Бо ќарори Раёсати Академияи

     илмњои Љумњурии Тољикистон

     аз «30»_январи_с. 2012

     № 08  тасдиќ шудааст

      

    ОИННОМАИ

    Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноват-

    сионии илм ва технологияњои нав»-и Академияи

     илмњои Љумњурии Тољикистон

    Душанбе -2012

     

    I.Муќаррароти умумї

     

    1. Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияњои нав»-и Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон (минбаъд – Марказ) бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 августи соли 2011, №394 ва ќарори Раёсати Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон аз 26 декабри соли 2011, №140 таъсис дода шудааст.

    2. Марказ воњиди сохтории Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон (минбаъд – АИ ЉТ) мебошад.

    3. Роњбарии илмию методии фаъолияти Марказро Шўъбањои АИ ЉТ  амалї менамоянд.

    4. Марказ ташкилоти илмии зертобеъи АИ ЉТ – муассисаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон мебошад.

    5. Маблаѓгузории Марказро АИ ЉТ тибќи наќшаи тасдиќшудаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон оид ба маблаѓгузории буљетї амалї менамояд.

    6. Марказ суратњисоб ва њисобњо, аз љумла њисоби арзї (валютї), тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мўњр бо тасвири Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон ва ифодаи номи пурраи худро бо забони давлатї (забони тољикї), штамп, бланк ва реквизитњои дигари шахси њуќуќиро, ки бо тартиби муќарраргардида тасдиќ ва ба ќайд гирифта шудаанд, соњиб аст.

    7. Марказ дар фаъолияти худ ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Оинномаи АИ ЉТ, ќарорњои Маљлиси умумии АИ ЉТ, ќарорњо ва амрњои Раёсати АИ ЉТ ва Оинномаи мазкурро ба роњбарї мегирад.

    8. Марказ амволи давлатиеро, ки АИ ЉТ ба он вобаста кардааст ва барои идора супурдааст, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Оинномаи АИ ЉТ ва Оинномаи Марказ соњибї мекунад, истифода ва ихтиёрдорї менамояд.

    9. Марказ њуќуќ дорад аз номи худ шартномаву созишномањо бандад, њуќуќњои  амволї ва шахсии ѓайриамволиро ба даст оварад ва истифода намояд, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон даъвогар ва љавобгўй дар суд бошад.

    10. Марказ масъулияти муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро барои натиљањои фаъолияти молиявии худ ва иљрои ўњдадорињо дар назди  молики амволи давлатї, буљет, шахсони дигари њуќуќї ва воќеї бар дўш дорад.

    11. Марказ аз рўйи ўњдадорињои худ ба маблаѓњои пулї ва амволе, ки аз њисоби маблаѓњои аз фаъолияти Марказ бадастомада соњиб гардидааст, љавобгўй мебошад.

    12. Дар доираи ваколатњои Раёсати АИ ЉТ Марказ тањќиќоти байнифаннии муассисањои илмии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистонро њамоњанг месозад.

    13. Мансубияти њуќуќ ба объектњои моликияти аќлонї ва натиљањои дигари фаъолияти илмию техникие, ки Марказ аз њисоби маблаѓњои буљети давлатї ба даст овардааст, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

    14. Номи пурраи Марказ бо забони давлатї (забони тољикї)-Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм  ва технологияњои нав»-и Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, бо забони русї – Государственное  научное учреждение «Центр инновационного развития науки и новых технологий» Академии наук Республики Таджикистан, бо забони англисї - State Scientific Institution “Center of Innovation Development of Science and New Technologies” of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan мебошад. Номи мухтасари Марказ бо забони давлатї – МРИИТН АИ ЉТ, бо забони русї – ЦИРНТ АН РТ,  бо забони англисї - CIDS NT AS RT аст.

    15. Макон ва нишонии Марказ: 734063, Љумњурии Тољикистон, ш.Душанбе, кўчаи Айнї, 299/3.

     

    II.Маќсадњо, самтњои фаъолият ва

    вазифањои асосии Марказ

     

    16. Маќсади асосии Марказ ташкил ва гузаронидани тањќиќоти илмї, њамчунин корњои амалї дар соња тањия ва амалисозии лоињањои инноватсионї ва технологияњои наве мебошад, ки барои рушди мамлакат ањамияти муњим доранд.

    17. Вазифањои асосии Марказ инњоанд:

    -гузаронидан ва њамоњанг сохтани тањќиќоти илмї оид ба самтњои афзалиятноки бунёдї ва амалии илм њамчун асос барои рушди фаъолияти инноватсионї;

    -тањия ва амалисозии лоињањои инноватсионї, ки барои рушди мамлакат ањамияти муњим доранд;

    -њавасмандгардонии фаъолияти илмию техникї ва инноватсионї;

    -мусоидат ба њамкории илмию техникии байналмилалї дар соњаи инноватсияњо;

    -тањкими алоќањои байни илм ва маориф, иштирок дар фаъолияти тањсилотї ва тайёр кардани кадрњои баландихтисоси илмї ва илмию омўзгорї, иштирок дар фаъолияти нашрї ва илмию маърифатї;

    -њамоњангсозии њамкорињои ташкилотњои академї бо муассисањои илмию тањкиќотии соњавї ва  муассисањои тањсилоти олї дар соњаи инноватсияњо;

    -тањкими алоќањои байни илм ва истењсолот ба маќсади амалисозии коркардњои илмию техникї ва лоињањои инноватсионї ва тиљоратигардонии натиљањои фаъолияти илмию техникї;

    -тањияи барномањо ва таълифи воситањои таълимї оид ба технологияњои иттилоотиву иртиботї;

    -коркард, ба вуљуд овардан ва татбиќи технологияњои иттилоотиву иртиботї, истифода ва рушди самтњои нави забоншиносии компютерї барои омўзиши забони тољикї ва васеъ намудани имконияти татбиќи амалии онњо.

    18. Барои иљрои вазифањои гузошташуда Марказ корњои зеринро анљом медињад:

    -лоињањои илмию тањќиќотиро аз рўйи соњаи фаъолияти худ тањия намуда, онро барои ворид намудан ба рўйхати лоињаву барномањои аз буљети давлатї маблаѓгузоришаванда ба Шўрои њамоњангсозии корњои илмию тањќиќотии Љумњурии Тољикистон пешнињод мекунад;

    -тањќиќоти бунёдї ва амалиро мегузаронад, коркардњои илмию техникї ва барномањои  инноватсиониро њамоњанг месозад;

    -бо тартиби муќарраргардида иљрои ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Раёсати Академияи илмњои Љумњурии Тољикистонро оид ба масъалањои илм ва фаъолияти илмию техникї ва инноватсионї ташкил менамояд;

    -корњои ташкилии алоќаманд ба фаъолияти Марказро иљро менамояд;

    -ба татбиќи  амалии натиљањои корњои илмию тањќиќотии ба анљом расида мусоидат менамояд;

    -масъалањо ва пешнињодњои мансуб ба  фаъолияти Марказро омода намуда, онро бо тартиби муќарраргардида барои баррасї ба Раёсати АИ ЉТ мебарорад;

    -дар тањияи лоињањои асноди меъёрї оид ба масъалањои мансуб ба салоњияти Марказ иштирок мекунад;

    -роњбарии фаъолияти нашрии ба фаъолияти Марказ мансуббударо амалї менамояд;

    -масъалањо оид ба таѓйироти тахассуси воњидњои илмии Марказ ва самтњои корњои онњоро баррасї ва њал намуда, оид ба ташкили воњидњои нав, таљдид ё барњамдињии воњидњои мављуда пешнињод ворид месозад;

    -фаъолияти шўрои илмї, комиссияњо ва љамъиятњоеро, ки дар назди Марказ ташкил шудаанд, роњбарї менамояд, дар зарурат шўрову комиссия ва љамъиятњои нав ташкил дода, шўрову комиссия бо љамъиятњои мављударо барњам медињад;

    -барои гузаронидани анљуманњои байналмилалї ва љумњуриявї, конференсияњо ва машваратњо, ташкили намошгоњњо, мактабњо барои олимони љавон, озмунњои лоињањои инноватсионї ва технологияњои нав пешнињод медињад;

    -бо тартиби муќарраргардида дархостњоро ба мутахассисони љавон барои Марказ ба Раёсати АИ ЉТ пешнињод менамояд;

    -тайёр кардани кадрњои илмиро тавассути аспирантура, докторантура, коромўзї ба роњ монда, корњоеро оид ба баланд бардоштани тахассуси кормандони илмї пеш мебарад;

    -номањо, пешнињодњо, дархосту шикоятњои шањвандонро, ки ба АИ ЉТ оид ба масъалањои мансуб ба салоњияти Марказ ворид шудаанд, баррасї намуда, ба онњо љавоб ва хулосањои дахлдор медињад.

    19. Дар баробари фаъолияти асосии илмї, ки бо тартиби муќарраргардида аз маблаѓњои буљети давлатї маблаѓгузорї мешавад, Марказ барои њалли масъалањои дар ин Оиннома пешбинигардида, њуќуќ дорад, ки тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон фаъолияти зерини даромадоварандаро амалї намояд:

    -иљрои корњои илмию тањќиќотї ва таљрибавию конструкторї, аз љумла бо ташкилотњои хориљї дар асоси шартномањои басташуда;

    -коркард, истењсол ва фурўши мањсулот (корњо, хизматрасонињо), аз љумла намуна , дастгоњ ва асбобњои таљрибавї;

    -гузаронидани тањќиќоти илмї ва коркардњо дар шароите, ки грантдињанда пешбинї намудааст;

    -тањияи маводи илмии тањлилии дурнамо, гузаронидани экспертизањои илмї, озмоишњои системањои техникї;

    -хизматрасонињои иттилоотиву тањлилї, муњандисиву машваратї;

    -интиќоли маълумот, татбиќи системањои иттилоотї ва таъминоти барномавї;

    -гузаронидани чорабинињои илмию ташкилї (анљуманњо, конференсияњо, симпозиумњо, намоишгоњњо , озмунњо ва ѓайра);

    -нашр ва пањн кардани мањсулоти чопї оид ба натиљањои фаъолияти илмии Марказ, њамчунин маводи илмию методї, тавсияњои методї, монографияњо, маљмўи корњои илмї.

    20. Зимни амалї намудани фаъолияти худ Марказ иљрои ўњдадорињоро оид ба њифзи  сирри давлатї, хизмат ва тиљоратие, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст,  таъмин менамояд.

    21. Намудњои фаъолиятеро, ки ба иљозатдињї (литсензиядињї) ва сертификатдињї мансуб аст, Марказ дар сурати мављуд будани иљозат ё сертификати дахлдор амалї менамояд.

     

    III. Сохтори Марказ

     

    22. Марказ дастгоњи идора дорад, ки он тибќи Оинномаи АИ ЉТ ва Оинномаи мазкур ташкил ва амал мекунад.

    Сохтор, миќдори кормандон ва буљети Марказро Раёсати АИ ЉТ муайян мекунад.

    23. Ба сохтори Марказ шўъбањои илмию тањќиќотї, озмоишгоњњо, корхона ва пойгоњњои  таљрибавї дохил мешаванд.

     

    IV. Идоракунии Марказ

     

    24. Сарварии Марказро директор ба зимма дорад, ки ўро Раёсати АИ ЉТ ба мўњлати 5 сол таъйин мекунад.

    Директори Марказ:

    -кори Марказ ва шўрои олимони онро ташкил ва роњнамої менамояд, вазифањоро байни аъзои шўрои олимон таќсим мекунад;

    -иљрои корњои илмию тањќиќотї ва таљрибавию конструктории Марказ, супориш ва ќарорњои Раёсати АИ ЉТ-ро ташкил ва назорат мекунад;

    -дар љаласањои Раёсати АИ ЉТ оид ба масъалањои мансуб ба фаъолияти Марказ гузоришдињанда мебошад;

    -оид ба масъалањои дигари мансуб ба фаъолияти Марказ ќарор ќабул менамояд.

    25. Директори Марказ ба фаъолияти он дар назди Раёсати АИ ЉТ  масъулият дорад.

    Раёсати АИ ЉТ  њуќуќ дорад директори Марказро аз вазифа озод намояд, агар ў аз ўњдаи иљрои вазифањояш баромада натавонад.

    Раёсати АИ ЉТ њуќуќ дорад њамон як шахсро ба муддати такрорї ба вазифаи директори Марказ таъйин намояд.

     

    V. Муовини директори Марказ оид

     ба корњои илмї

     

    26. Муовини директори Марказ оид ба корњои илмиро Раёсати АИ ЉТ бо пешнињоди директори Марказ ба мўњлати 5 сол таъйин мекунад.

    27. Муовини директор барои ташкил  кардани кори Марказ тибќи таќсимоти муќарраршудаи вазифањо, иљрои наќшањои корњои илмию тањќиќотї ва таљрибавию конструкторї масъулият дорад.

    28. Муовини директори Марказ оид ба кори илмї дар мавриди њузур надоштани директор вазифаи ўро иљро мекунад.

    Раёсати АИ ЉТ њуќуќ дорад, ки муовини директор оид ба корњои илмиро бо пешнињоди директори Марказ аз вазифа озод намояд, агар ў аз уњдаи вазифа ба зиммадоштааш набарояд.

     

    VI. Котиби илмии Марказ

     

    29 Котиби илмии Марказро Раёсати АИ ЉТ бо пешнињоди директори Марказ ба мўњлати 5 сол таъйин менамояд.

    30. Котиби илмии Марказ:

    -ќарорњои шўрои олимони Марказ ва маќомоти болоиро иљро ва назорат менамояд;

    -омода ва иљрои ќарорњои шўрои олимонро оид ба наќшагирї ва њамоњангсозии корњои илмию тањкиќотї, истифодаи натиљањои тањќиќоти анљомёфта, њамкорињои байналмилалї ва фаъолияти нашр таъмин менамояд;

    -омодагии ташкилию техникии љаласањои шўрои олимонро амалї мекунад.

    -Раёсати АИ ЉТ њуќуќ дорад бо пешнињоди директори Марказ котиби илмии Марказро аз вазифа озод намояд, агар ў аз уњдаи вазифаи ба зиммадоштааш набарояд.

     

     

     

     

     

    VII. Шўрои олимони Марказ

     

    31. Шўрои олимони Марказ маќоми машваратї дар назди директори Марказ мебошад.

    32. Таркиби миќдорї, сохтори шўро ва санаи гузаронидани маљлиси умумии кормандони Марказ барои интихоби шўро дар мувофиќа бо Раёсати АИ ЉТ муайян карда мешавад.

    33. Аъзои шўрои олимон, ѓайр аз шахсони вазифадор (директор, муовини директор оид ба кори илмї, котиби илмии Марказ, њамчунин аъзои АИ ЉТ аз рўйи ихтисос ва намояндаи Кумитаи иттифоќи касабаи институт ва шўрои олимони љавон) дар маљлиси умумии коллективи илмии Марказ бо роњи овоздињии пинњонї интихоб карда мешаванд. Шахсоне интихобшуда њисобида мешаванд, ки ба онњо на камтар аз нисфи иштирокдорон овоз дода бошанд.

    34. Њайати шахсии шўрои олимони Марказро  ба мўњлати 5 сол Раёсати АИ ЉТ тасдиќ менамояд ва ин њайат ваколати худро то иваз шудани директор ва таъйин шудани директори нав аз тарафи Раёсати АИ ЉТ нигоњ медорад.

    35. Таѓйирот дар њайати шўрои олимони Марказро бо пешнињоди директор Раёсати АИ ЉТ тасдиќ менамояд.

    36. Раиси шўрои олимон-директори Марказ, муовини раис-муовини директори Марказ оид ба кори илмї, котиби илмии шўро – котиби илмии Марказ мебошанд.

    Шўрои олимони Марказ:

    -самтњои асосии фаъолияти илмии Марказро муњокима мекунад;

    -лоињањои наќшањои корњои илмию тањќиќотї ва таљрибавию конструкторї, тайёр кардани кадрњои илмї, амалишавии натиљањои тањќиќоти илмї, машварат ва конференсияњоро баррасї мекунад;

    -њисоботњоро оид ба натиљањои фаъолияти илмї ва илмию ташкилии Марказ баррасї менамояд;

    -масъалањои муњими илмї, гузоришњои илмиро муњокима мекунад;

    -наќшањои омодагии тањрирї ва нашри корњои илмии Марказро баррасї мекунад, корњои илмии кормандони Марказро ба нашр тавсия медињад;

    -њисоботњоро оид ба кори мудирони воњидњои илмию тањќиќотї, роњбарон, гурўњњои тањќиќотї ва кормандони илмии алоњидаро баррасї менамояд;

    -масъалањои самаранокии њамкорињои байналмилалии Марказ ва њисоботњои кормандонро оид ба сафарњои илмиашон ба хориља муњокима мекунад;

    -корњои илмї, кашф ва ихтирооти илмиро барои додани љоизањои байналмилалї ва љумњуриявї пешнињод мекунад;

    -олимони Марказро барои додани унвонњои фахрї пешбарї мекунад;

    -номзадњоро ба аъзои њаќиќї (академикї) ва аъзои вобастаи АИ ЉТ пешбарї мекунад;

    -оид ба озмунњо барои ишѓол намудани вазифањои  холии воњидњои илмию тањќиќотї, сарходимњо ва ходимони пешбари илмї, ходимони хурд ва калони илмї  ќарор ќабул менамояд.

     

    VIII. Амвол ва воситањои молиявии Марказ

     

    37. Ба таркиби амволи Марказ бинову иншоот, таљњизот, асбобњо, воситањои наќлиёт, воситањои алоќа, шабакањои компютерї ва амволи дигар, ки барои фаъолият ва рушди Марказ заруранд, дохил мешаванд.

    38. Амволи Марказ моликияти давлатї буда, ба ў барои идоракунии Марказ мансуб аст ва ба тавозуни мустаќили ў ворид карда мешавад. Марказ дар доираи тартиби муќарраркардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, Оинномаи АИ ЉТ амволи ба ў барои идоракунии Марказ мансуббударо соњибї, истифода ва ихтиёрдорї менамояд.

    39. Даромадњои Марказ, ки аз њисоби фаъолияти дар ин Оиннома нишондодашуда ба даст меоянд, дар ихтиёри мустаќили Марказ ќарор дошта, барои дарёфти маќсаду њалли вазифањои пешбиникардаи Оинномаи  Марказ бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истифода карда мешаванд.

    40 Амволе, ки дар шакли хадяву тўњфа ба Марказ ворид шудааст, аз тарафи Марказ тибќи ќонунгузории Љумхурии Тољикистон вобаста ба он маќсад ва вазифањои Марказ, ки дар Оинномаи мазкур пешбинї гардидааст, истифода бурда мешавад.

    41. Марказ њуќуќ дорад, ки амволи давлатии дар ихтиёрдоштаро, ки муваќќатан дар истифода намебошад, аз љумла амволи ѓайриманќулро дар асоси ќарори Раёсати АИ ЉТ, ки бо маќомоти давлатї оид ба идора ва ихтиёрдории амволи давлатї мувофиќа шудааст, бе њуќуќи харидорї намудан ба иљора дињад.

    42. Њуќуќњои истифодаи ќитъањои замине, ки ба Марказ дода шудааст, тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба истифодаи замин танзим карда мешавад.

     

    IX. Маблаѓњои молиявии Марказ

     

    43. Маблаѓњои молиявии Марказ аз манбаъњои зерин ташаккул меёбанд:

    -маблаѓњои буљети давлатї, ки ба Марказ бо тартиби муќаррарнамудаи Раёсати АИ ЉТ људо шудаанд;

    -маблаѓњое, ки ба сифати маблаѓгузории маќсадноки тањќиќот барои иљрои барномањои давлатии Љумњурии Тољикистон ворид мешаванд, њамчунин маблаѓњои хазинањои давлатии  илмї, маблаѓњо аз рўйи грантњо ва ќарзњои ташкилот ва хазинањои байналмилалї ва ѓайритиљоратии хориљї, лоињањои илмии озмунї, мавзўот ва коркардњои илмї;

    -њадяњои ихтиёрї ва аъзоњаќќињои маќсадноки шахсони воќеї ва њуќуќї, аз љумла шањрвандони хориљї ва (ё) шахсони њуќуќии хориљї, ки тибќи шартномањои басташуда ба даст омадаанд, агар ин хилофи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон набошад;

    -маблаѓњое, ки аз иљорагирандагон љињати пардохти харољот барои истифодабарї хизматрасонињои коммуналї ва хољагидории маъмурї ворид шудаанд;

    -маблаѓњое, ки ба намуди дивидентњо аз ќоѓазњои ќиматноки пештар бадастовардашуда, њамчунин даромадњо аз фурўши онњо ворид шудаанд.

     

    Х. Бањисобгирї ва њисоботдињї

     

    44. Марказ бо тартиби муќаррарнамудаи Раёсати АИ ЉТ њар сол ба Раёсати АИ ЉТ оид ба фаъолияти илмию ташкилї ва молиявию хољагидории  Марказ њисобот пешнињод менамояд.

    45. Марказ бањисобгирии муњосибиро ба роњ монда, бо тартиб ва мўњлатњои муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њисоботи муњосибї, андозї, оморї ва ѓайра тартиб медињад ва пешнињод менамояд.

    46.Марказ риояи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро оид ба ташкили коргузорї, тартибдињї, иљрокунї ва нигањдории њуљљатњои хизматї таъмин менамояд.

    47. Санљиши комплексї ва маќсадноки фаъолияти Марказро маќомоти дахлдори АИ ЉТ, маќомоти андоз ва маќомоти дигари давлатї дар доираи салоњияташон амалї менамоянд.

     

    ХI. Таљдид ва барњамдињии Марказ

     

    48. Муттањидкунї, њамроњкунї, таќсимкунї, људокунї ва табдилдињии воњидњои Марказро танњо дар асоси ќарори Раёсати АИ ЉТ амалї намудан мумкин аст.

    49. Барњамдињї ва таљдиди Марказ ба тартиби  пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.

    50. Њангоми барњамдињї ва таљдиди Марказ ба кормандони аз кор озодкардашуда риояи њуќуќ ва манфиатњои онњо тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон кафолат дода мешавад.

    51. Њангоми таљдид ва барњамдињии Марказ њамаи њуљљатњо (идоракунї, молиявию хољагидорї, оид ба њайати шахсї ва ѓайра) тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба бойгонї супурда мешаванд.

     

    ХII. Тартиби ќабул ва ворид намудани таѓйирот

     ба Оинномаи Марказ

     

    52. Оинномаи Марказ бо ќарори Раёсати АИ ЉТ тасдиќ карда мешавад.

    53. Таѓйирот ба Оиннома дар асоси ќарори Раёсати АИ ЉТ ворид карда мешавад.

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search