шуд. Нишон дода шуд, ки ин технологияро барои тайёр кардани ѓунҷоиш ва транзисторҳо истифода кардан мумкин аст, ки ин барои ба  схемаҳои электронӣ чоп кардан имкон медиҳад.

    Системаи оддитарини дастгоҳҳои бефосила коркунанда барои истеҳсоли биогаз аз биомассаи растанӣ бо хароҷоти камтарини мавод ва хизматрасонии техникӣ коркард карда шуд. Система модулӣ буда, барои саривақт гузаронидани хизматрасонии техникии ҳар як модул дар алоҳидагӣ бе қатъ кардани истеҳсолот ва ҷудо кардани биомассаи коркардшуда барои истифода ҳамчун пору имкон медиҳад.

    Бо мақсади сохтани генераторҳо барои табдили энергияи ҳароратӣ ва офтобӣ ба энергияи электрикӣ хосиятҳои термоэлектрикӣ (ҳодисаи Зеебек)-и композитҳои нанонайчаҳои карбонӣ, графен ва теллуридҳои висмут дар фосилаи ҳароратии 25-650С таҳқиқ карда шуд.

    Пешниҳодҳо оид ба муносибгардонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикаи Тоҷикистон; баланд бардоштани бехатарии энергетика ва эътимоднокии таъминоти энергия ба истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон; муносибгардонии стратегияи рушди энергетикаи Тоҷикистон; баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои минтақавӣ дар энергетика аз ҳисоби рушди системаҳои муттаҳиди энергетикӣ ва бозори умумӣ таҳия карда шуданд.

    Методика ва модели математикии муносибгардонии андозбандии гидроэнергетика барои рушди устувор ва баланд бардоштани самаранокии энергетикаи Тоҷикистон коркард ва аз санҷиш гузаронида шуд.

    Таҳлили захираҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон, дурнамои истифодаи онҳо дарминтақаҳои  Осиёи Марказӣва ҷаҳон гузаронида шуд.

    Мутобиқгардонии гидрэнергетикаи Тоҷикистон ба таѓйирпази-рии ҷориши дарёҳо ва иқлим тадқиқ карда шуд.

    Оид ба санадҳои қонунгузорӣ, стратегия ва чорабиниҳое, ки вобаста ба рушди инноватсионии маориф, илм ва иқтисодиёт гузаронида мешаванд, ҳамчунин сарпарастони хориҷӣ ва ватанӣ, ки метавонанд лоиҳаҳои илмӣ ва амалиро маблаѓгузорӣ намоянд, захираҳои маълумот таъсис дода шуданд.

    Ҳамчунин оид ба тиҷоратигардонии коркардҳои илмӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар корхонаҳои хурд ва миёна ва дар хоҷагиҳои шахсӣ дар минтақаҳои кӯҳистон ва дурдаст низ захираи маълумот ҷамъоварӣ карда шуд.

    Барои омӯзиши раванди захиракунии биомасса ва нерӯи энергетикии топинамбур дар Тоҷикистон 16 навъи намунаҳо дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ва 3 навъи намунаҳо дар қитъаи таҷрибавии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, ҳамчунин 10 навъи намунаҳо дар қитъаи таҷрибавии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур кишт карда шуданд.

    Барои ҷамъ кардани навъҳои намунаҳои топинамбур майдони таҷрибавӣ дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ бо масоҳати 0,004 га омода карда шуд.

    Кишти навъҳои коллексионии топинамбур дар масоҳати 0,04 га дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанииАИ ҶТ гузаронида шуд.

    Маҳсулнокӣ, хосиятҳои физиологӣ-биохимиявӣ ва энергетикии маводи коллексионии топинамбур (Helianthus tuberosus l.) дар шароити агроэкологии водиҳои Кӯлоб ва Ҳисори Тоҷикистон омӯхта шуд.

    Мушоҳидаҳои фенологии сабзиш ва қадкашии растаниҳо дар киштзорҳои топинамбур (20 навъ) дар қитъаи таҷрибавӣ гузаронида шуд.

    Намунаи озмоишгоҳи хушкгардонаки офтобӣ барои хушк кардани бехмева ва биомассаи топинамбур тайёр карда шуд.

     

    2016

    Лоиҳа: Коркард ва ба вуҷуд овардани  технологияҳои инноватсионии истеҳсол, истеъмол ва сарфаи энергия дар асоси захираҳои энергетикии офтобӣ, шамолӣ, биологӣ ва геотермалӣ, пешниҳоди тавсияҳо оид ба татбиқи амалии ин технологияҳо ва тиҷоратигардонии онҳо. РҚД 0113TJ00320.

    Роҳбари лоиҳа: академики АИ ҶТ М. Илолов

          Дар мисоли  гармчашмаҳои Чилонди ва Хоҷа Обигарм мушаххасаҳои ҳароратии равандҳои термалӣ дар муҳитҳои якҷинса дар мавриде, ки зариби гармигузаронӣ аз ҳарорат ғайрихаттӣ вобаста аст, омўхта шуданд.

            Тағйирёбии хаттӣ ва сиклии ҷориши дарёҳои сарҳадгузари Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ барои баҳодиҳии таъсири тағйирёбии ҷаҳонии иқлим  ва муътадилгардонии истифодаи захираҳои обию энергетикӣ дар гидроэнергетика ва обёрӣ омўхта шуд.

             Усулҳои нави муътадилгардонии истифодаи муштарак ва самарабахши захираҳои обию энергетикии дарёҳои сарҳадгузари Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ коркард шуданд.

             Комплекси ченгирандаи худкор барои мониторинги бефосилаи ҳарорати ҳаво дар дарун ва беруни бино коркард, тайёр ва аз озмоиш гузаронида шуд.

           Барномаи компютерӣ барои коркарди маълумоти ченгирии ҳарорат ва муайян кардани селҳои ҳароратӣ ва радиатсионӣ аз тариқи конструксияи маҳдудкунанда дар реҷаи вақти воқеӣ коркард, тайёр ва аз озмоиш гузаронида шуд.

                Ба таври таҷрибавӣ селҳои умумии гармии аз тарқишҳои модели хонаи офтобӣ дар фасли зимистон гузаранда муайян карда шуданд. Нишон дода шуд, ки сели гармӣ вобаста ба тамоюл ва кунҷи шеби бом метавонад самтҳои гуногун дошта бошад. Дар мавриди  қатъ гардонидани манбаъҳои фаъоли гармкунӣ даромади умумии гармӣ аз тариқи шеби ҷанубии бом амалан ба баромади гармӣ тавассути шеби шимолӣ баробар аст. Дар ин маврид ҳарорати миёнаи ҳаво дар дохили модел рӯзона зиёда аз 200С-ро то 5-6 соат ташкил медиҳад. Манбаъҳои фаъоли гармкунӣ пас аз нишасти офтоб ба кор медароянд ва 18-19 соат кор мекунанд.

              Таҳқиқоти таҷрибавии усулҳои фаъол ва нофаъоли истифодаи энергияи офтобӣ бо ёрии модел вашакли аслии хонаи офтобӣ анҷом дода шуда, тавсияномаҳо оид ба татбиқи амалии манбаъҳои фаъол ва нофаъоли энергияи офтобӣ таҳия карда шуданд.

               Нозирак (контроллер)-и заряд ва безарядгардонии аккумулятор барои дастгоҳи офтобӣ бо индикатсияи рақамӣ коркард ва сохта шуд.

          Усули муойинаи лоиҳаҳо ва биноҳо барои баҳодиҳии самаранокии энергетикии онҳо дар асоси ченгирии талафоти гармӣ тавассути конструксияҳои иҳотакунанда ва муайян кардани истеъмоли солонаи энергия барои гармкунӣ коркард шуд.

              Тавсияномаҳо оид ба татбиқи дастгоҳҳои офтобии фотоэлектрикӣ ва обгармкунанда барои секторҳои маишӣ ва коммуналии Тоҷикистон таҳия карда шуд, ки дар он  ба таври мухтасар таъйинот, таснифи василаҳо ва қисмҳои таркибӣ, параметрҳои кории дастгоҳҳо, схемаи пайвасти сарбориҳо ва таҷҳизоти зарурӣ, дастур оид ба насб ва истифодадиҳии дастгоҳҳо оварда шудааст. Дар замима ба ин тавсияномаҳо ҳисоби талаботи оилаи алоҳида (иборат аз 5-6 нафар) ба энергияи электрикӣ ва гармӣ оварда шудааст. Вобаста ба ин талабот ҳисоби параметрҳои дастгоҳҳои офтобии фотоэлектрикӣ ва обгармкунанда нишон дода шудааст.

            Хосиятҳои генератори термоэлектрикӣ дар шароитҳои лабораторӣ ва табиӣ таҳқиқ карда шуданд. Консентратори пирамидалӣ бо зариби консентратсия баробар ба 4 сохта шуда, хосиятҳои он бо таъсири рӯшноии фурӯзонаки тафсишӣ ҳангоми (330-1000) Вт/м2 будани интенсивнокӣ ва (674-686) Вт/м2 будани радиатсияи офтоб таҳқиқ  карда шуд. Муқаррар карда шудааст, ки истифодаи консентратори пирамидалӣ имкон медиҳад тавоноӣ дар хуруҷгоҳи генератори термоэлектрикӣ ба ҳисоби миёна 2 маротиба зиёд карда шавад. Зимнан тавоноӣ дар хуруҷгоҳи генератори термоэлектрикӣ на танҳо аз интенсивияти рӯшноии афтанда, балки аз суръати шамол, ти ҳаво ва рутубат низ то дараҷае вобастагӣ дорад.

         Дар қитъаҳои таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон 10 навъи намунаҳои топинамбур ва дар шаҳраки “Ховарон”-и ш. Душанбе 10 навъи намунаҳои коллексионии топинамбур шинонида шуданд.

            Таҳқиқот оид ба ҷудо намудани инулин ах бехмеваҳои топинамбур, ки дар шароити водии хисор парвариш карда шудааст, гузаронида шуд. Маҳлулаи иннулиндор омода карда шуда, таъсири консентратсияи кислотаи уксус ба экстраксияи инулин омӯхта шуд.

         Дар қитъаи таҷрибавии “Ховарон” пайванди вегатативии топинамбур ба офтобпараст ва офтобпараст ба топинамбур гузаронида шуд. Тухмиҳои офтобпарасте, ки аз пайванди офтобпараст ба топинамбур дар соли 2015 ба даст оварда шуданд, кошта шуда, хусусиятҳои рушдунумуи онҳо омӯхта шуданд (бештар аз 280 растанӣ).

             Таҳаввулоти назария ва методологияи низоми инноватсионӣ таҳқиқ карда шуда, таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи рушди инноватсионӣ нишон дода шуд. Он аз он шаҳодат  медиҳад, ки таҳияи  сиёсати самараноки инноватсионӣ бояд бо дарназардошти фаҳмиши ҳаматарафаи мақсад ва  вазифаҳои Низоми миллии инноватсионӣ, ҳамчунин ҷиҳатҳои  заифу қавии он  гузаронида шавад.

            Барои тиҷоратигардонии усулҳои коркардшудаи фаъол ва ғайрифаъоли истифодаи энергияи офтобӣ, ҳамчунин комплекси таҷҳизот барои чен ва назорат кардани талафоти гармоии биноҳо марҳилаҳо ва иштирокчиёни раванди тиҷоратигардонӣ муайян карда шуданд. Тарз мавҷудаи тиҷоратигардонии инноватсияҳо, афзалият ва норасоиҳои ин тарзҳо омӯхта шуданд. Натиҷаҳои таҳқиқот барои шиносоӣ ба мутахассисони ташкилотҳои сохтмонӣ пешникарда шуданд.

            Озмоиши нозираки заряд ва безарядгардонии аккумуляторе, ки мутахассисони Марказ  барои дастгоҳи офтобӣ бо индикатсияи рақамӣ коркард ва сохтаанд, нишон дод, ки он параметрҳои зарурии заряд ва безарядгардониро ҳангоми кори дастгоҳи офтобии фотоэлектрикӣ таъмин карда метавонад. Ду модули офтобии фотоэлектрикӣ( 100 Вт ва 200 Вт) дар шароити табии шаҳри Душанбе таҳқиқ карда шуданд: шиддати гашти бефоида, ҷараёнҳои расиши кӯтоҳ чен ва тавоноӣ дар давоми рӯз муаян карда шуд.

     

    2015

    Лоиҳа: Коркард ва ба вуҷуд овардани  технологияҳои инноватсионии истеҳсол, истеъмол ва сарфаи энергия дар асоси захираҳои энергетикии офтобӣ, шамолӣ, биологӣ ва геотермалӣ, пешниҳоди тавсияҳо оид ба татбиқи амалии ин технологияҳо ва тиҷоратигардонии онҳо. РҚД 0113TJ00320

    Роҳбари лоиҳа: академики АИ ҶТ М. Илолов

           Озмоиши дастгоҳи гибридии офтобии навъи «модул-коллектори фотоволтӣ» идома дода шуд. Муқаррар карда шудааст, ки самаранокии миёнаи модули фотоэлектрикӣ, коллекторҳои обӣ ва ҳавоӣ дар шароити табиӣ мувофиқан ба 9%, 44% ва 12-16% баробар аст. Дастгоҳи гибридии офтобӣ тавассути дар як тана васл намудани модул ва коллектор имкон дод, ки энергияи электрикӣ, энергияи гармӣ дар намуди ҳавои гарм барои гарм кардани бино ва оби гарм барои эҳтиёҷоти маишӣ бо талафи кам ба даст оварда шаванд.

          Электролизёр барои ҳосил кардани ҳидроген аз об бо истифодаи энергияи офтоб коркард ва сохта шуда, аз озмоиш гузаронида шуд. Маводи диафрагма барои ҷудо кардани газҳо интихоб гардида, мутобиқгардонии параметрҳои он анҷом дода шуд.

           Ҳамчунин як нерӯгоҳи хурди обӣ низ коркард ва аз озмоиш гузаронида шуд, ки он энергияи электрикиро дар батареяҳои  электрохимиявӣ захира мекунад.

           Бо усули мониторинги ҳарорат дар дохил ва беруни модели «Хонаи офтобӣ» саҳми манбаи нофаъоли гармии радиатсияи офтоб, ки тариқи тиреза ворид мешавад, барои гарм кардани «Хонаи офтобӣ» дар моҳҳои фасли зимистон муайян карда шуд. Нишон дода шуд, ки ҷамъи моҳонаи радиатсияе, ки аз тариқи тирезаи модел ворид мешавад, 3706,8 Вт. соатро дар моҳи январ ва 4015,1 Вт.соатро дар моҳи феврал ташкил медиҳад. Муқаррар карда шуд, ки ҳиссаи манбаъҳои нофаъоли радиатсияи офтоб ҳангоми гарм кардани модели «Хонаи офтобӣ» 5,6%-ро дар моҳи январ, 8,2%-ро дар моҳи феврал, 17,6%-ро дар моҳи март ва 85,3%-ро дар моҳи апрели соли 2015 ташкил медиҳад.

          Хосиятҳои элементи фотоэлектрикӣ дар асоси  гетеросохтори ҳаҷмии нимноқилҳои органикии фталосианини мисс (СuPc) ва фталосианин бе металл (H2Pc) таҳқиқ карда шуданд. Муайян карда  шуд, ки спектри фурӯбурди гетеросохтори ҳаҷмӣ дар асоси нимноқилҳои органикии Сu Pc ва H2Pc дарозии мавҷро дар фосилаи 200-850 км фаро мегирад. Фотоэлементи  ITO|CuPc- H2Pc|Al дорои ҳассосияти хеле баланд ва устувории хосиятҳо мебошад, ки дар натиҷа онро барои коркарди асбобҳои фотоэлектрикӣ истифода кардан мумкин аст.

            Хосиятҳои модули фотоэлектрикӣ (ARCO Solar-16-2300-20) дар шароити табиӣ ва ба воситаи моделсозӣ таҳқиқ карда шуд. Нишон дода шудааст, ки маълумоти тавассути моделсозӣ ба даст овардашуда бо натиҷаҳои таҷрибавӣ мувофиқат мекунанд. Ин имконият дод энергияи электрикии дар давоми сол истеҳсолшуда ҳисоб карда шавад, ки он зимни коркард ва лоиҳакашии системаҳои фотоэлектрикӣ муҳим мебошад.

           Барои муодилаи Колмогаров-Петровский-Пискунов (КПП) бо манбаъ ва манбаи логарифмӣ ҳалҳои автомодели навъи мавҷи  давон ҳосил карда шудаанд. Ин  ҳалҳоро барои таҳлили натиҷаҳое, ки бо тарзи ададӣ ба даст омадаанд, истифода кардан мумкин аст ва онҳо имкон медиҳанд, ки баъзе параметрҳо дар масъалаҳои геотермалӣ тавсиф карда шаванд.

            Табдилоте, ки муодилаи КПП-ро бо манбаъ ба муодилаи КПП бо шориш мегузаронад ва алоқаи байни ҳалқаи ин муодилаҳо таҳқиқ карда шуданд.

           Шартҳои устувории конфигуратсияи об-буѓ дар системаи геотермалӣ ёфта шуданд. Муқаррар карда шудааст, ки ҳангоми таѓйирёбии параметрҳои физикӣ мумкин аст бифуркатсияи сатҳи гузариши фазоии нуқтаи гардиш, вақте, ки тавлид ва ё нестшавии буғҳои сатҳҳо, ки яке аз онҳо бо устувории дарозмавҷӣ тавассути бозустуворгардии ошӯб бо адади мавҷии сифрӣ зарар дидааст,  пайдо шавад.

        Бо усули ҷудо кардани тағйирёбандаҳо синфҳои хусусии ҳалҳои аналитикӣ барои ду навъи муодилаҳо и гармигузаронии ғайрихаттӣ бо ҳосилаи тақсимдор бо гузашти вақт ёфта шуданд.

            Модели математикии раванди гукстариши шуоъҳои кайҳонии энергияи ултрабаланд таҳқиқ карда шуд.

           Навъи нави топинамбур “Сарват”, ки аз тарафи олимони Марказ парвариш карда шудааст,  барои навъсанҷӣ ба Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзии  назди Вазорати кишоварзии ҶТ супорида шуд.

        Таҳлили намунаҳои топинамбури “”Интерес”, “Сарват” ва “Ороишӣ” гузаронида шуд, ки онҳоро олимони Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави назди АИ ҶТ парвариш намудаанд. Муқаррар карда шуд, ки миқдори радионуклиҳо дар таркиби намунаҳо чунин аст: сезий-137 ва стронсий-90  дар ҳамаи намунаҳо на бештар аз 10Бк/кг-ро ташкил медиҳанд, ки ин аз меъёри муқаррраршуда 4-12 маротиба камтар аст. Миқдори металлҳои вазнин чунин аст: сурб – от 8.10-4 до 3,5.10-3 мг/кг; кадмий от  5.10-4  до 1.10-3  мг/кг, ин аз меъёри муқаррраршуда 2-3 тартиб камтар аст. Дар навъҳои озмоишшудаи топинамбур микотоксинҳо (афлотокам В1, дезоксиваленон ва фуманизин) ошкор нагардиданд.

          Дар қитъаи таҷрибавии Маркази рушди ииноватсионӣ ва технологияҳои нави АИ ҶТ дар деҳаи «Мирзобек» ҷамоати «Гулистон» ноҳияи Рӯдакӣ, дар қитъаҳои таҷрибавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Данғара ва дар шароити хоҷагии деҳқонии ба номи Латиф Муроди  ноҳияи Ҳисор таҷрибаҳо оид ба омӯзиши навъҳои гуногуни топинамбур (бештар аз 10 навъ) оғоз карда шуданд.

            10 апрели соли 2015 таҷрибаҳо оид ба кишти якҷояи топинамбур бо якчанд зироатҳо (ҷуворимакка, офтобпараст ва лубиё)  аз рӯйи схемаи кишти  70х35 см гузаронида шуда, ҳосили хуби ҳамаи зироатҳо ба даст оварда шуд.

          Корҳо оид ба омӯзиши таркиби химиявии бехмеваҳои навъҳои гуногуни топинамбур «Интерес», «Сарват» ва «Ороишӣ» ва ҳосил кардани инулин аз топинамбур дар шароити лабораторӣ оғоз карда шуданд.

           Усули лаборатории ҳосил кардани инулин дар шакли маҳлули обӣ ва спиртӣ аз топинамбур, ки дар водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон парвариш карда шудааст, коркард шуд.

         Таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар самти рушди инноватсионӣ омӯхта шуд. Ин шаҳодат медиҳад, ки  сиёсати самараноки инноватсионӣ бояд дар назардошти дарки ҳамаҷиҳатаи мақсаду вазифаҳои низоми миллии инноватсионӣ муайян карда шавад.

     

     2014

           Дар  мисоли  қитъаи «Ҷиландӣ»  модели  математикии  динамикаи манбаъҳои геотермалии энергия пешниҳод гардида, усулҳои ададии ҳалли масъалаи сеченакаи геотермия коркард шудааст, ки онро барои таҳлили раванди истифодаи захираҳои геотермалӣ татбиқ намудан мумкин аст.

    Шартҳои устуворӣ ва устувории асимптотии Ляпунов барои мавҷи давони масъалаи Коши барои шабеҳи интегралӣ-дифференсиалии муодилаи Колмогоров - Петровский - Пискунов дар муҳити хотирадор муқаррар карда шудааст. Натиҷаҳои бадастомадаро барои таҳлили равандҳои технологӣ ва биологӣ дар сохторҳои фракталӣ истифода кардан мумкин аст.

    Муқоиса ва интихоби усули муносиб барои анпроксиматсияи маълумотҳо, аз ҷумла, моделҳои умумикардашудаи аддитивӣ - регрессионӣ, моделҳои умумикардашудаи ҷаримавӣ, сплайкҳои тунуклавҳагӣ ва фарзияҳои мувофиқи Байесовии маълумоти методикаҳо баррасӣ карда шуданд.

    Таносуби манбаъҳои нофаъол ва фаъоли гармӣ барои гарм кардан модели «Хонаи офтобӣ» ба таври таҷрибавӣ муаяйн карда шудааст. Нишон дода шудааст, ки «Хонаи офтобӣ» аз ҳисоби радиатсияи офтоб бо тавоноии миёнаи 2 кВт, ҳамчунин аз ҳисоби селҳои гармӣ тавассути деворҳо, бом, фарши хона (1 кВт) гарм карда мешавад. Талафоти гармӣ селҳои офтобии радиатсионӣ аз тариқи тиреза ва селҳои гармӣ аз тариқи монеаҳо (деворҳо, бом, фарш, дарҳо ва шишаҳои тиреза) вобаста ба фаслҳои сол ҳисоб карда шудаанд.

    Автоматигардонии идораи системаи энергиятаъминкунии модели «Хонаи офтобӣ» дар асоси схемаи идораи фосилавӣ (дистансионӣ), ки пайваст ва қатъ гардонидани 4 хати равшаннамоиро дар масофаи то 25 метр аз тариқи пулти мобилӣ бо вақтсанҷ (таймер) имкон медиҳад, гузаронида шудааст.

    Дар асоси батереяи офтобӣ (100 Вт), аккумулятор (бо ѓунҷоиши 40 А.с), ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас шудааст ва контроллери заряд, ки коркарди худӣ аст, нерўгоҳи офтобӣ сохта шудаст, ки он кори телевизори хурди рангаи TFTLFO-ро бо плейери DVD ва радио, ҳамчунин якчанд фурўзонакҳои каммасраф таъмин менамояд.

    Контролери заряд - разряд бо блок - аккумулятор коркард ва сохта шудааст, аз озмоиш гузаронида шуд. Дар давраи январ-июни соли 2014 озмоишҳои се модификатсияи контроллери заряд ва ду навъи блок - аккумуляторҳои кушода ва пўшида гузаронида шуданд. Контроллер реҷаи қатъи зарядро ҳангоми ба 14,5 В расонидани шиддат таъмин намуда, ҳангоми камтар аз 10 В паст шудани шиддат сарбориро ҷудо мекунад.

    Махзан (бак)-и аккумулятор барои оби гарм аз маводҳои конструктории инноватсионӣ коркард ва сохта шуда, аз озмоиш гузаронида шуд. Нишон дода шудааст, ки макет гардиши обро аз тариқи коллектори офтобӣ таъмин менамояд: дар ин маврид ҳарорати об дар нисфирўзӣ ба 700С мерасад ва самаранокии коллектор 50%-ро ташкил медиҳад.

    Ҷузъ (элемент)-и аз энергия навобастаи хотираи навъи сатҳӣ дар асоси гетеросохтори нимноқилҳои органикӣ - фталосианини мис (Сu Рс) ва фталлосианин бе металл (Н2Рс) коркард ва сохта шуда, аз озмоиш гузаронида шуд. Дар мушаххасаҳои волт-амперии ҷузъ падидаи гузариш аз ҳолати муқовиматаш баланд ба ҳолати муқовиматаш паст, яъне падидаи энергияновобастаи хотира мушоҳида гардид.

    Имконияти истифодаи принтери фавворӣ барои сохтани асбобҳои электронӣ дар асоси маводи органикӣ таҳқиқ карда шудааст. Ин усулро барои тайёр кардани на танҳо қосидак (датчик)-ҳо, ҷузъиёти офтобӣ, балки муқовиматҳо ва транзисторҳо низ истифода кардан мумкин аст, ки ин имкон медихад схемаҳои электронӣ низ чоп карда шавад.

    Дастгоҳи офтобии гибридии навъи «модул-коллектори фотоволтӣ» коркард, тайёр ва аз озмоиш гузаронида шуд, ки барои ба энергияи электрикӣ табдил додани офтоб ва гармкардани об дар шароити маишӣ ва ё дар истеҳсолот таъйин шудааст. Дастгоҳ имкон медиҳад масоҳати сатҳе, ки барои ба энергияи электрикӣ ва гармӣ табдил додани энергияи офтоб истифода мешавад, 2 маротиба кам карда шавад, ки ин махсусан дар шароити шаҳр ва деҳот муҳим аст.

    Динамикаи афзоиши массаи биологии топинамбур, ташаккули сатҳи баргӣ ва массаи бехмеваҳо дар муддати сабзиш омўхта шудааст. Муайян карда шудааст, ки парвариши топинамбур дар як маҳал боиси 20% кам гардидани биомассаи умумӣ ва ҳосилнокии он мегардад (нисбат ба шинонидани растаниҳо дар маҳали нав). Шакли нави топинамбур бо сатҳи ҳамвори бехмева ба даст оварда ва афзоиш дода шудааст, ки шартан «Универсал» номгузорӣ шудааст.

    Дар асоси равишҳои инноватсионӣ нисбат ба омўзиши топинамбур, ки дар Тоҷикистон парвариш карда шудааст, арзиши ѓизоӣ, аҳамияти хўрокӣ, фоиданокии шифоӣ ва қобилияти биоэнергетики он муайян карда шудааст.

    Бори нахуст дар шароити Тоҷикистон гибридҳои топинамбур бо офтобпараст - F1 (Интерес х Юбилейный) ба даст оварда шуда, тухмии онҳо ҷамъоварӣ карда шудаанд.

    Парвариши самараноки якҷояи топинамбур бо ҷуворимакка, наск ва каду муайян карда шудааст, ки дар кори истифодаи интенсивии як порча замини киштгардони обёришаванда аҳамияти махсусан муҳим дорад.

    Барои рушди инноватсионии Тоҷикистон пешниҳод шудааст:

    • мутамарказ гардонидани ҷаҳду кўшиши давлат, ҷамъиятҳои тиҷоратӣ ба азхудкунии технологияҳо ва маҳсулоти нав ва рақобатпазир;
    • аз нигоҳи инноватсионӣ нав кардани парки технологии фарсудашуда;
    • баланд бардоштани нақш ва масъулияти давлат барои интихоб ва амалисозии стратегия, барои азхудкунӣ ва паҳн кардани наслҳои нави техникаю технология, барои самаранокии равандҳои интегратсионӣ, барои мусоидат ба баланд бардоштани фаъолнокии инноватсионии соҳибкорон, олимон, конструкторҳо, муҳандисон - ҳамаи онҳое, ки дар сатҳи худ қобилияти қабули қарор ва амалисозии онҳоро дар солҳои наздик доранд.

    Корҳо оид ба маҳаллигардонии WordPress барои таъсиси сомона (сайт)-ҳо бо забони тоҷикӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҷорӣ карда мешавад.

     

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search