Қодиров Анвар Саидқулович

    Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусравро соли 2006 бо ихтисоси кимиё-экология хатм намуд. Номзади илмҳои техникӣ.

           Моҳи ноябри соли 2006 ба аспирантураи шуъбаи рӯзонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2009 бо ихтисоси 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ ва гидрохимия хатм намуд.

            Рисолаи номзади илмро дар мавзӯи “Ташаккул ва динамикаи рељаи гидрологии ҳавзаи дарёи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳимоя намуд (20.05.2016 с.).

            Дар мамлакатҳои зерин, яъне Индия (2009 с.), Австрия (2012 – 2013 с.), Хитой (2010 с., 2012 с., 2015 с.), Қазоқистон (2012 с., 2105 с.), Узбекистон (2011 с.), ИМА (2016 с.) таљрибаомӯзӣ гузашт.

    Аз соли 2009   дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ ба ҳайси лаборант фаъолият дошт.

    Аз соли 2010 – 2013 ходими илмӣ.

    Аз соли 2013 – 2018 ходими калони илмӣ.

    Аз соли 2018 – 15.08 2019 Мудири лабораторияи «Экология ва

    рушди устувор» Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ.

    Соҳаи манфиатҳои илмӣ: идоракунии маљмаавии захираҳои обӣ, гидрологияи хушкӣ, тағйирёбии иқлим ва рущди устувор.

    2 монография ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ба чоп расиданд.

    Иштирокчии рӯйдодҳои илмӣ ва озмунҳое, ки бо дастгирии  барномаҳои ITEC (2009 с.), UNESCO (2010 с.), UNDP (2012 с.), IAEA (2012 с.), WMO-CAS (2013 с.), START-CAS (2014 с.), WBG (2015 с.) мебошад.

    Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи энергетикии Москва (филиал дар Душанбе) ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст. 

    Мушовири маҳалии лоиҳаҳои «TEMPUS-PERSEUS» (2009-2011 с.) ва IAEA «TAD – 7001» (2012 – 2014 с.), менеҷери лоиҳаи AASSA (2012 с.)  бо сарпарастии «AASSA – ASRT».

    Дорандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тољикистон (2009 с.); ғолиби мусобиқаи «Лоиҳаҳои инноватсионӣ» -и Вазорати маориф ва илми ҶТ (2014 с.).

    Аз соли 2011 то имрӯз аъзои ҳайати таҳририяи «Вестник ТГУК» ва аз соли 2015 узви маљалаи Байналмилалии «Геодезия ва муҳандисии геоматематикӣ» (ISSN 2332-8223, USA).

    Бо забонҳои  руссӣ ва англисӣ озодона сухан меронад.

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search