«Центр инновационного развития науки и новых технологий» Национальной академии наук Таджикистана

      Государственное научное учреждение «Центр инновационного развития науки и новых технологий» Академии наук Республики Таджикистан (далее - Центр) основан Решением Правительства Республики Таджикистан №394 от 26 августа 2011 г., и решением

    Бо ќарори Раёсати Академияи

     илмњои Љумњурии Тољикистон

     аз «30»_январи_с. 2012

     № 08  тасдиќ шудааст

      

    ОИННОМАИ

    Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноват-

    сионии илм ва технологияњои нав»-и Академияи

     илмњои Љумњурии Тољикистон

    Душанбе -2012

     

    I.Муќаррароти умумї

     

    1. Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияњои нав»-и Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон (минбаъд – Марказ) бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 августи соли 2011, №394 ва ќарори Раёсати Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2011, №140 таъсис дода шудааст.

    2. Марказ воњиди сохтории Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон (минбаъд – АИ ЉТ) мебошад.

    3. Роњбарии илмию методии фаъолияти Марказро Шўъбањои АИ ЉТ  амалї менамоянд.

    4. Марказ ташкилоти илмии зертобеъи АИ ЉТ – муассисаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон мебошад.

    5. Маблаѓгузории Марказро АИ ЉТ тибќи наќшаи тасдиќшудаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон оид ба маблаѓгузории буљетї амалї менамояд.

    6. Марказ суратњисоб ва њисобњо, аз љумла њисоби арзї (валютї), тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мўњр бо тасвири Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон ва ифодаи номи пурраи худро бо забони давлатї (забони тољикї), штамп, бланк ва реквизитњои дигари шахси њуќуќиро, ки бо тартиби муќарраргардида тасдиќ ва ба ќайд гирифта шудаанд, соњиб аст.

    7. Марказ дар фаъолияти худ ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Оинномаи АИ ЉТ, ќарорњои Маљлиси умумии АИ ЉТ, ќарорњо ва амрњои Раёсати АИ ЉТ ва Оинномаи мазкурро ба роњбарї мегирад.

    8. Марказ амволи давлатиеро, ки АИ ЉТ ба он вобаста кардааст ва барои идора супурдааст, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Оинномаи АИ ЉТ ва Оинномаи Марказ соњибї мекунад, истифода ва ихтиёрдорї менамояд.

    9. Марказ њуќуќ дорад аз номи худ шартномаву созишномањо бандад, њуќуќњои  амволї ва шахсии ѓайриамволиро ба даст оварад ва истифода намояд, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон даъвогар ва љавобгўй дар суд бошад.

    10. Марказ масъулияти муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро барои натиљањои фаъолияти молиявии худ ва иљрои ўњдадорињо дар назди  молики амволи давлатї, буљет, шахсони дигари њуќуќї ва воќеї бар дўш дорад.

    11. Марказ аз рўйи ўњдадорињои худ ба маблаѓњои пулї ва амволе, ки аз њисоби маблаѓњои аз фаъолияти Марказ бадастомада соњиб гардидааст, љавобгўй мебошад.

    12. Дар доираи ваколатњои Раёсати АИ ЉТ Марказ тањќиќоти байнифаннии муассисањои илмии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистонро њамоњанг месозад.

    13. Мансубияти њуќуќ ба объектњои моликияти аќлонї ва натиљањои дигари фаъолияти илмию техникие, ки Марказ аз њисоби маблаѓњои буљети давлатї ба даст овардааст, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

    14. Номи пурраи Марказ бо забони давлатї (забони тољикї)-Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм  ва технологияњои нав»-и Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, бо забони русї – Государственное  научное учреждение «Центр инновационного развития науки и новых технологий» Академии наук Республики Таджикистан, бо забони англисї - State Scientific Institution “Center of Innovation Development of Science and New Technologies” of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan мебошад. Номи мухтасари Марказ бо забони давлатї – МРИИТН АИ ЉТ, бо забони русї – ЦИРНТ АН РТ,  бо забони англисї - CIDS NT AS RT аст.

    15. Макон ва нишонии Марказ: 734063, Љумњурии Тољикистон, ш.Душанбе, кўчаи Айнї, 299/3.

     

    II.Маќсадњо, самтњои фаъолият ва

    вазифањои асосии Марказ

     

    16. Маќсади асосии Марказ ташкил ва гузаронидани тањќиќоти илмї, њамчунин корњои амалї дар соња тањия ва амалисозии лоињањои инноватсионї ва технологияњои наве мебошад, ки барои рушди мамлакат ањамияти муњим доранд.

    17. Вазифањои асосии Марказ инњоанд:

    -гузаронидан ва њамоњанг сохтани тањќиќоти илмї оид ба самтњои афзалиятноки бунёдї ва амалии илм њамчун асос барои рушди фаъолияти инноватсионї;

    -тањия ва амалисозии лоињањои инноватсионї, ки барои рушди мамлакат ањамияти муњим доранд;

    -њавасмандгардонии фаъолияти илмию техникї ва инноватсионї;

    -мусоидат ба њамкории илмию техникии байналмилалї дар соњаи инноватсияњо;

    -тањкими алоќањои байни илм ва маориф, иштирок дар фаъолияти тањсилотї ва тайёр кардани кадрњои баландихтисоси илмї ва илмию омўзгорї, иштирок дар фаъолияти нашрї ва илмию маърифатї;

    -њамоњангсозии њамкорињои ташкилотњои академї бо муассисањои илмию тањкиќотии соњавї ва  муассисањои тањсилоти олї дар соњаи инноватсияњо;

    -тањкими алоќањои байни илм ва истењсолот ба маќсади амалисозии коркардњои илмию техникї ва лоињањои инноватсионї ва тиљоратигардонии натиљањои фаъолияти илмию техникї;

    -тањияи барномањо ва таълифи воситањои таълимї оид ба технологияњои иттилоотиву иртиботї;

    -коркард, ба вуљуд овардан ва татбиќи технологияњои иттилоотиву иртиботї, истифода ва рушди самтњои нави забоншиносии компютерї барои омўзиши забони тољикї ва васеъ намудани имконияти татбиќи амалии онњо.

    18. Барои иљрои вазифањои гузошташуда Марказ корњои зеринро анљом медињад:

    -лоињањои илмию тањќиќотиро аз рўйи соњаи фаъолияти худ тањия намуда, онро барои ворид намудан ба рўйхати лоињаву барномањои аз буљети давлатї маблаѓгузоришаванда ба Шўрои њамоњангсозии корњои илмию тањќиќотии Љумњурии Тољикистон пешнињод мекунад;

    -тањќиќоти бунёдї ва амалиро мегузаронад, коркардњои илмию техникї ва барномањои  инноватсиониро њамоњанг месозад;

    -бо тартиби муќарраргардида иљрои ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Раёсати Академияи илмњои Љумњурии Тољикистонро оид ба масъалањои илм ва фаъолияти илмию техникї ва инноватсионї ташкил менамояд;

    -корњои ташкилии алоќаманд ба фаъолияти Марказро иљро менамояд;

    -ба татбиќи  амалии натиљањои корњои илмию тањќиќотии ба анљом расида мусоидат менамояд;

    -масъалањо ва пешнињодњои мансуб ба  фаъолияти Марказро омода намуда, онро бо тартиби муќарраргардида барои баррасї ба Раёсати АИ ЉТ мебарорад;

    -дар тањияи лоињањои асноди меъёрї оид ба масъалањои мансуб ба салоњияти Марказ иштирок мекунад;

    -роњбарии фаъолияти нашрии ба фаъолияти Марказ мансуббударо амалї менамояд;

    -масъалањо оид ба таѓйироти тахассуси воњидњои илмии Марказ ва самтњои корњои онњоро баррасї ва њал намуда, оид ба ташкили воњидњои нав, таљдид ё барњамдињии воњидњои мављуда пешнињод ворид месозад;

    -фаъолияти шўрои илмї, комиссияњо ва љамъиятњоеро, ки дар назди Марказ ташкил шудаанд, роњбарї менамояд, дар зарурат шўрову комиссия ва љамъиятњои нав ташкил дода, шўрову комиссия бо љамъиятњои мављударо барњам медињад;

    -барои гузаронидани анљуманњои байналмилалї ва љумњуриявї, конференсияњо ва машваратњо, ташкили намошгоњњо, мактабњо барои олимони љавон, озмунњои лоињањои инноватсионї ва технологияњои нав пешнињод медињад;

    -бо тартиби муќарраргардида дархостњоро ба мутахассисони љавон барои Марказ ба Раёсати АИ ЉТ пешнињод менамояд;

    -тайёр кардани кадрњои илмиро тавассути аспирантура, докторантура, коромўзї ба роњ монда, корњоеро оид ба баланд бардоштани тахассуси кормандони илмї пеш мебарад;

    -номањо, пешнињодњо, дархосту шикоятњои шањвандонро, ки ба АИ ЉТ оид ба масъалањои мансуб ба салоњияти Марказ ворид шудаанд, баррасї намуда, ба онњо љавоб ва хулосањои дахлдор медињад.

    19. Дар баробари фаъолияти асосии илмї, ки бо тартиби муќарраргардида аз маблаѓњои буљети давлатї маблаѓгузорї мешавад, Марказ барои њалли масъалањои дар ин Оиннома пешбинигардида, њуќуќ дорад, ки тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон фаъолияти зерини даромадоварандаро амалї намояд:

    -иљрои корњои илмию тањќиќотї ва таљрибавию конструкторї, аз љумла бо ташкилотњои хориљї дар асоси шартномањои басташуда;

    -коркард, истењсол ва фурўши мањсулот (корњо, хизматрасонињо), аз љумла намуна , дастгоњ ва асбобњои таљрибавї;

    -гузаронидани тањќиќоти илмї ва коркардњо дар шароите, ки грантдињанда пешбинї намудааст;

    -тањияи маводи илмии тањлилии дурнамо, гузаронидани экспертизањои илмї, озмоишњои системањои техникї;

    -хизматрасонињои иттилоотиву тањлилї, муњандисиву машваратї;

    -интиќоли маълумот, татбиќи системањои иттилоотї ва таъминоти барномавї;

    -гузаронидани чорабинињои илмию ташкилї (анљуманњо, конференсияњо, симпозиумњо, намоишгоњњо , озмунњо ва ѓайра);

    -нашр ва пањн кардани мањсулоти чопї оид ба натиљањои фаъолияти илмии Марказ, њамчунин маводи илмию методї, тавсияњои методї, монографияњо, маљмўи корњои илмї.

    20. Зимни амалї намудани фаъолияти худ Марказ иљрои ўњдадорињоро оид ба њифзи  сирри давлатї, хизмат ва тиљоратие, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст,  таъмин менамояд.

    21. Намудњои фаъолиятеро, ки ба иљозатдињї (литсензиядињї) ва сертификатдињї мансуб аст, Марказ дар сурати мављуд будани иљозат ё сертификати дахлдор амалї менамояд.

     

    III. Сохтори Марказ

     

    22. Марказ дастгоњи идора дорад, ки он тибќи Оинномаи АИ ЉТ ва Оинномаи мазкур ташкил ва амал мекунад.

    Сохтор, миќдори кормандон ва буљети Марказро Раёсати АИ ЉТ муайян мекунад.

    23. Ба сохтори Марказ шўъбањои илмию тањќиќотї, озмоишгоњњо, корхона ва пойгоњњои  таљрибавї дохил мешаванд.

     

    IV. Идоракунии Марказ

     

    24. Сарварии Марказро директор ба зимма дорад, ки ўро Раёсати АИ ЉТ ба мўњлати 5 сол таъйин мекунад.

    Директори Марказ:

    -кори Марказ ва шўрои олимони онро ташкил ва роњнамої менамояд, вазифањоро байни аъзои шўрои олимон таќсим мекунад;

    -иљрои корњои илмию тањќиќотї ва таљрибавию конструктории Марказ, супориш ва ќарорњои Раёсати АИ ЉТ-ро ташкил ва назорат мекунад;

    -дар љаласањои Раёсати АИ ЉТ оид ба масъалањои мансуб ба фаъолияти Марказ гузоришдињанда мебошад;

    -оид ба масъалањои дигари мансуб ба фаъолияти Марказ ќарор ќабул менамояд.

    25. Директори Марказ ба фаъолияти он дар назди Раёсати АИ ЉТ  масъулият дорад.

    Раёсати АИ ЉТ  њуќуќ дорад директори Марказро аз вазифа озод намояд, агар ў аз ўњдаи иљрои вазифањояш баромада натавонад.

    Раёсати АИ ЉТ њуќуќ дорад њамон як шахсро ба муддати такрорї ба вазифаи директори Марказ таъйин намояд.

     

    V. Муовини директори Марказ оид

     ба корњои илмї

     

    26. Муовини директори Марказ оид ба корњои илмиро Раёсати АИ ЉТ бо пешнињоди директори Марказ ба мўњлати 5 сол таъйин мекунад.

    27. Муовини директор барои ташкил  кардани кори Марказ тибќи таќсимоти муќарраршудаи вазифањо, иљрои наќшањои корњои илмию тањќиќотї ва таљрибавию конструкторї масъулият дорад.

    28. Муовини директори Марказ оид ба кори илмї дар мавриди њузур надоштани директор вазифаи ўро иљро мекунад.

    Раёсати АИ ЉТ њуќуќ дорад, ки муовини директор оид ба корњои илмиро бо пешнињоди директори Марказ аз вазифа озод намояд, агар ў аз уњдаи вазифа ба зиммадоштааш набарояд.

     

    VI. Котиби илмии Марказ

     

    29 Котиби илмии Марказро Раёсати АИ ЉТ бо пешнињоди директори Марказ ба мўњлати 5 сол таъйин менамояд.

    30. Котиби илмии Марказ:

    -ќарорњои шўрои олимони Марказ ва маќомоти болоиро иљро ва назорат менамояд;

    -омода ва иљрои ќарорњои шўрои олимонро оид ба наќшагирї ва њамоњангсозии корњои илмию тањкиќотї, истифодаи натиљањои тањќиќоти анљомёфта, њамкорињои байналмилалї ва фаъолияти нашр таъмин менамояд;

    -омодагии ташкилию техникии љаласањои шўрои олимонро амалї мекунад.

    -Раёсати АИ ЉТ њуќуќ дорад бо пешнињоди директори Марказ котиби илмии Марказро аз вазифа озод намояд, агар ў аз уњдаи вазифаи ба зиммадоштааш набарояд.

     

     

     

     

     

    VII. Шўрои олимони Марказ

     

    31. Шўрои олимони Марказ маќоми машваратї дар назди директори Марказ мебошад.

    32. Таркиби миќдорї, сохтори шўро ва санаи гузаронидани маљлиси умумии кормандони Марказ барои интихоби шўро дар мувофиќа бо Раёсати АИ ЉТ муайян карда мешавад.

    33. Аъзои шўрои олимон, ѓайр аз шахсони вазифадор (директор, муовини директор оид ба кори илмї, котиби илмии Марказ, њамчунин аъзои АИ ЉТ аз рўйи ихтисос ва намояндаи Кумитаи иттифоќи касабаи институт ва шўрои олимони љавон) дар маљлиси умумии коллективи илмии Марказ бо роњи овоздињии пинњонї интихоб карда мешаванд. Шахсоне интихобшуда њисобида мешаванд, ки ба онњо на камтар аз нисфи иштирокдорон овоз дода бошанд.

    34. Њайати шахсии шўрои олимони Марказро  ба мўњлати 5 сол Раёсати АИ ЉТ тасдиќ менамояд ва ин њайат ваколати худро то иваз шудани директор ва таъйин шудани директори нав аз тарафи Раёсати АИ ЉТ нигоњ медорад.

    35. Таѓйирот дар њайати шўрои олимони Марказро бо пешнињоди директор Раёсати АИ ЉТ тасдиќ менамояд.

    36. Раиси шўрои олимон-директори Марказ, муовини раис-муовини директори Марказ оид ба кори илмї, котиби илмии шўро – котиби илмии Марказ мебошанд.

    Шўрои олимони Марказ:

    -самтњои асосии фаъолияти илмии Марказро муњокима мекунад;

    -лоињањои наќшањои корњои илмию тањќиќотї ва таљрибавию конструкторї, тайёр кардани кадрњои илмї, амалишавии натиљањои тањќиќоти илмї, машварат ва конференсияњоро баррасї мекунад;

    -њисоботњоро оид ба натиљањои фаъолияти илмї ва илмию ташкилии Марказ баррасї менамояд;

    -масъалањои муњими илмї, гузоришњои илмиро муњокима мекунад;

    -наќшањои омодагии тањрирї ва нашри корњои илмии Марказро баррасї мекунад, корњои илмии кормандони Марказро ба нашр тавсия медињад;

    -њисоботњоро оид ба кори мудирони воњидњои илмию тањќиќотї, роњбарон, гурўњњои тањќиќотї ва кормандони илмии алоњидаро баррасї менамояд;

    -масъалањои самаранокии њамкорињои байналмилалии Марказ ва њисоботњои кормандонро оид ба сафарњои илмиашон ба хориља муњокима мекунад;

    -корњои илмї, кашф ва ихтирооти илмиро барои додани љоизањои байналмилалї ва љумњуриявї пешнињод мекунад;

    -олимони Марказро барои додани унвонњои фахрї пешбарї мекунад;

    -номзадњоро ба аъзои њаќиќї (академикї) ва аъзои вобастаи АИ ЉТ пешбарї мекунад;

    -оид ба озмунњо барои ишѓол намудани вазифањои  холии воњидњои илмию тањќиќотї, сарходимњо ва ходимони пешбари илмї, ходимони хурд ва калони илмї  ќарор ќабул менамояд.

     

    VIII. Амвол ва воситањои молиявии Марказ

     

    37. Ба таркиби амволи Марказ бинову иншоот, таљњизот, асбобњо, воситањои наќлиёт, воситањои алоќа, шабакањои компютерї ва амволи дигар, ки барои фаъолият ва рушди Марказ заруранд, дохил мешаванд.

    38. Амволи Марказ моликияти давлатї буда, ба ў барои идоракунии Марказ мансуб аст ва ба тавозуни мустаќили ў ворид карда мешавад. Марказ дар доираи тартиби муќарраркардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Оинномаи АИ ЉТ амволи ба ў барои идоракунии Марказ мансуббударо соњибї, истифода ва ихтиёрдорї менамояд.

    39. Даромадњои Марказ, ки аз њисоби фаъолияти дар ин Оиннома нишондодашуда ба даст меоянд, дар ихтиёри мустаќили Марказ ќарор дошта, барои дарёфти маќсаду њалли вазифањои пешбиникардаи Оинномаи  Марказ бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истифода карда мешаванд.

    40 Амволе, ки дар шакли хадяву тўњфа ба Марказ ворид шудааст, аз тарафи Марказ тибќи ќонунгузории Љумхурии Тољикистон вобаста ба он маќсад ва вазифањои Марказ, ки дар Оинномаи мазкур пешбинї гардидааст, истифода бурда мешавад.

    41. Марказ њуќуќ дорад, ки амволи давлатии дар ихтиёрдоштаро, ки муваќќатан дар истифода намебошад, аз љумла амволи ѓайриманќулро дар асоси ќарори Раёсати АИ ЉТ, ки бо маќомоти давлатї оид ба идора ва ихтиёрдории амволи давлатї мувофиќа шудааст, бе њуќуќи харидорї намудан ба иљора дињад.

    42. Њуќуќњои истифодаи ќитъањои замине, ки ба Марказ дода шудааст, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба истифодаи замин танзим карда мешавад.

     

    IX. Маблаѓњои молиявии Марказ

     

    43. Маблаѓњои молиявии Марказ аз манбаъњои зерин ташаккул меёбанд:

    -маблаѓњои буљети давлатї, ки ба Марказ бо тартиби муќаррарнамудаи Раёсати АИ ЉТ људо шудаанд;

    -маблаѓњое, ки ба сифати маблаѓгузории маќсадноки тањќиќот барои иљрои барномањои давлатии Љумњурии Тољикистон ворид мешаванд, њамчунин маблаѓњои хазинањои давлатии  илмї, маблаѓњо аз рўйи грантњо ва ќарзњои ташкилот ва хазинањои байналмилалї ва ѓайритиљоратии хориљї, лоињањои илмии озмунї, мавзўот ва коркардњои илмї;

    -њадяњои ихтиёрї ва аъзоњаќќињои маќсадноки шахсони воќеї ва њуќуќї, аз љумла шањрвандони хориљї ва (ё) шахсони њуќуќии хориљї, ки тибќи шартномањои басташуда ба даст омадаанд, агар ин хилофи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон набошад;

    -маблаѓњое, ки аз иљорагирандагон љињати пардохти харољот барои истифодабарї хизматрасонињои коммуналї ва хољагидории маъмурї ворид шудаанд;

    -маблаѓњое, ки ба намуди дивидентњо аз ќоѓазњои ќиматноки пештар бадастовардашуда, њамчунин даромадњо аз фурўши онњо ворид шудаанд.

     

    Х. Бањисобгирї ва њисоботдињї

     

    44. Марказ бо тартиби муќаррарнамудаи Раёсати АИ ЉТ њар сол ба Раёсати АИ ЉТ оид ба фаъолияти илмию ташкилї ва молиявию хољагидории  Марказ њисобот пешнињод менамояд.

    45. Марказ бањисобгирии муњосибиро ба роњ монда, бо тартиб ва мўњлатњои муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њисоботи муњосибї, андозї, оморї ва ѓайра тартиб медињад ва пешнињод менамояд.

    46.Марказ риояи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро оид ба ташкили коргузорї, тартибдињї, иљрокунї ва нигањдории њуљљатњои хизматї таъмин менамояд.

    47. Санљиши комплексї ва маќсадноки фаъолияти Марказро маќомоти дахлдори АИ ЉТ, маќомоти андоз ва маќомоти дигари давлатї дар доираи салоњияташон амалї менамоянд.

     

    ХI. Таљдид ва барњамдињии Марказ

     

    48. Муттањидкунї, њамроњкунї, таќсимкунї, људокунї ва табдилдињии воњидњои Марказро танњо дар асоси ќарори Раёсати АИ ЉТ амалї намудан мумкин аст.

    49. Барњамдињї ва таљдиди Марказ ба тартиби  пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

    50. Њангоми барњамдињї ва таљдиди Марказ ба кормандони аз кор озодкардашуда риояи њуќуќ ва манфиатњои онњо тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон кафолат дода мешавад.

    51. Њангоми таљдид ва барњамдињии Марказ њамаи њуљљатњо (идоракунї, молиявию хољагидорї, оид ба њайати шахсї ва ѓайра) тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба бойгонї супурда мешаванд.

     

    ХII. Тартиби ќабул ва ворид намудани таѓйирот

     ба Оинномаи Марказ

     

    52. Оинномаи Марказ бо ќарори Раёсати АИ ЉТ тасдиќ карда мешавад.

    53. Таѓйирот ба Оиннома дар асоси ќарори Раёсати АИ ЉТ ворид карда мешавад.

    Фаъолияти патент-иҷозатномадиҳӣ ба Марказ барои соли 2017

     

    Дар давраи њисоботї кормандони Марказ 3 патенти хурди Љумњурии Тољикистонро ба даст оварданд.

    1. Системаи биореактории анаэробии бисёрсатњаи хурдандоза. № TJ 816, 2016. (С.Њ. Бањриев, Х.М. Ахмедов, Б.С. Бахриев, Ф. Наљмизода);

    2. Нозираки дастгоњи фотоэлектрикии офтобї. № ТJ 829, 6 марти соли 2017. (Х.С. Каримов, Ф.Х. Муњаммад, Х.М. Ахмедов, А. Нур, Хина Гоњар). Патенти ИМА ба даст оварда шудааст.

    3. Таркиб ва усули тайёр кардани тензодатчик ва истифодаи он. US 9, 538, 924 B1, Jan 10, 2017. (Asiri, Karimov et.al).

    Њамчунин Шањодатнома ба њуќуќи селексиякунии топинамбури нави «Сарват» (№145) ба даст оварда шуд, ки онро Комиссияи давлатї оид ба озмоиши навъњои зироатњои кишоварзї ва њифзи навъњои назди Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон аз 28 апрели соли 2017, протоколи №1 додааст (К.Партоев, Х.М.Ахмедов, Сайдалиев Н.Х., Ясинов Ш.Н., Мирзоев Н.Р.).

     

     Фаъолияти патент-иҷозатномадиҳӣ ба Марказ барои соли 2016

    Дар нимсолаи якуми соли 2016 1 патенти хурди ЉТ («Коллектори офтобии гибридї», № TJ 751 аз 18 феврали соли 2016 (Х.С.Каримов, Х.М.Ахмедов, Н.Ахмед, Ф.Х.Мухаммад, Ф Мустафа) ба даст оварда шуда, барои гирифтани патент 4 дархост пешнињод карда шуд:

    - «Дастгоњ барои њосил кардани њидроген ва оксиген бо роњи электролизи об». Х.С.Каримов, Ф.Х.Мухаммад, Х.М.Ахмедов, Ф. Ношин. А. Салман).

    - «Коллектори термолектрикии гибридии офтобї» (Х.С.Каримов, Ф.Х.Мухаммад, Х.М.Ахмедов, А.Нур, Хина).

    - «Системаи биореактории анаэробии бисёрсатњаи хурдандоза. (С.Х.Бахриев, Х.М.Ахмедов, Ф.Т.Абдусамадов, Ф.Начмизода).

     

    Фаъолияти патент-иҷозатномадиҳӣ ба Марказ барои соли 2014

          Дар  соли  2014  кормандони Марказ ду дархост барои гирифтани патенти Љумњурии Тољикистон пешнињод намуданд:          

      Х.М.Ахмедов, Г.А.Ташбаев, «Способ производства спирта из топинамбура». Санаи дархостдињї – 1 июли соли 2014, № 1400870.

    Х.М.Ахмедов, Ф.У.Обидов, А.Г.Маркаев, Р.А.Исмаилов, «Солнечная водонагревательная установка». Санаи дархостдињї – 21 октябри соли  2014, № 1400895.

    Саҳифа дар ҳолати коркард қарор дорад!

    2018

     

    Лоиња: Коркард ва сохтани система ва таљњизоти инноватсионии гибридї барои истењсоли энергияњои электрикї ва њароратї дар асоси захирањои энергетикии барќароршаванда.

    Роњбари лоиња: академики АИ ЉТ, доктори илмњои физикаю математика Илолов М.И.

    Дар доираи лоиња дар чоряки якуми соли 2018 чунин натиљањои илмї ба даст оварда шуданд:

    Макети системаи электронии худкори идоракунї (СХИ) бо идоракунии барномавї ва блоки хотираи 1 Гбайт барои љамъоварї ва њифз кардани маълумот аз ќосидак (датчик)-њои раќамї (то 30 параметр) тайёр карда шуд.

    Дар шароити воќеии кори нерўгоњи офтобї системањои назорат, сабт ва ќайди маълумот дар асоси микрокомпютер озмоиш карда шуданд. Сабти маълумоти ченгирињо бефосила бо интервали муайяни ваќт гузаронида мешавад. Вобаста ба вазифањои назоратї ва идоракунии кори нерўгоњи офтобї системаи худкори идоракунї дар рељаи назоратї параметрњои додашуда бо баровардани маълумот ба монитори компютер ё дар рељаи сабти маълумот ба флеш-карта бе пайвасткунї ба компютер кор мекунад. Дар натиља арзиши таљњизоти системаи худкори идоракунї ва харољот барои истифодадињии нерўгоњњои офтобї кам мегардад.

    Ба таври таљрибавї кори системаи худкори идоракунї (СХИ) барои назорати равандњои истењсол, истеъмол ва сарфаи энергия дар шароити воќеии истифодабарии дастгоњњои фотоэлектрикии офтобї(ДФЭО) тањќиќ карда шуд. Таъминоти барномавї барои мониторинги бефосилаи параметрњои кории ДФЭО дар миќёси ваќти воќеї ба вуљуд оварда шуд. СХИ бо системаи ќайди маълумот дар асоси флеш-карта бо њаљми 1 ГВ барои тањќиќи таъсири њарорати модули фотоэлектрикї (PV) ба самаранокии ДФЭО истифода карда шуд. Маълумоти бадастомада оид ба њарорати PV–и модул барои њисобкунии зариби кори фоиданоки ДФЭО дар миќёси ваќти воќеї истифода шуд. Нишон дода шуд, ки фарќи њароратњои PV-модул ва њавои атроф ба интенсивияти нури офтоб ва бинобар ин ба тавоноии энергияи электрикии истењсолшаванда вобаста мебошад. Маълумот барои њароратњои максималї, минималї ва миёнаи PV–модулро барои идоракунии автоматї ва назорати равандњои тавлид, истеъмол ва сарфаи энергияи њосилкардаи ДФЭО истифода кардан мумкин аст. Дар асоси тањќиќоти гузаронидашуда ва натиљањои таљрибавии бадастомада алгоритми таъминоти барномавї барои нерўгоњи офтобии «аќлдор» коркард карда шуд.

    Тањќиќи таъсири параметрњои метеорологии атмосфера ба самаранокии ДФЭО гузаронида шуд. Нишон дода шуд, ки шаффофияти атмосфера дар моњи январ дар рўзи беабр тавлиди шабонарўзии максималии энергияи электрикии нерўгоњњои офтобиро таъмин мекунад. Дар моњи июл чангу ѓубори афмосфера боиси кам шудани тавлиди шабонарўзии нерўгоњ ба ќадри 10% мегардад.

    Дар чањорчўби озмоишњои нерўгоњи офтобии алоњида бо иќтидори 400 Вт дар бахши маишї дар шароити воќеии истифодабарї дар ш.Хуљанд ба таври таљрибавї самаранокии воќеии шабонарўзї, моњона ва солонаи неругоњи офтобї тањќиќ карда шуд. Имконияти бањодињии таъсири омилњои метеорологї (абрнокї, њарорати њаво) ва параметрњои техникии таљњизоти нерўгоњи офтобї (њаљми тавлид, њарорати PV – модул, њаљми аккумулятарњо) ба самаранокии кори нерўгоњ дар асоси таносуби тавлиди максималї ва миёнашабонарўзии энергияи электрикї нишон дода шуд. Нишон дода шуд, ки тавлиди моњонаи энергияи электрикии нерўгоњи офтобї ба ќадри 30-50% аз њисоби абрнокї дар зимистон ва ба ќадри 15-25% аз њисоби баландшавии њарорати PV – модул дар тобистон кам мешавад.

    Имконияти муайян кардани зариби кори фоиданоки модули фотоэлектрикї (МФЭ) ва тавлиди энергияи электрикии ДФЭО тибќи маълумоти мониторинги њарорати модули фотоэлектрикї нишон дода шуд. Тавлиди њисобии хоси моњонаи энергияи электрикии ДФЭО 9,8 кВт. ст/м2 њангоми миёнашабонарўзї будани зариби кори фоиданоки МФЭ аз кремний баробари 0,195 барои моњи декабри соли 2017 ташкил медињад.

    Схемаи кории системаи худкори идоракунї (СХИ) бо идоракунии фосилавї тавассути интернет ва ба даст овардани маълумот оид ба кори нерўгоњњои офтобї дар миќёси ваќти воќеї дар асоси СМС (SMS-Short Masstgt Standarts) коркард шуд. СХИ барои назорати равандњи истењсол, истеъмол ва сарфаи энергияи офтобї, баланд бардоштани самаранокии кори нерўгоњи офтобї, сохтани нерўгоњњои «аќлдор»-и алоњида ва шабакавї, њамчунин сохтани системаи нерўгоњњои офтобї бо идоракунї ва назорати ягонаи марказонидашуда таъйин гардидааст.

    Дар ќитъаи таљрибавии Марказ дар шароити воќеии истифодабарии ш.Душанбе тестикунонии модулњои офтобии иќтидорњои муќарраршудаи 100-400 Вт бо истифодаи трекери механикии назорат ба самти офтоб гузаронида шуд. Нишон дода шуд, ки бузургии шиддати гардиши бефоида, љараён расиши кўтоњ ва иќтидори умумии истењсол бо модулњои офтобї аз бузургињое, ки бе истифодаи трекер ба даст оварда шудаанд, хеле фарќ мекунанд.

    Хосиятњои элементњои термоэлектрикии нимшаффофи силиндрикии дарунпур дар асоси n-Bi2Te3 – графен-адгезив ва p - Bi2Te–графен-адгезив тањќиќ карда шуданд. Шиддат ва љараёне, ки боиси њодисаи ермоэлектрикї мегардонд, чен карда шуданд, Њамчунин зариби Зеебек дар намунањои n-Bi2Te3 – графен-адгезив ва p - Bi2Te–графен-адгезив њисоб карда шуд, ки он (-100) µV/0С ва (+86) µV/0С-ро њангоми 270С будани њарорат ва (-137) µ V/0С ва (+140) µ V/0С-ро њангоми 650С будани њарорат ташкил дод. Ќимати зариби Зеебек на танњо ба таркиби маводи термоэлектрикї, балки ба андозањои заррањо ва технологияи тайёр кардани намунањо вобастагии ќавї дорад. Наќши назаррасро сохтори намунањо мебозад: дар маводи камандоза, нано-симњо ва лавњањои тунук ќиматњои баланди зариби Зеебек ошкор карда шуданд, вале электроноќилияти нисбатан пасти онњо истифодаи онњоро дар амал барои табдили энергияи њароратї ба энергияи электрикї мањдуд мегардонад. Дар айни замон термоэлементњо дар асоси ин маводњоро метавон дар техникаи ченгирї истифода кард. Нишон дода шудааст, ки шаффофияти элементњои темоэлектрикии тањќиќшуда 32-35%-ро дар намунањои гуногун ташкил медињад, ки дар асоси онњо модулњое коркард шаванд, ки онњо бо тиреза пўшонида шудаанд ва энергияи электрикии элементњои термоэлектрикї барои эњтиёљоти маишї, њамчунин энергияи офтобие, ки тариќи элементњо мегузарад, барои равшаннамоии дохили биноњо истифода шуда метавонанд.

    Тањлили комплексии арзиши иќтисодии захирањои обию энергетикии дарёњои сарњадгузар зимни якљоя истифода кардани онњо аз тарафи давлатњои њавзањо ба манфиати гидроэнергетика ва обёрї иљро карда шуд.

    Барои омўзиши раванди љамъоварии биомасса ва нерўи энергетикии топинамбур дар шароити гуногунии Тољикистон 20 навъи топинамбур дар дењаи Кадучии ноњияи Восеъ, 3 намуд дар ќитъаи таљрибавии Донишгоњи давлатии омўзгори Тољикистон ба номи С.Айнї, 20 намуд дар ќитъаи таљрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ЉТ (дар дењаи Заргари ноњияи Вањдат), 16 намуд дар дењаи Кулканди ноњияи Исфара ва 2 намуд дар заминњои шўрхоки ноњияи Хуросон шинонида шуд.

    Љињатњои иќтисодии истифодаи манбаъњои барќароршавандаи энергия дар корхонањои хурд ва миёнаи ЉТ омўхта шуданд. Лоињаи пешнињод барои гирифтани грант аз рўи мавзуоти манбаъњои барќароршавандаи энергия омода карда шуд ва љустуљўї шарикон барои амалисозии якљояи ин лоиња гузаронида шуд.

    Дар чањорчўби лоињаи «Тањќиќи мафњумњои фаъолияти инноватсионї, омодаю нашр намудани «Фарњанги тафсирии русї-тољикї оид ба фаъолияти инноватсионї» (барои солњои 2017-2019), ки аз њисоби Фонди президентии тањќиќоти бунёдї маблаѓгузорї мешавад, дар марњилаи якум аз моњи июли соли 2017 то моњи марти соли 2018 корњои зерин анљом дода шуданд.

    Дар натиљаи омўзиши њолати фаъолияти инноватсионї ва рушди илмию технологї дар љумњурї муайян карда шудааст, ки барои пурзўртар намудани фаъолияти инноватсионї дар мамлакат таъсис додани фонди инноватсионї, яъне фонди захирањои молиявї бо маќсади маблаѓгузории коркардњои навтарини илмию техникї ва лоињањои иноватсионї муњим аст. Манбаъ (сарчашма)-и маблаѓгузории онњо бояд дар баробари маблаѓњои давлатї, њамчунин сањмияњои спонсории соњибкорон, корхонањои истењсолї, ширкату бонкњо бошанд. Дастгирї ва таъсис додани ширкатњои венчурї, яъне ташкилотњои хурде, ки дар соњањои илмталаби иќтисодиёт амал мекунанд, тањќиќоти илмї, коркардњои муњандисї анљом медињанд, тибќи фармоишњои ташкилотњои тиљоратї ва давлат инноватсияњо ба вуљуд меоранд ва онњоро татбиќ менамоянд, низ дар ин самт зарур мебошад.

    Дар доираи ин лоиња њамчунин таљрибаи давлатњои Чин ва Љопон дар роњи ба вуљуд овардани низоми инноватсионї омўхта шудааст. Барои тањияи “Фарњанги тафсирии русї-тољикї оид ба фаъолияти инноватсионї» беш аз 200 мафњумњои соњаи инноватсия бо забони рўсї ва тољикї љамъоварї гардида, тафсир карда шудаанд.

     2017

     

    Лоиња: Коркард ва ба вуљуд овардани технологияњои инноват-сионии истењсол, истеъмол ва сарфаи энергия дар асоси захирањои энергетикии офтобї, шамолї, биологї ва геотермалї, пешнињоди тавсияњо оид ба татбиќи амалии ин технологияњо ва тиљоратигардонии онњо. ЌД № 0113TJ00320. Роњбари лоиња: академики АИ ЉТ М. Илолов

     

    Аз рўйи лоиња дар соли 2017 натиљањои зерини илмї ва технологї ба даст оварда шуданд:

    Тањќиќи мунтазами таъсири шароит ба кори панелњои офтобї бо тавонии 100 ва 200Вт дар ќитъаи таљрибавии марказ гузаронида шуд. Нишон дода шудааст, ки дар шароити табиии баистифодадињї параметрњои кори батареяњои офтобї аз параметрњои дар шароити стандартии озмоиши онњо дадастомада хеле фарќ мекунанд. Дар шароити табиї кори батареяњои офтобї ба самаранокии онњо чунин омилњо, аз љумла интенсивияти нури офтоб, давомнокии рўзњои равшан, вазъи обу њаво ва боришот таъсир мерасонанд. Масалан, тавоноии коркардшаванда дар њавои тира аз 3,8 то 4,5 маротиба кам мешавад ва дар ин маврид ќабати барфї боиси кам шудани тавоної то 7,5 маротиба нисбат ба рўзи соф мегардад.

    Маълумоти мављуда оид ба радиатсияи офтоб барои водињои минтаќањои шимоли Тољикистон тањлил карда шуданд. Миќдори энергияи офтобї, ки панели офтобии уфуќан (00) љойгиршударо фаро мегирад, дар шароити шимоли Тољикистон 1680 кВт·ст/м2-ро дар як сол ташкил медињад. Дар кунљњои оптималии насби панелњо (400), энергияи офтобии солона ба ќадри 10% зиёд мешавад ва 1848 кВт ·кВт·ст/м2-ро ташкил медињад.

    Њаљми интизории истењсоли энергияи электрикї бо панелњои офтобї дар шароити шимоли Тољикистон дар тайи як сол 276 кВ · Ст-ро дар як метри квадратї њангоми мавќеи доимии оптималии панели офтобї ташкил медињад. Самаранокии њисобии панелњои офтобї 15% мебошад.

    Дастгоњи офтобии термоэлектрикии гибридї бо консентратори параболашакл коркард, сохта ва аз озмоиш гузаронида шуд, ки он аз 40 генератори термоэлектрикии истењсоли саноатї ((ТЕС1-12710) иборат буда, бо маќсадњои намоишдињї ва таълимї истифода шуда метавонад, њамчунин метавонад ба сифати прототип барои коркард ва сохтани дастгоњњои тавонтари дар соњаи маишї истифодашаванда татбиќ гардад.

    Кори нерўгоњи офтобї бо тавоноии 400 Вт дар шароити ш. Хуљанд дар давраи аз 1 январ то 31 декабри соли 2016 тадќиќ карда шуд.

    Нишон дода шудааст, ки самаранокии кори нерўгоњи офтобї ба сатњи радиатсия ва тозагии њавои атмосфера, рељаи заряд ва безарядгардонии батареяњои аккумуляторї вобаста мебошад. ККФ-и воќеии солонаи нерўгоњи офтобї 6,1%-ро ташкил дод. Дар фасли тобистон ККФ то 4,5% кам мешавад, ки нисбат ба самаранокии њисобии панелњои офтобї 3 маротиба кам аст, вале дар фасли зимистон ба 11,5 – 11,6% мерасад.

    Муќаррар карда шудааст, ки самаранокии кори нерўгоњи барќї-офтобї њамчунин ба рељаи заряддињї ва безарядгардонии батареяњои аккумуляторї вобастагї дорад. Камшавии зариби кори фоиданок дар моњњои тобистон ба нокифоягии ѓунљоиши батареяњои аккумуляторї ва зиёд шудани истењсол нисбат ба харљи нерўи барќ алоќаманд мебошад. Нозирак (контроллер)-и заряд раванди заряддињиро њангоми дар пайвастгоњњои батареяњои аккумуляторї ба 14В расидани шиддат ќатъ мегардонад ва барои заряддињї танњо 1/3 рўз кор мекунад.

    Таъсири њарорати панели фотоэлектрикии офтобї ба самарано-кии кори электростансия тадќиќ карда шуд. Барои ин мониторинги бефосилаи њарорати панели дастгоњи офтобї дар давраи ављи радиат-сияи офтоб дар моњхои июн-июли соли 2017 гузаронида шуд. Дар тадќиќоти таљрибавї ченгирии њарорати панел ва њавои муњит ба воситаи системаи электронии худкори идоракунї (АСУ), ки аз тарафи олимони Марказ сохта шудааст, гузаронида шуд.

    Њарорати миёнаи панел дар моњи июл дар ваќти корирўзонаи дастгоњ (аз 7:00 то 19:00) 450С-ро ташкил дод. Њарорати пасттарин сањар 250С ва њарорати баландтарин пас аз нисфирўзї 650С буд. Тибќи маълумоти адабиёт ККФ панели офтобї дар асоси кремнийи нимкристаллї дар њарорати 250С баробари 17,5% буда, дар њарорати 600С то 13,5% кам мешавад, яъне ККФ ќариб чоряк кам мешавад.Њамин тавр, истењсоли дастгоњ њангоми ба 10С баланд шудани њарорат ќариб 1% кам мешавад. Дар асоси рафти њарорати панел дар муддати рўз ККФ ва истењсоли рўзонаи дастгоњи офтобї њисоб карда шуданд. Натиљањои њисоб ва маълумоти ченгирињо ба ќиматњои миёнаи шабонарўзї мувофиќ меоянд. Тањќиќоти таљрибавї нишон доданд, ки пастшавии назарраси њарорати панел дар њавои шамолнок рух медињад. Дар шамолњои сахт якбора паст шудани њарорати панел мушоњида мешавад. Самаранокии панелњои офтобиро бо роњи вентилятсияи њаво дар назликии дастгоњ бо истифодаи селњои њавої (шамол) ба ќадри 20-25% зиёд кардан мумкин аст.

    Сохтани системаи худкори идоракунї (АСУ)-и равандњои ба даст овардан, истеъмол ва сарфаи энергияи офтобї барои баланд бардош-тани ККФ-и дастгоњи электрикии офтобї пешнињод гардид.

    Сохтани системаи худкори идоракунии равандњои њосил кардан, истеъмол ва сарфа кардани энергияи офтобї барои баланд бардоштани самаранокии кор (зариби кори фоиданок)-и нерўгоњи барќї-офтобї пешнињод шудааст.

    Схемаи кории системаи худкори идоракунї (СХИ) бо идораи фосилавии барномавї ва блоки хотира барои њифзи маълумот, њам-чунин ба даст овардани маълумот оид ба кори нерўгоњи барќи офтобї дар миќёси ваќти воќеї тавассути интернет коркард шудааст.

    Тавзењи тањќиќот дар соњаи манбаъњои барќароршавандаи энер-гия дар 25 соли даврони Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон гузаронида шудааст. Дар он аз љумла натиљањои тањќиќи захирањои ин манбаъњо оварда шудааст. Нерўи умумї, техникї ва аз нигоњи иќтисодї маќсадноки манбаъњои барќароршавандаи энергия бањодињї карда шудааст. Имконияти истифодаи чунин манбаъњо, мисли энергияи оф-тобї, энергияи шамол, гидроэнергияи дарёњои хурд, энергияи геотер-малї ва энергияи биомасса дар Тољикистон нишон дода шудааст. Муќаррар карда шудааст, ки њиссаи манбаъњои барќароршавандаи энергия дар соњаи истеъмолии энергетикаи Тољикистон айни замон 0,06%-ро ташкил медињад ва дар байни онњо њама навъњои манбаъњои барќароршавандаи энергия - гидроэнергетикаи хурд, гармоэнергетикаи офтобї ва энергияи биомасса татбиќи васеъ ёфта метавонанд.

    Нозирак (контроллер)-и беиндуктивияти дастгоњи фотоэлектри-кии офтобї (ДФЭО) бо истифодаи танњо конденсаторњо чун љузъиёт барои заряддињии энергияи электрикии системаи аккумуляторњо коркард шудааст. Дар ин маврид транзисторњо тавассути микронози-ракњо таъвиз дода мешаванд, шиддати вурудии онњо бо модулятсияи арзї-импулсї идора карда мешавад ва ду диод безарядшавии конденссаторњоро истисно мегардонанд. Нишон дода шудааст, ки ин таљњизро дар дастгоњњои офтобии дар низоми тањсилот, дар шароити маишї ва саноатї, њамчунин дар мањалњои дур истифодашаванда барои њосил кардан ва ба энергияи электрикї табдил додани энергияи офтобї татбиќ кардан мумкин аст.

    Имконияти истифодаи принтери фавворї барои тайёр кардани асбобњои электронї дар асоси маводи органикї тањќиќ карда шуд. Технологияи тайёр кардани ќосидаки намнокї дар асоси нанонайчањои карбонї, элементњои фототермоэлектрикї ва элементњои офтобї дар асоси нимноќилњои органикї ба таври муфассал тасниф карда шуд. Нишон дода шуд, ки ин технологияро барои тайёр кардани ѓунљоиш ва транзисторњо истифода кардан мумкин аст, ки ин барои ба схемањои электронї чоп кардан имкон медињад.

    Системаи оддитарини дастгоњњои бефосила коркунанда барои истењсоли биогаз аз биомассаи растанї бо харољоти камтарини мавод ва хизматрасонии техникї коркард карда шуд. Система модулї буда, барои сариваќт гузаронидани хизматрасонии техникии њар як модул дар алоњидагї бе ќатъ кардани истењсолот ва људо кардани биомассаи коркардшуда барои истифода њамчун пору имкон медињад.

    Бо маќсади сохтани генераторњо барои табдили энергияи њароратї ва офтобї ба энергияи электрикї хосиятњои термоэлектрикї (њодисаи Зеебек)-и композитњои нанонайчањои карбонї, графен ва теллуридњои висмут дар фосилаи њароратии 25-650С тањќиќ карда шуд.

    Пешнињодњо оид ба муносибгардонї ва баланд бардоштани самаранокии энергетикаи Тољикистон; баланд бардоштани бехатарии энергетика ва эътимоднокии таъминоти энергия ба истеъмолкунандагон дар Тољикистон; муносибгардонии стратегияи рушди энергетикаи Тољикистон; баланд бардоштани самаранокии њамкорињои минтаќавї дар энергетика аз њисоби рушди системањои муттањиди энергетикї ва бозори умумї тањия карда шуданд.

    Методика ва модели математикии муносибгардонии андозбандии гидроэнергетика барои рушди устувор ва баланд бардоштани самаранокии энергетикаи Тољикистон коркард ва аз санљиш гузаронида шуд.

    Тањлили захирањои энергетикї дар Тољикистон, дурнамои истифодаи онњо дарминтаќањои Осиёи Марказїва љањон гузаронида шуд.

    Мутобиќгардонии гидрэнергетикаи Тољикистон ба таѓйирпази-рии љориши дарёњо ва иќлим тадќиќ карда шуд.

    Оид ба санадњои ќонунгузорї, стратегия ва чорабинињое, ки вобаста ба рушди инноватсионии маориф, илм ва иќтисодиёт гузаронида мешаванд, њамчунин сарпарастони хориљї ва ватанї, ки метавонанд лоињањои илмї ва амалиро маблаѓгузорї намоянд, захирањои маълумот таъсис дода шуданд.

    Њамчунин оид ба тиљоратигардонии коркардњои илмї дар соњаи истифодаи манбаъњои барќароршавандаи энергия дар корхонањои хурд ва миёна ва дар хољагињои шахсї дар минтаќањои кўњистон ва дурдаст низ захираи маълумот љамъоварї карда шуд.

    Барои омўзиши раванди захиракунии биомасса ва нерўи энергетикии топинамбур дар Тољикистон 16 навъи намунањо дар дењаи Кадучии ноњияи Восеъ ва 3 навъи намунањо дар ќитъаи таљрибавии ДДОТ ба номи С.Айнї, њамчунин 10 навъи намунањо дар ќитъаи таљрибавии ДАТ ба номи Ш. Шоњтемур кишт карда шуданд.

    Барои љамъ кардани навъњои намунањои топинамбур майдони таљрибавї дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ЉТ бо масоњати 0,004 га омода карда шуд.

    Кишти навъњои коллексионии топинамбур дар масоњати 0,04 га дар ќитъаи таљрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанииАИ ЉТ гузаронида шуд.

    Мањсулнокї, хосиятњои физиологї-биохимиявї ва энергетикии маводи коллексионии топинамбур (Helianthus tuberosus l.) дар шароити агроэкологии водињои Кўлоб ва Њисори Тољикистон омўхта шуд.

    Мушоњидањои фенологии сабзиш ва ќадкашии растанињо дар киштзорњои топинамбур (20 навъ) дар ќитъаи таљрибавї гузаронида шуд.

    Намунаи озмоишгоњи хушкгардонаки офтобї барои хушк кардани бехмева ва биомассаи топинамбур тайёр карда шуд.

     2016 

     

    Лоиња: Коркард ва ба вуљуд овардани технологияњои инноватсионии истењсол, истеъмол ва сарфаи энергия дар асоси захирањои энергетикии офтобї, шамолї, биологї ва геотермалї, пешнињоди тавсияњо оид ба татбиќи амалии ин технологияњо ва тиљоратигардонии онњо. РЌД 0113TJ00320.

     

    Роњбари лоиња: академики АИ ЉТ М. Илолов

    Дар мисоли гармчашмањои Љилонди ва Хоља Обигарм мушаххасањои њароратии равандњои термалї дар муњитњои якљинса дар мавриде, ки зариби гармигузаронї аз њарорат ѓайрихаттї вобаста аст, омўхта шуданд.

    Таѓйирёбии хаттї ва сиклии љориши дарёњои сарњадгузари Тољикистон ва Осиёи Марказї барои бањодињии таъсири таѓйирёбии љањонии иќлим ва муътадилгардонии истифодаи захирањои обию энергетикї дар гидроэнергетика ва обёрї омўхта шуд.

    Усулњои нави муътадилгардонии истифодаи муштарак ва самарабахши захирањои обию энергетикии дарёњои сарњадгузари Тољикистон ва Осиёи Марказї коркард шуданд.

    Комплекси ченгирандаи худкор барои мониторинги бефосилаи њарорати њаво дар дарун ва беруни бино коркард, тайёр ва аз озмоиш гузаронида шуд.

    Барномаи компютерї барои коркарди маълумоти ченгирии њарорат ва муайян кардани селњои њароратї ва радиатсионї аз тариќи конструксияи мањдудкунанда дар рељаи ваќти воќеї коркард, тайёр ва аз озмоиш гузаронида шуд.

    Ба таври таљрибавї селњои умумии гармии аз тарќишњои модели хонаи офтобї дар фасли зимистон гузаранда муайян карда шуданд. Нишон дода шуд, ки сели гармї вобаста ба тамоюл ва кунљи шеби бом метавонад самтњои гуногун дошта бошад. Дар мавриди ќатъ гардонидани манбаъњои фаъоли гармкунї даромади умумии гармї аз тариќи шеби љанубии бом амалан ба баромади гармї тавассути шеби шимолї баробар аст. Дар ин маврид њарорати миёнаи њаво дар дохили модел рўзона зиёда аз 200С-ро то 5-6 соат ташкил медињад. Манбаъњои фаъоли гармкунї пас аз нишасти офтоб ба кор медароянд ва 18-19 соат кор мекунанд.

    Тањќиќоти таљрибавии усулњои фаъол ва нофаъоли истифодаи энергияи офтобї бо ёрии модел вашакли аслии хонаи офтобї анљом дода шуда, тавсияномањо оид ба татбиќи амалии манбаъњои фаъол ва нофаъоли энергияи офтобї тањия карда шуданд.

    Нозирак (контроллер)-и заряд ва безарядгардонии аккумулятор барои дастгоњи офтобї бо индикатсияи раќамї коркард ва сохта шуд.

    Усули муойинаи лоињањо ва биноњо барои бањодињии самаранокии энергетикии онњо дар асоси ченгирии талафоти гармї тавассути конструксияњои ињотакунанда ва муайян кардани истеъмоли солонаи энергия барои гармкунї коркард шуд.

    Тавсияномањо оид ба татбиќи дастгоњњои офтобии фотоэлектрикї ва обгармкунанда барои секторњои маишї ва коммуналии Тољикистон тањия карда шуд, ки дар он ба таври мухтасар таъйинот, таснифи василањо ва ќисмњои таркибї, параметрњои кории дастгоњњо, схемаи пайвасти сарборињо ва таљњизоти зарурї, дастур оид ба насб ва истифодадињии дастгоњњо оварда шудааст. Дар замима ба ин тавсияномањо њисоби талаботи оилаи алоњида (иборат аз 5-6 нафар) ба энергияи электрикї ва гармї оварда шудааст. Вобаста ба ин талабот њисоби параметрњои дастгоњњои офтобии фотоэлектрикї ва обгармкунанда нишон дода шудааст.

    Хосиятњои генератори термоэлектрикї дар шароитњои лабораторї ва табиї тањќиќ карда шуданд. Консентратори пирамидалї бо зариби консентратсия баробар ба 4 сохта шуда, хосиятњои он бо таъсири рўшноии фурўзонаки тафсишї њангоми (330-1000) Вт/м2 будани интенсивнокї ва (674-686) Вт/м2 будани радиатсияи офтоб тањќиќ карда шуд. Муќаррар карда шудааст, ки истифодаи консентратори пирамидалї имкон медињад тавоної дар хуруљгоњи генератори термоэлектрикї ба њисоби миёна 2 маротиба зиёд карда шавад. Зимнан тавоної дар хуруљгоњи генератори термоэлектрикї на танњо аз интенсивияти рўшноии афтанда, балки аз суръати шамол, ти њаво ва рутубат низ то дараљае вобастагї дорад.

    Дар ќитъањои таљрибавии Донишгоњи давлатии Тољикистон ва Донишгоњи аграрии Тољикистон 10 навъи намунањои топинамбур ва дар шањраки “Ховарон”-и ш. Душанбе 10 навъи намунањои коллексионии топинамбур шинонида шуданд.

    Тањќиќот оид ба људо намудани инулин ах бехмевањои топинамбур, ки дар шароити водии хисор парвариш карда шудааст, гузаронида шуд. Мањлулаи иннулиндор омода карда шуда, таъсири консентратсияи кислотаи уксус ба экстраксияи инулин омўхта шуд.

    Дар ќитъаи таљрибавии “Ховарон” пайванди вегатативии топинамбур ба офтобпараст ва офтобпараст ба топинамбур гузаронида шуд. Тухмињои офтобпарасте, ки аз пайванди офтобпараст ба топинамбур дар соли 2015 ба даст оварда шуданд, кошта шуда, хусусиятњои рушдунумуи онњо омўхта шуданд (бештар аз 280 растанї).

    Тањаввулоти назария ва методологияи низоми инноватсионї тањќиќ карда шуда, таљрибаи давлатњои пешрафтаи љањон дар соњаи рушди инноватсионї нишон дода шуд. Он аз он шањодат медињад, ки тањияи сиёсати самараноки инноватсионї бояд бо дарназардошти фањмиши њаматарафаи маќсад ва вазифањои Низоми миллии инноватсионї, њамчунин љињатњои заифу ќавии он гузаронида шавад.

     Барои тиљоратигардонии усулњои коркардшудаи фаъол ва ѓайрифаъоли истифодаи энергияи офтобї, њамчунин комплекси таљњизот барои чен ва назорат кардани талафоти гармоии биноњо марњилањо ва иштирокчиёни раванди тиљоратигардонї муайян карда шуданд. Тарз мављудаи тиљоратигардонии инноватсияњо, афзалият ва норасоињои ин тарзњо омўхта шуданд. Натиљањои тањќиќот барои шиносої ба мутахассисони ташкилотњои сохтмонї пешникарда шуданд.

    Озмоиши нозираки заряд ва безарядгардонии аккумуляторе, ки мутахассисони Марказ барои дастгоњи офтобї бо индикатсияи раќамї коркард ва сохтаанд, нишон дод, ки он параметрњои зарурии заряд ва безарядгардониро њангоми кори дастгоњи офтобии фотоэлектрикї таъмин карда метавонад. Ду модули офтобии фотоэлектрикї( 100 Вт ва 200 Вт) дар шароити табии шањри Душанбе тањќиќ карда шуданд: шиддати гашти бефоида, љараёнњои расиши кўтоњ чен ва тавоної дар давоми рўз муаян карда шуд.

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search