Print

 

           Дар шароити таѓирёбии глобалии иќлими сайёра олимони Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон тасмим гирифтаанд, ки минбаъд бањри таќвият бахшидани љараёни мутобиќшавї ба таѓирёбии иќлим бештар ба минтаќаи кўњистони мамлакат ру оварда, тадќиќотњои илмиро дар ин љо васеътар намоянд.

      Дар асоси Раёсати Президиуми Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон мо як гурўњ олимони Академияи илмњо ба Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон бањри гузаронидани кишти тухмињои гуногуни зироатњои кишоварзї аз 19 май то 2 июни соли 2016) дар сафари хизматї будем. Дар ин сафар инчунин панљ нафар олимони Институти биологии Помир ба номи Худоёр Юсуфбеков њамроњи мо буданд.     Маќсади асосии ин сафар ва тадќиќотњои нави олимон аз он иборат буд, ки мањсулнокии растанињои гуногун дар шароити баландии бештар аз 2000 м. аз сатњи бањр ва пайдо намудани нуќтаи баландтарини афзоиши зироатњо барои ба даст овардани маводи ѓизои одамону њайвонот дар шароити баландкўњи кишвар омўхта шавад. Чунки, мувофиќи маълумотњои мављуда, дар сурати баланд гаштани њарорати њавои сайёра, алалхусус дар минтаќањои водигї, омўзиши ќобилияти сабзиши растанињои гуногун дар минтаќањои баландкўњ, ки нисбатан муњити салќинро доранд (аз 2000 м аз сатњи бањр баланд) ањамияти илмї ва амалиро дорост. Аз ин лињоз, дар оянда омўзиши мањсулнокии набототу њайвонот дар минтаќањои кўњии кишварамон бояд дурнамои муассисањои илмии соњавї бошад.

 

         Бо ин маќсад, олимони Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон тухмињои бештар аз 70 навъњои зироатњои кишоварзиро дар стансияњои илмии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон: «Љечектї»-и ноњияи Мурѓоб (дар баландии 3860 м. аз сатњи бањр), «Љелондї»-и ноњияи Шуѓнон (дар баландии 3600 м. аз сатњи бањр), инчунин дар стансияи илмии Бунёди Оѓохони Афѓонистон дар дењаи «Ганљобод»-и ноњияи Ишкошими Афѓонистон (дар баландии 2600 м. аз сатњи бањр) дар дењаи «Шуѓнони»- ноњияи Ишкошими Афѓонистон (дар баландии 2300 м.аз сатњи бањр), инчунин дар дењањои «Мдехарв» ва «Љангали зуго»-и ноњияи Ванљ (мутаносибан дар баландињои 2100 ва 2000 м. аз сатњи бањр) зироатњо, аз ќабили ѓалладонагињо, лубиёгињо, сабзавотињо, растанињои равѓандор ва зироатњои хўроки чорво кишт карда шуданд. Дар стансияи илмии «Љечектї»-и ноњияи Мурѓоб бошад инчунин бештар аз 100 дона ќалмчањои беди мањалї низ шинонида шуданд.

         Бояд ёдовар гашт, ки иќлими баландкўњи дењаи «Љечектї»-и ноњияи Мурѓоб, ки дар баландии бештар аз 3800 м. аз сатњи бањр љойгир шудааст, хело њам таѓирпазир буда, њатто дар муддати ду-се соат чанд маротиба таѓир ёфт. Аз љумла рўзи 25-и май ќариб њамаи тухмињои зироатњоро дар ќитъаи тадќиќотї шинонидем ва рўзи 26-и май бошад дар он љо ќариб 10 см барф борид.егузарад аз љињати илмию амалї хело муњим мебошад.

         Маќсади асосии дар ин минтаќањои кўњї кишт намудан навъњои зиёди зироатњо аз он иборат буд, ки дар минтаќањои баландкўњи њолати нашъу намо, сабзиш ва њосилнокии растанињо дар шароитњои гуногуни иќлимомўхта шуда, дар оянда доир ба мутобиќии ин зироатњо дар шароити таѓирёбии глобалии иќлим дар минтаќањои баландкўњи Тољикистону Афѓонистон хулосањо ва тавсияномањои илман асоснок тањия гардад. Ин имконият медињад, ки заминњои минтаќањои кўњистон ва ташкил намудани базаи боэътимоди хўроки чорво, алахусус барои ќутосњо дар ин минтаќањо маќсаднок истифода бурда шаванд.

         Азбаски ваќтњои охир растании асосии хўроки ќутосњо терескен аз тарафи мардуми мањал бо шиддати баланд мањв гашта истодааст (онро барои сўзишворї истифода мебаранд), ин зарурияти љўстуљу намудани дигар манбаъњои нави хўроки ин зоти чорвои кўњистонро пеш овардааст. Аз ин лињоз тадќиќотњои мазкур ањамияти илмию амалї дошта, дар оянда бањри таъмини бехатарии озўќаворї дар кишварамон равона гаштаанд.

         Дар бозгашт аз сафар мо аз минтаќањои гуногуни кўњистон хок, обсабзњо, тухмињои гуногуни растанињои табобатї, як чанд намунањои растанињои нодир њамчун маводњои гербарї ва инчунин сангчањои хурди мањали кўњистон ба шањри Душанбе овардем, ки онњо дар оянда аз тарафи олимони Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон омўхта хоњанд шуд.

 

Ќурбоналї ПАРТОЕВ – ходими пешбари илмии

Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияњои нави  

АИ Љумњурии Тољикистон, доктор илмњои кишоварзї