Матлабҳои рӯз
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Энергияи геотермалӣ ва истифодаи он дар Тоҷикистон»
1 марти соли 2024 мутахассисони муассисаи байналмилалии IFC (International Finance Corporation) профессор Андреа Москариелло ва профессор Санжеев Кумар бо ҳамроҳии кормандони JICA Азуми Садриа, ва Файзибаев Дж. ба Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ барои иштирок дар мизи мудаввар, ташриф оварданд. Дар мизи мудаввар ба тариқи онлайн олимони Ҷопон проф. Инагаки, доктор Саид Бино, профессор Султонов М. ва ғайра иштирок доштанд. Мақсади ташриф, шиносоӣ бо рафти кори муштараки олимони Марказ ва Донишгоҳи Акита таҳти лоиҳаи «Project for the Development of a Decarbonized Heat Energy Supply System using Ground Heat Source».
Сафари кории олимони Марказ
Санаи 27 феврали соли 2024 кормандони Марказ ва гурӯҳи кории телевизиони Сафина, барои ба тасвир гирифтани истгоҳи тадқиқотии фотоволтаикии Марказ, ба маҳали Бойғозӣ сафар доштанд. Мақсади сафар: нишон додани рафти кори тадқиқотӣ дар дастгоҳи шинокунандаи фотоволтаикӣ, бартариҳои он нисбат ба тарзи насби маъмулӣ, аҳамияти энергетикии он дар системаи электро-энергетикии кишвар.
Сафари хизматии мудири шуъбаи моделсозии риёзии протсесҳои динамикии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, академики АМИТ Илолов Мамадшо ба ИМА (Донишгоҳи Стенфорд, Пало-Алто, Калифорния)
Академики АМИТ, Илолов Мамадшо бо даъвати кумитаи тадорукоти Симпозиуми 49-ӯм оид ба энергияи геотермалӣ рӯзҳои 11-15 феврали соли 2024 дар сафари хизматӣ дар ИМА (Донишгоҳи Стенфорд, Пало-Алто, Калифорния) қарор дошт. Рӯзи 13.02.2024 дар иҷлосияи 7 (В) таҳти унвони «Моделсозӣ» ба сифати раисикунанда иҷрои вазифа намуда, рӯзи 14.02.2024 дар иҷлосияи 12 (А) «Моделсозӣ» бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «On the Inverse Problems of Geothermics» («Дар бораи масъалаҳои баръакси геотермия») суханронӣ намуд.
Шанбегӣ дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ
Имрӯз (17.02.2024) дар асоси дастури Раёсати АМИТ кормандони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ ба корҳои ободонӣ машғул буданд.
Семинари омузишӣ оид ба Рушди шабакаи миллии марказхои дастгирии технологӣ ва инноватсионӣ дар Точикистон
Имрӯз (15.02.2024) кормандони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ дар Семинари омузишӣ оид ба «Рушди шабакаи миллии марказҳои дастгирии технологӣ ва инноватсионӣ дар Точикистон» иштирок намуданд. Семинари мазкур аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Чорабиниҳои илмӣ
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Энергияи геотермалӣ ва истифодаи он дар Тоҷикистон»
1 марти соли 2024 мутахассисони муассисаи байналмилалии IFC (International Finance…
Сафари кории олимони Марказ
Санаи 27 феврали соли 2024 кормандони Марказ ва гурӯҳи кории…
Сафари хизматии мудири шуъбаи моделсозии риёзии протсесҳои динамикии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав, академики АМИТ Илолов Мамадшо ба ИМА (Донишгоҳи Стенфорд, Пало-Алто, Калифорния)
Академики АМИТ, Илолов Мамадшо бо даъвати кумитаи тадорукоти Симпозиуми 49-ӯм…
Шанбегӣ дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ
Имрӯз (17.02.2024) дар асоси дастури Раёсати АМИТ кормандони Маркази рушди…