Мудири шуъба н.и.т., д.и.и. Зубайдов Саидаҳмад (аз соли 2023)

    Самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи рушди инноватсионии илми Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз инҳо иборатанд: 

     

    - Коркард ва таҳияи системаҳо ва дастгоҳҳои инноватсионии иттилоотӣ барои истифодаи фаъол ва ғайрифаъоли энергияи офтоб бо унсурҳои худтанзимкунии интеллектуалӣ, идоракунии фосилавӣ тавассути Интернет ва алоқаи мобилӣ барои равшанӣ, гармӣ, хунуккунӣ, вентилятсияи биноҳои истиқоматӣ, таълимӣ, маъмурӣ ва истеҳсолӣ.

    - Мониторинги минтақаи экологии «Ҳакими»-и н.Шаҳринав оид ба танзим ва ба кор андохтани системаи автономии фотоэлектрии офтобӣ бо иқтидори муқарраршуда 5 кВт-10 кВт бо нерӯи барқ таъмин намудани насосҳои оби офтобӣ ва истеъмолкунандагони пайвастнашуда ё ба шабакаи ноустувори барқ пайваст намудан.

     

    Корҳои илмӣ-таҳқиқотии мудир ва кормандони шуъбаи рушди инноватсионии илми Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ барои соли 2024.

    1. Таҳия ва коркарди системаҳо ва дастгоҳҳои гибридӣ ва инноватсионии истифодаи фаъол ва ғайрифаъоли энергияи офтоб барои равшанӣ, гармӣ ва хунуккунӣ.
    2. Мониторинги минтақаи экологии «Ҳакими»-и ноҳияи Шарина оид ба танзим ва ба кор андохтани системаи автономии фотоэлектрии офтобӣ.          3.      Коркарди модели таъмини ҷараёни электрикӣ тавассути панелҳои офтобӣ барои деҳот бо истифода аз технологияи «алоқамандии дуҷониба» дар шароити н.Ёвон.       
    3. Дастгирӣ ва таҳияи пешниҳодот дар соҳаи истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ;
    4. Иштирок дар корарди маҳсулоти самти энергетикаи алтернативӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Точикистон;

     

    1. Чопи мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои тақризшаванда ва иштирок дар конференсияҳо.

     

    Лоиҳаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ 

     

    1. Системаҳои инноватсионии иттилоотӣ, дастгоҳҳои истифодаи фаъол ва ғайрифаъоли энергияи офтоб пешниҳод карда мешаванд.
    2. Мониторинги минтақаи экологии Ҳакимӣ барои васл ва ба кор андохтани системаи автономии фотоэлектрикҳои офтобӣ гузаронида мешавад.
    3. Системаҳои иннова-тсионии иттилоотӣ, дастгоҳҳои истифодаи энергияиофтоб пешниҳод карда мешаванд.
    1. Мониторинги минтақаи экологии Ҳакимӣ гузаронида мешавад.
    2. Коркарди модели таъмини ҷараёни электрикӣ тавассути панелҳои офтобӣ

           барои деҳот гузаронида мешавад.

     

    Дастовардҳои ояндаи илмӣ

     1). Модели таҷрибавии модернизатсияшудаи «Хонаи офтобӣ».  Коммплекси таъмини нерӯи барқ, обтаъминкунӣ, аз чоҳ бо ёрии насоси офтобӣ кашидани об, обгармкунаки офтобӣ барои таъмини хона ва батареяҳои он бо оби гарм пешниҳод карда мешавад. Омӯзиши мунтазами таъсири шароит ба кори панелҳои офтобии иқтидори 100 ва 200 Вт дар болопӯши хона аз панелҳои офтобие,ки дар Марказ коркад карда шудааст, истифода хоҳад шуд. Дар шароити табиӣ ба самаранокии панелҳои офтобӣ аз омилҳо, аз ҷумла шиддати нури офтоб, дарозии рӯзҳои соф, шароити обу ҳаво ва боришот таъсир мерасонад.  

    Хусусияти навоваронаи ин Модели таҷрибавии модернизатсияшудаи «Хонаи офтобӣ»  дар он аст, ки истифода аз панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ таъмини нерӯи барқ, обтаъминкунӣ аз чоҳ, обгарм барои таъмини хона ва батареяҳои он  пешниҳод карда мешавад.

    Ҳамин тавр, аҳолии кишвар истифода аз ин модел метавонанд қувваи барқ, об, обигарм ва хонаро ба гарми бе сарфи маблағи иловагӣ таъмин намоянд.

     

     

    Публикации и изобретения

    Рабочий график

    Центр инновационного развития науки и новых технологий НАНТ

    • Понедельник – Пятница 8.00 - 17.00 

    • Суббота: выходной

    • Воскресенье: Выходной

    Контакты

    Адрес: г. Душанбе, пр. Рудаки 33, третий этаж, новое здание НАНТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Центр инновационного развития науки и новых технологий.

    Search